Бонувони волейболбоз барои дарёфти Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе рақобат мекунанд

Август 16, 2018 08:30

ДУШАНБЕ, 16.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 август то 8 сентябри соли 2018  байни бонувони вазорату идора, кумитаву муассиса ва ташкилоту сохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои дарёфти Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейбол баргузор мегардад.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, мусобиқаи мазкур дар Муассисаи давлатии  «Мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии №5 оид ба бозиҳои варзишӣ» ҷараён мегирад.  Дар  ин мусобиқа  22 даста дар 4 гурӯҳ байни худ рақобат менамоянд.

Ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқа Ҷом, диплом, туҳфаҳои моливу пулӣ ва хотиравии Раиси шаҳри Душанбе тақдим мегардад.

Мусобиқа бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Муассисаи давлатии «Раёсати кор бо мактабҳо ва иншооти варзишии шаҳри Душанбе» баргузор мегардад.  

 

Август 16, 2018 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейбол байни занону духтарон ҷамъбаст шуд
Дар Душанбе Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Озмуни ноҳиявии «Кадбонуи беҳтарин» баргузор гардид
«МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ». Дар Душанбе Рӯзи модарро ботантана таҷлил намуданд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Маросими қадршиносии беҳтаринҳо дар соҳаҳои кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе баргузор гардид
МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ. Дар ноҳияи Шоҳмансур ҳамоиши идонаи фарҳангӣ – фароғатӣ доир шуд
УФУҚҲОИ ДӮСТӢ. Муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни Душанбе ва Боку тақвият меёбад
«ЗАН-МОДАР — ПАЙВАНДГАРИ НАСЛҲО». Дар Душанбе ҳамоиши маърифатӣ — фарҳангӣ доир гардид
«БАРОИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТАМ СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНАМ!». Дар Душанбе Фестивали дӯстии афсарону сарбозон доир гардид
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Душанбе таҳти чунин унвон Фестивали гулҳо баргузор мегардад
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мегардад