Душанбе: «Забҳи чорвои қурбонӣ дар ҷойҳои муқарраршуда бояд амалӣ гардад»

Август 4, 2018 09:34

ДУШАНБЕ, 04.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи иди Қурбон дар шаҳри Душанбе ҷойҳои муваққатии забҳи чорво ташкил ва ба роҳ монда мешаванд. Ташкили ин ҷойҳо,  аз ҷумла, дар ноҳияи Фирдавсӣ дар назди бинои Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Комбинати гӯшту консерва»-и шаҳри Душанбе,  дар ноҳияи Сино дар назди Ҷамъияди дорои масъулияти маҳдуди «Ангара»,   дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар назди маҷмааи байторӣ, воқеъ дар хиёбони Ҳ.Шерозӣ  ва дар корхонаи замонавии забҳи чорвои ҶДММ «Ёвар-11» воқеъ дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ   дар назар дошта шудааст.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар»  хабар доданд, ин иқдом  бо мақсади иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе  «Дар бораи ташкили ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзию агросаноатӣ дар соли 2018» ва сазовор таҷлил намудани иди Қурбон ба роҳ монда мешавад.

Тибқи қарори мазкур, масъулин вазифадор гардидаанд, ки бо дарназардошти зичии аҳолии маҳаллаҳо, ҷойҳои муваққатии забҳи чорворо муқаррар  намоянд. Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе  муваззаф гардидааст, ки ҷиҳати пешгирии забҳи чорвои қурбонӣ дар ҷойҳои муқаррарнашуда чораҳои амалӣ андешад.

Август 4, 2018 09:34

Хабарҳои дигари ин бахш

«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейбол байни занону духтарон ҷамъбаст шуд
Дар Душанбе Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Озмуни ноҳиявии «Кадбонуи беҳтарин» баргузор гардид
«МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ». Дар Душанбе Рӯзи модарро ботантана таҷлил намуданд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Маросими қадршиносии беҳтаринҳо дар соҳаҳои кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе баргузор гардид
МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ. Дар ноҳияи Шоҳмансур ҳамоиши идонаи фарҳангӣ – фароғатӣ доир шуд
УФУҚҲОИ ДӮСТӢ. Муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни Душанбе ва Боку тақвият меёбад
«ЗАН-МОДАР — ПАЙВАНДГАРИ НАСЛҲО». Дар Душанбе ҳамоиши маърифатӣ — фарҳангӣ доир гардид
«БАРОИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТАМ СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНАМ!». Дар Душанбе Фестивали дӯстии афсарону сарбозон доир гардид
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Душанбе таҳти чунин унвон Фестивали гулҳо баргузор мегардад
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мегардад