БОЗИҲОИ ОСИЁ-2018: аз Тоҷикистон Дилшод Назаров аввалин медали нуқраро ба даст овард!

Август 27, 2018 09:09

ДУШАНБЕ, 27.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Шоми 26-уми августи соли равон варзишгари маъруфи тоҷик Дилшод Назаров дар  18-умин Бозиҳои  тобистонаи Осиё дар шаҳри Ҷакартаи Индонезия дар намуди  гурзандозӣ бо натиҷаи 74 метру 16 сантиметр мақоми дуюмро ишғол кард, ки ин аввалин медали дастаи мунтахаби Тоҷикистон мебошад.

Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд, қаҳрамони Бозиҳои олимпии соли 2016 Дилшод Назарови 36-сола дар мусобиқаи ниҳоии гурзандозӣ миёни мардон, ки   дар варзишгоҳи «Gelora Bung Karno Main Stadium»-и пойтахти Индонезия — шаҳри Ҷакарта бо ширкати 12 варзишгар баргузор шуд, бо медали нуқраи 18-умин Бозиҳои тобистонаи Осиё сарфароз гашт.

Ҷойи аввал ва медали тиллои 18-умин Бозиҳои тобистонаи Осиёро Ашраф Ал-Cайфии 23-сола аз Қатар бо натиҷаи 76 метру 88 сантиметр соҳиб гашт. Варзишгари дигари тоҷик Сӯҳроб Хоҷаеви 25-сола, ки Ӯзбекистонро намояндагӣ намуд, бо натиҷаи 74 метру 6 сантиметр ҷойи сеюмро касб намуд, ки ин натиҷаи беҳтарини ӯ дар мавсими имсола мебошад.

Ба ҷуз Дилшод Назаров ба дастаи Тоҷикистон шогирдаш Абдурауф Мӯсоеви 22-сола дохил буд. Ӯ бо натиҷаи 58 метру 95 сантиметр ҷойи пеш аз охирин — ёздаҳумро гирифт.

Дар сабқати гурзандозӣ миёни мардон 12 варзишгар дунафарӣ аз Қатар, Тоҷикистон ва Чин, якнафарӣ аз Индонезия, Кореяи Ҷанубӣ, Малайзия, Тайланд, Ӯзбекистон ва Эрон иштирок доштанд.

Ёдовар мешавем, ки дар 18-умин Бозиҳои тобистонаи осиёӣ  дастаи мунтахаби Чин бо касби 174 медал (78 тилло, 59 нуқра ва 37 биринҷӣ) мақоми аввалро касб намудааст. Дастаи  мунтахаби Ҷопон бо касби 122 медал (40-34-48) дар мақоми дуюм ва дастаи мунтахаби  Кореяи Ҷанубӣ бо касби 94 медал (27-30-37) дар мақоми сеюм қарор доранд. Дастаи  мунтахаби Тоҷикистон бо дарёфти як нишони нуқра дар мақоми 32-юм ҷой дорад.

 

Август 27, 2018 09:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд
Бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ мусовӣ анҷом ёфт
ҶОМИ ҶАҲОН ОИД БА БОКС. Аз Тоҷикистон дар ин мусобиқа даҳ варзишгар иштирок мекунад
Дар ноҳияи Данғара фестивали бозиҳои миллӣ бо шукуҳи хосса баргузор шуд
Лигаи футболи Тоҷикистон дар остонаи мавсими нав барои комиссарон семинари омӯзишӣ баргузор кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футболи электронӣ нахустин маротиба дар мусобиқаи FIFAe Nations League иштирок мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол бо тими Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ду бозии дӯстона доир мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол дар Душанбе ба машқҳои дастҷамъона фаро гирифта шуд