Дар арафаи 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ 12 иншоот ба истифода дода мешаванд
РӮДАКӢ, 30.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Ба муносибати 27- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ 12 иншооти аҳамияти маҳаллию ҷумҳуриявидошта мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад. Дар ин бора муовини раиси ноҳияи Рӯдакӣ Раҷаб Ашӯров ба хабарнигори АМИТ «Ховар» итилоъ дод.
Тавре Раҷаб Ашӯров зикр кард, қисме аз иншоот аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ ва қисми дигар аз ҳисоби буҷети ноҳия сохта мешаванд. Аз ҷумла, аз ҷониби соҳибкорон Нуршед Машрабов бо маблағи 26 миллион сомонӣ мактаби замонавӣ барои 640 нафар хонанда, Қаҳҳор Ғуломов бо маблағи 24 миллиону 480 ҳазор сомонӣ мактаб барои 640 нафар хонанда ва ду муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар ҷамоатҳои деҳоти Султонобод ва Эсанбойи ноҳия бо маблағи 3 миллиону 441 ҳазор сомонӣ бо 420 ҷойи нишаст аз ҳисоби буҷети ноҳия сохта шуда, дар арафаи ҷашни Истиқлолият мавриди истифода қарор мегиранд.








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






