Дар Тоҷикистон фестивали байналмилалии ҷавонони ИДМ ва СҲШ баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 17.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Аз 28 август то 1 сентябри соли равон дар шаҳрҳои Душанбе ва Гулистон Фестивали байналмилалии ҷавонон ва донишҷӯён дар мавзӯи «Тоҷикистон ва Роҳи Абрешим: дирӯз ва имрӯз» («Таджикистан и Шёлковый путь: история и современность»), озмун – намоишгоҳи байналмилалии ҷавонон дар мавзӯи «Чашмаҳо –набзи ҳаёт» («Родники – пулсь жизни») ва ташкили мактаби иҷтимоӣ – инноватсионӣ баргузор мегардад.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, иқдоми мазкур бо ташаббуси Кумита дар доираи ҳамкории мутақобилан судманд бо Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ва Котиботи Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) бо даъвати роҳбарони мақомоти давлатии кор бо ҷавонон ва намояндагони ҷавонони аъзои давлатҳои ИДМ ва СҲШ ба роҳ монда шудааст.
Дар назар аст, ки дар чорабинии мазкур 100 нафар иштирокчиён аз давлатҳои аъзои ИДМ ва СҲШ иштирок менамоянд.








Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад






