Фестивали байналмилалии «ТЭФИ-Иттиҳод — 2018» имсол дар Тошканд баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 02.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Рӯзҳои 4-7 октябри соли равон Фестивали телевизионии байналмилалии «ТЭФИ-Иттиҳод — 2018» бори нахуст дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор мешавад. Дар ин бора мухбири махсуси АМИТ «Ховар» Марзия САИДЗОДА аз пойтахти давлати ҳамсоя хабар медиҳад.
Фестивали байналмилалии телевизионии «ТЭФИ-Иттиҳод» соли 2011 таъсис ёфта, аз оғози таъсисёбӣ аз ҷониби Фонди ҳамкории башардӯстонаи кишварҳои аъзои ИДМ ва Агентии федеролии табъу нашр ва ВАО-и Россия ҳавасманд гардонида мешавад.
Фестивали мазкур ҳамасола дар яке аз кишварҳои аъзои ИДМ гузаронида шуда, ҳадафи он ташаккули фазои ягонаи иттилоотии мамлакатҳои Иттиҳод мебошад. Мавзӯи Фестивал гуногун аст. Дар доираи «ТЭФИ-Иттиҳод» Шӯрои коршиносон ташкил гардида, бо иштироки мутахассисони ботаҷриба мастер-классҳо баргузор мегарданд. Инчунин мушкилоти имрӯзаи телевизиони муосир ва корҳои эҷодӣ баррасӣ ва суҳбатҳо гузаронида мешаванд. Дар фарҷоми Фестивал ғолибон бо мукофотҳои махсус сарфароз мегарданд.
Ёдовар мешавем, ки панҷумин Фестивали байналмилалии «ТЭФИ-Иттиҳод» 16-19 сентябри соли 2015 бори нахуст дар шаҳри Душанбе баргузор шуда буд.
Он гоҳ корҳои эҷодии ба Фестивал пешниҳодшударо Шӯрои машваратӣ иборат аз аъзои Академияи телевизиони Россия – Оксана Барковская, Продюсери генералии ширкати телевизионии «Формат ТВ», Татяна Веденеева, ровии телевизион, ҳунарпеша, журналист, Борис Грачевский – роҳбари бадеии киножурнали кӯдакона «Ералаш», Михаил Довченко – коргардон, ровии барномаи «Искатели»-и ТВ «Россия», Александр Олейников, продюсер, Яна Попловская, ровии телевизион, муовини роҳбари бадеии Маркази театрии «Вишневый сад»-и Москва ва дигарҳо баҳогузорӣ карда буданд.
Ҷоизадорони «ТЭФИ-Иттиҳод — 2015» инҳо эълон гардида буданд:
- «Легенда джаза. Вагиф Мустафа-заде» (ҶСП «Азербайджанское телерадиовещание»).
- «Мултикник» (ҶСП «Мултимедиа Кентрон ТВ», Арманистон).
- «Научное шоу профессора Открывашкина» (Ширкати телевизионии миллии давлатии Ҷумҳурии Беларус).
- «Разнообразная Грузия» (Ширкати телевизионии «Маэстро»).
- «Богатыри» (ҶС «РТРК«Казахстан», Қазоқистон).
- «Пять +» («Независимое Бишкекское Телевидение», Қирғизистон).
- «Читаем вместе» («Латвийское телевидение», Латвия).
- «КТВ — Кино- и телекухня» («Studija JU», Литва).
- «В ритме танца» (Ширкати ҷамъиятии «Телерадио-Молдова», Молдова).
- «Спокойной ночи, малыши!» (Ширкати телевизионии «Класс!», Россия).
- «Делай с нами, делай сам» (Муассисаи давлатии «Телевизиони кӯдакону наврасон — Баҳористон», Тоҷикистон).
- «Гунҷишкаки сафед» /«Белый воробушек»/ (Киностудияи филмҳои бадеӣ ва мустанад «Тоҷикфилм, Тоҷикистон).
- «Возвращение шедевра» (Маркази продюсерии Шаҳноза Ғаниева, Ӯзбекистон).
- «Art-time» (Ширкати телевизионии «МТВ-ПЛЮС», Украина).
Дар Фестивали «ТЭФИ – Иттиҳод 2017», ки дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус баргузор гардид, филми мустанади «Ба Ватан хизмат мекунам!» /«Служу Отечеству»/ — и шабакаи давлатии «Тоҷикистон» сазовори эътирофи олӣ гардида буд.
Айни ҳол дар Тошканд Фонди «Академияи телевизиони Россия» якҷоя бо шарикон аз Ӯзбекистон корҳои омодагӣ ба Фестивалро оғоз намуд. Муҳлати пешниҳоди корҳои эҷодӣ ба «ТЭФИ-Иттиҳод — 2018» ба анҷом расид.
Мавзӯи имсолаи Фестивал — «Симои Ватан»: вақт, макон ва тақдир» хоҳад буд.








Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Туҳфаи Президенти Тоҷикистон — «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ ба ноҳияи Мастчоҳ расид
ҲИФЗИ МЕРОСИ МИЛЛӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Тавассути сиёсати хирадмандона имрӯз ҷаҳониён бо таъриху фарҳанги миллати мо шинос мешаванд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бо «Россотрудничество» ҳамкориро густариш медиҳад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экология озмоишгоҳи муштараки муҳити экологӣ ба истифода дода шуд
Фестивали байналмилалии «Сӯзании Панҷакент» баргузор мешавад






