ХУШ ОМАДЕД, РЕБЕККА ВА САРА! Ду зани аврупоӣ савори дучарха ба Тоҷикистон омаданд ва аз ин ҷо ба Чин мераванд

Август 28, 2018 08:25

ДУШАНБЕ, 28.08.2018./АМИТ «Ховар»/. Дирӯз  кормандони Кумитаи байналмилалии олимпӣ Ребекка Вардел ва Сара Ван Баллеком, ки савори дучарха ба сайри ҷаҳон баромадаанд, меҳмони Кумитаи миллии олимпии (КМО) Тоҷикистон шуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз КМО-и Тоҷикистон хабар доданд.

Дучархасаворон бо шароити кор дар КМО ҶТ, маркази федератсияҳои варзишӣ шинос шуда, осорхонаи «Шарафи олимпӣ»-ро тамошо карданд ва бо дастоварди варзишгарони Тоҷикистон ошно гардиданд.
Сипас, меҳмонон бо муовини аввали раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Ризо Назарзода ва кормандони Кумитаи миллии олимпӣ мулоқот карданд.

Ризо Назарзода  меҳмононро  ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, аз иқдоми пешгирифтаи онҳо, яъне сайри ҷаҳон бо дучарха истиқбол намуд.   «Сафари меҳмонон дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Тоҷикистон рост омадааст, ки боиси хушҳолии мост», — гуфт ӯ.

Зикр шуд, ки дар Тоҷикистон соли дуюм марафони велосипедронӣ баргузор мешавад, ки дар он ҳазорон нафар дӯстдорони ин намуди варзиш ширкат мекунанд. Ҳамчунин, иттилоъ дода шуд, ки Тоҷикистон ҳар сол Рӯзи олимпиро бо шукуҳу шаҳомат ҷашн мегирад, хусусан соли равон ба муносибати Рӯзи олимпӣ дар кишвар беш аз 500 чорабинии варзишӣ ва мулоқоту вохуриҳо доир гардиданд. Мардуми тоҷик ба варзиш таваҷҷуҳи хоса дорад, ҳамин аст, ки ҳар сол бо иштироки васеи сокинон дар ҷумҳурӣ дар се марҳила Фестивали бозиҳои варзишӣ баргузор мешавад.

Меҳмонон дар навбати худ барои меҳмондории гарму самимӣ  изҳори сипос намуда, омодагии худро ҷиҳати ҷоннок кардани фаъолияти Ассотсиатсияи олимпичиёни Тоҷикистон ва мусоидат дар рушди ҳаракати олимпӣ дар ҷумҳурӣ изҳор доштанд. Дар анҷом ба меҳмонон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Ребекка Вардел ва Сара Ван Баллеком аз хурдӣ орзу доштанд, ки ҷаҳонро савори дучарха саёҳат намоянд. Онҳо сокинони кишвари Зеландияи Нав мебошанд, аммо бо сабаби кору пайкор дар давлати Швейтсария зиндагӣ мекунанд.
Дӯстон пеши худ мақсад гузоштанд, ки бояд умеду орзуи дар дил парваридаи овони ҷавонии худро амалӣ намоянд ва бо ҳамин санаи 30 апрели соли 2018 ҷиҳати сайри қораи Аврупою Осиё савори дучарха аз шаҳри Лоззанаи Швейтсария ба роҳ баромаданд.

Мақсади саёҳати тӯлонии сайёҳони дучархасавор дар саҳифаи онҳо дар шабакаи ҷаҳонии  Facebook  тарғибу ташвиқи арзишҳои олимпӣ ва муттаҳид намудани қаҳрамону ҷоизадорони Бозиҳои олимпӣ унвон шудааст. Инчунин, онҳо навиштаанд, ки беш аз 100 рӯз мешавад, ки дар сафар ҳастанд ва дар роҳи расидан ба қуллаи мурод онҳо аз кишварҳои мухталифи Аврупою Осиё гузар карда, бо олимпичиён ва дигар   сокинони  кишаварҳои мухталифи дунё аз наздик суҳбат кардаанд. Бо тай намудани 7400 км роҳ аз Лоззанаи Швейтсария то ба Тоҷикистон  онҳо аз ҷойҳои нотакрор ва манзараҳои дилпазири кишварҳои Италия, Словения, Хорватия, Туркия, Босния, Сербия, Булғористон, Эрон, Туркманистон, Ӯзбекистон дидан намудаанд.

Сайёҳони дучархасавори олимпӣ 20 августи соли равон тариқи гузаргоҳи сарҳадии шимол вориди хоки Тоҷикистон гашта, тариқи шаҳри Панҷакент ба ноҳияи Айнӣ ва аз он ҷо ба шаҳри Душанбе ҳаракат намуданд. Меҳмононро масъулини Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон пешвоз гирифта, онҳоро дар меҳмонхонаи «Варзиш» ҷойгир намуданд.

Сайёҳони дучархасавори олимпӣ зимни ташрифи панҷрӯзаи худ аз бисёр ҷойҳои таърихию фарҳангӣ ва маконҳои дилхушии шаҳри Душанбе, инчунин Маркази омодагии дастаҳои мунтахаб боздид намуданд.
Онҳо нақша доранд, ки пас аз  саёҳати панҷрӯза дар шаҳри Душанбе сафари худро тавассути водии Вахон ва Бадахшон идома дода, ба Ҷумҳурии Мардумии Чин гузаранд.

Тибқи нақша онҳо то ибтидои моҳи феврали соли 2019 бояд ба зодгоҳи худ — кишвари Зеландияи Нав баргарданд.

Август 28, 2018 08:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар партави ҳидоятҳои Пешвои миллат дар шаҳри Душанбе ба оилаҳои ниёзманд кумак расонида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон оид ба обҳои партов ва нӯшокӣ тренинги омӯзишӣ доир гардид
Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон дар арафаи Рӯзи Модар занону духтарони фаъол ҳавасманд гардонида шуданд
Оид ба нақши занон дар рушди фарҳангу санъати тасвирӣ ҳамоиши идона баргузор шуд
SuperApp-и маъруф боз ҳам мувофиқтар гардид
Дар Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон оид ба саҳми занон дар рушди энергетика ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе мулоқоти кормандони сохторҳои масъул бо мусофирон баргузор шуд
Дар намоиш-фурӯши китоб бахшида ба Рӯзи Модар 12 000 нусха китоб пешниҳод гардид
Ба Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон 100 нусха китоби «Ислом ва экология» тақдим гардид
Дар шаҳри Ҳисор даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан» баргузор шуд