«ДАР МУБОРИЗА БО ГУРӮҲҲОИ ТУНДРАВ МУТТАҲИД БОШЕМ!». Чунин омадааст дар Изҳороти Ассосиатсияи ташкилотҳои ёрирасон ба рушди туризми Тоҷикистон

Август 6, 2018 14:50

ДУШАНБЕ, 06.08.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ба АМИТ «Ховар»  мактубмуроҷиатномаҳои  зиёде аз  муассисаву ташкилотҳои мамлакат ва берун аз он дар  робита ба амали террористии дар ҷануби Тоҷикистон рухдода, ки боиси ҳалокати сайёҳони хориҷӣ гардид, ворид  мегарданд. Изҳороти  Ассосиатсияи  ташкилотҳои ёрирасон ба рушди туризми Тоҷикистон (ТАТО)  аз ҷумлаи онҳост, ки имрӯз дастраси кормандони Агентӣ гардид.

Дар изҳороти мазкур чунин омадааст:

«Қатли бераҳмонаи сайёҳони хориҷӣ дар ҷамоати Себистони ноҳияи Данғара шоми 29 июли соли равон  аъзои Ассосиатсияи моро   сахт ба ташвиш овард. Ин ҳодисаи нангин моро бетараф гузошта  наметавонад. Мо аз ин ҳодисаи бераҳмонаву разилона  сахт ошуфтаву ғамгин гашта,  пеши меҳмонони дигар хиҷолатзадаем.

Ин ҳодисаи хунин кори онҳоест, ки ба миллат ва давлати тоҷикон   душманӣ доранд ва барои расидан ба ҳадафҳои ғаразнокашон аз ягон разилӣ рӯ намегардонанд.

Дар «Facebook»  Сафорати ИМА дар  Тоҷикистон  дар   саҳифаи худ дар робита ба ин  ҳодисаи нангин,  аз ҷумла,   нигоштааст: «Мо ин бераҳмии ҳамлагаронро шадидан маҳкум намуда, хуб дарк менамоем, ки чунин амал ба хислати азалии тоҷикон, ки  меҳмоннавозу меҳрубонанд,  ҳеҷ рабте надорад».

Ҳодиса  замоне  рух дод, ки дар Тоҷикистон   соли  рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  эълон шудааст.  Албатта чунин амалҳои ноҷавонмардона  ҳеҷ гоҳ  ба рушди туризм дар Тоҷикистон халал  ворид намесозад. Аммо амали ношоями як нафар шаҳрванди сустиродаву  беандеша боиси марги чандин нафар сайёҳон  дар мамлакати мо    гардид, ки боиси таассуфи  зиёд  аст. Ин ҳодисаи  нанговар аз он  шаҳодат медиҳад, ки   бархе аз ҷавонони мо аз фарҳангу адабиёти миллатамон фарсахҳо дур гардида, ба доми фиреби  гурӯҳҳои ифротгаро   афтодаанд, ки  мақсадашон  ноором кардани авзои  ҷомеа аст.

Баҳри пешгирӣ намудани шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро ҳам оила, ҳам мактаб ва ҳам ҷомеа бояд нақши калидӣ дошта бошанд. Аз ин рӯ, ҳар яки моро зарур аст, ки дар самти мубориза бо гурӯҳҳои тундрав, ки пеш аз ҳама мехоҳанд ҷавонони моро бо ҳар ҳиллаву найранг ба доми худ кашанд, саҳмгузор бошем.

Пӯшида нест, ки ин ҳаракатҳо дар бисёр давлатҳои ҷаҳон фаъолият доранд ва чунин гурӯҳҳо ба хотири расидан ба ҳадафҳои нопокашон, бештар  ҷавононро ба ҷангҳо ҷалб мекунанд, ки аксарияти онҳо ваҳшиёна ба қатл расонида мешаванд.

Имрӯзҳо ба кулли мардумони Амрикову Швейтсария ва Ҳолланд, хоса ба пайвандони ин меҳмонони нокоми мамлакатамон  мардумони зиёд  изҳори тасаллият мекунанд.

Мо низ  ин амали нангинро шадидан маҳкум намуда, ба хешу таборони фавтидагон ҳамдардӣ баён мекунем!».

Август 6, 2018 14:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ мизи гирд баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон татбиқи методологияи таҳлили хавфҳои коррупсионӣ баррасӣ шуд
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан иштирок дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то 11 март боқӣ мемонад