Дар километри 42-юми роҳи мошингарди Хоруғ-Роштқалъа-Мурғоб пули нав сохта мешавад

Август 24, 2018 09:55

ХОРУҒ, 24.08.2018. /АМИТ «Ховар»/.  Дар километри 42-юми роҳи мошингарди Хоруғ –Роштқалъа- Мурғоб пули нави мошингузар сохта мешавад, ки рафтуомади сокинони се ҷамоатро бо маркази ноҳия ва шаҳри Хоруғ боз ҳам осон мегардонад. Зеро пули кӯҳна аз сангу чӯб сохта шуда буд ва дигар мадори бардоштани бори мошинҳои гаронвазнро надошт.

Сардори Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Рамазон Рамазонов дар суҳбат ба хабарнигори минтақавии  «Ховар»  гуфт, ки дарозии пул 36 метр буда, иқтидори вазнбародориаш 80 тонна мебошад.

Ба гуфтаи номбурда, Ҳукумати ҷумҳурӣ барои бунёди ин пули нав 6,5 миллион сомонӣ ҷудо кард ва мутахассисони Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии  Тоҷикистон муваззаф шуданд, ки то даҳаи аввали моҳи сентябр онро мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳанд.

Зеро ин пул на танҳо  мушкилоти ронандагони мошинҳои мусофирбари се ҷамоатро осон мегардонад, балки дар вақтҳои зарурӣ ба воситаи ин роҳ ҳаракати мошинҳои боркашро то Ҷумҳурии  Халқии Хитой ба роҳ мондан мумкин аст. Дар сурати иваз намудани чанд пули дигар дар оянда ин ба як  роҳи алтернативии байналмилалӣ мубаддал мегардад.

Иқлими ноҳияи Роштқалъа нисбатан камбориш буда, дар фасли зимистон  фаромадани тармаву сел ва сангчарх кам ба мушоҳида мерасад ва аз ин рӯ дар ҳудуди вилоят яке аз роҳҳои амну бехатар ба ҳисоб меравад. Ба ҷузъ ин масофаи роҳ ба самти Мурғобу гузаргоҳи Кулма нисбат ба роҳи кунунӣ, ки тавассути водии Ғунди ноҳияи Шуғнон мегузарад, бамаротиб кутоҳтар аст.

Дар мувозинати Муассисаи давлатии нигаҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Роштқалъа ҳамагӣ 199 км роҳи мошинагард мавҷуд аст, ки танҳо 44,9 километри он аҳамияти маҳаллӣ дорад, боқимонда  роҳи аҳамияти ҷумҳуриявӣ эътироф шудааст.

Август 24, 2018 09:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст