Фаъолияти ТЭТ ҲНИ аз ибтидо нопоку ифротгароӣ буд-бардошт аз конференсияи ҷумҳуриявӣ

Август 30, 2018 14:00

ДУШАНБЕ, 30.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. «Таҳдиду хатарҳои  Ташкилоти экстремистию террористии /ТЭТ/ Ҳизби наҳзати исломӣ /ҲНИ/  ба амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон»- таҳти чунин унвон имрӯз дар шаҳри Душанбе конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ доир гардид, ки дар он дар радифи  масъулини сохторҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқ, инчунин намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Ҷумҳурии Тоҷикистон, ходимони дин  ва  коршиносони масоили сиёсию динӣ иштирок намуданд.

Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз созмондиҳандагони  конференсия буда, ҳадафаш  ифшо кардани дурӯғҳои   роҳбарони ТЭТ ҲНИ  ва хоҷагони хориҷии он мебошад, ки бар хилофи ваъдаҳои худ амал карда, фаъолияти экстремистию террористиро  дар ҳудуди  кишварамон  бар зидди мардум   ва меҳмонони хориҷӣ ба роҳ мондаанд, маҳсуб меёбад.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки нахуст ба  иштирокдорони конференсия филми мустанади  «Бозгашт аз ҷаҳаннам», ки дар асоси хотираҳои  яке аз муассисон  ва мубаллиғони  фаъоли ТЭТ ҲНИ  Аёмуддин Сатторов таҳия гардидааст, намоиш дода шуд.

Қаҳрамони филми «Бозгашт аз ҷаҳаннам» А. Сатторов доир ба ҳадафҳои нопоки ТЭТ ҲНИ ва дастгирию кумакҳои молии  хоҷагони хориҷии он, аз ҷумла Ҷумҳурии Исломии Эрон ибрози назар намуда,  бо далелҳои шайъӣ  таъкид  кард, ки фаъолияти ТЭТ ҲНИ аз аввал бо мақсадҳои ғаразнок ва нопоки худ ноором гардонидани авзои сиёсию иҷтимоии Тоҷикистон, ба даст овардани мансаб,  пулу мол ва сарват аст.

Қаҳрамони филми мустанади «Бозгашт аз ҷаҳаннам» аз фаъолият ва амалкарди худ пушаймон гардида, такрор ба такрор мегӯяд, ки ҳадафҳои ТЭТ ҲНИ ва роҳбари он Муҳиддин Кабирӣ нопок ва ғаразноку ифротгароёна  буда, зери ниқоби дини мубини Исом амал менамояд.

Дар конференсия директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худобердӣ Холиқназар, раиси Шӯрои уламои  Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Саидмукаррам Абдулқодирзода, директори Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳуруии Тоҷикистон Файзулло Баротзода, муовини раиси Кумитаи  корҳои дин, танзими анъана  ва ҷашну маросимҳои  миллии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Амирбек Бекназаров ва дигарон доир ба  «Аҳдофи душманона ва ғояҳои ифротгароёнаи  ТЭТ ҲНИ дар замони муосир»,  «Навмедиҳо аз кирдори ҲНИ», «ТЭТ ҲНИ  ва хатарҳои он ба идеологияи миллӣ», «Заминаҳои ифротӣ ва идеологияи наҳзатӣ» ибрози назар намуданд.

Дар баромади иштирокдорон  мақсадҳои  нопоки ТЭТ ҲНИ  ва хатарҳои он ба амнияти миллии кишварамон тавзеҳ дода шуд. Зикр гардид, ки  барои ҷомеаи Тоҷикистон дурӯғҳои роҳбарони  ТЭТ ҲНИ ва хоҷагони хориҷии он кайҳо боз фош гардидааст. Аз ҷониби ТЭТ ҲНИ  дар қаламрави ҷумҳурӣ борҳо ҷиноятҳои гӯшношуниди террористӣ  ба анҷом расонида шудааст.

Зимни амалҳои терористӣ   кушта шудани 25 нафар сарбози Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ  дар водии Рашт, кӯшиши ба анҷом расонидани табадуллоти давлатӣ  дар моҳи сентябри соли 2015 ва ахиран қатли чор нафар сайёҳи хориҷӣ дар ноҳияи Данғара бори дигар фаъолияти терористию экстремистии ҲНИ –ро собит сохт.

Таъкид гардид, ки ТЭТ ҲНИ  аз солҳои нахустини таъсисаш ҷинояту ҷинояткориро пешаи худ карда, дар таҳмили ҷанги шаҳрвандӣ, ки боиси марги беш аз сад ҳазор нафар аҳолӣ ва рӯ ба ғурбат овардани як миллион нафар сокинони мамлакат гардид, даст дорад. Зимни ба имзо расонидани Созишномаи умумии  истиқрори сулҳ ва ризоияти  миллӣ дар мамлакат  Ҳукумати Тоҷикистон ба хотири сулҳу осоиштагии кишвар бо Иттиҳоди неруҳои мухолифин созиш кард, роҳбарону намояндагони ТЭТ ҲНИ  бо истифоа аз имконият соҳибмансаб ва  ба сарватҷамъкунӣ машғул шуданд. Онҳо бо пешниҳод  ва кумаку дастгирии молии хоҷагони хориҷии худ аҳдашонро шикастанд,  ба ҷинояткорӣ даст зада, чандин нафар шахсиятҳои шинохта ва барҷастаи миллатро аз байн бурданд.

Иштирокдорони конференсия ҳамзамон дигар паҳлуҳои манфури ТЭТ ҲНИ тавзеҳ дода, зикр намуданд, ки дар шароити кунунӣ,  ҷомеаи Тоҷикистон бояд зиракии сиёсиро аз даст надиҳад, хусусан ҷавонон фирефтаи макру ҳиллаи роҳбарону намояндагони ТЭТ ҲНИ нагарданд ва дар таъмини амният ва сулҳу оромии кишвар, ки барои мардуми сарзаминамон неъмати бузург аст, нақши бориз гузоранд. Зеро истиқлолияту сулҳу субот дар ҷомеаи Тоҷикистон  ба осонӣ ба даст наомадааст.

Аз ин рӯ,  оромию суботи кишварро аз  чашми нотавонбинҳо, ки мақсадҳои нопок доранд ва аз пешрафту дастовардҳои Тоҷикистон безобита гардидаву дар ташвишанд, чун гавҳараки чашм  ҳифз бояд кард.

Август 30, 2018 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Китоби «Садриддин Айнӣ. Феҳристи адабиёт» рӯнамоӣ гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
«МегаФон Тоҷикистон» шабакаро ба суръатҳои нави гигабитӣ омода менамояд
Бахшида ба 34-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Пенза ҳамоиш доир шуд
«ИСТИҚЛОЛ-НЕЪМАТИ БЕБАҲО». Дар ин мавзуъ дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ конференсияи илмӣ доир гардид
Донорҳо аз Бунёди Lives & Livelihoods дастовардҳо дар соҳаи ҳифзи саломатии модар ва кӯдакро дар Тоҷикистон таҷлил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Истиқлоли давлатӣ — асоси хушбахтӣ ва рушди давлатдории миллӣ
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Нақши занони тоҷик дар таҳкими давлатдории миллӣ назаррас аст