БОРИ АВВАЛ ДАР ДУШАНБЕ–«DUSHANBE SUMMER FEST». Дар пойтахти мамлакат рӯзҳои истироҳат Фестивали тобистона баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 20.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Рӯзҳои 18 -19 августи соли равон дар шаҳри Душанбе нахустин бор Фестивали тобистонаи Душанбе—«Dushanbe Summer Fest»—дар сатҳи баланд баргузор гардид.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, бо даъвати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар Фестивали мазкур гурӯҳи ҳавонавардон (воздухоплавателей) аз Кумитаи сайёҳии Ҷумҳурии Ӯзбекистон иштирок доштанд.
Аз ҷониби гурӯҳи мазкур доир ба тарзи истифода ва парвози пуфакҳои ҳавоӣ машғулиятҳои омӯзишӣ гузаронида шуд. Сипас чанд адад пуфакҳои ҳавоӣ ба ҳаво сар дода шуданд.
Дар Фестивал барои бачаҳо таҳти унвони «Шаҳри афсонаҳо» ҳар гуна барномаҳои фарҳангию фароғатӣ, аз ҷумла бо иштироки ҳунармандони театрҳои пойтахт намоишҳои мазҳакавӣ ва ҳазлу шухӣ пешниҳод гардид.
Иштирокдорони Фестивалро барномаи фарҳангӣ-фароғатие, ки бо ҳунарнамоии санъаткорони машҳур, аз ҷумла сарояндаи маъруф Парвиз Назаров, овозхони ҷавону умедбахш Меҳрона Ғайбуллоева, Баҳром Ғафурӣ, гурӯҳи «Авесто» ва дигарон доир гардид, хуш омад.
Дар Фестивал ҳамчунин барои сайругашти оилавии шаҳрвандон тамоми шароит фароҳам оварда шуда, таҳти унвони «Ғизои болаззат» хӯрок ва дигар маҳсулоти миллиро ба намоиш ва фурӯш гузошта шуданд.
Фестивали мазкур бо мақсади муаррифии шаҳри Душанбе ҳамчун симои сайёҳии мамлакат ва фароҳам овардани имконият ҷиҳати таъмини фароғату саёҳати сокинону меҳмонони пойтахт баргузор гардид.













«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейбол байни занону духтарон ҷамъбаст шуд
Дар Душанбе Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Озмуни ноҳиявии «Кадбонуи беҳтарин» баргузор гардид
«МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ». Дар Душанбе Рӯзи модарро ботантана таҷлил намуданд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Маросими қадршиносии беҳтаринҳо дар соҳаҳои кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе баргузор гардид
МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ. Дар ноҳияи Шоҳмансур ҳамоиши идонаи фарҳангӣ – фароғатӣ доир шуд
УФУҚҲОИ ДӮСТӢ. Муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни Душанбе ва Боку тақвият меёбад
«ЗАН-МОДАР — ПАЙВАНДГАРИ НАСЛҲО». Дар Душанбе ҳамоиши маърифатӣ — фарҳангӣ доир гардид
«БАРОИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТАМ СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНАМ!». Дар Душанбе Фестивали дӯстии афсарону сарбозон доир гардид
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Душанбе таҳти чунин унвон Фестивали гулҳо баргузор мегардад
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мегардад






