Имрӯз Фестивали байналмилалии ҷавонону донишҷӯёни давлатҳои аъзои ИДМ ва СҲШ оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 29.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрӯз Фестивали байналмилалии ҷавонону донишҷӯёни кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Созмони Ҳамкории Шанхай таҳти унвони «Тоҷикистон ва роҳи Абрешим: таърих ва замони муосир» оғоз гардид. Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» Холисаи АСОМИДДИН, ки иштирокчии Фестивали мазкур мебошад, иттилоъ медиҳад.
Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ташкилкунандагони асосии Фестивал ба шумор рафта, дар он зиёда аз 100 нафар ҷавонон аз кишварҳои аъзои ИДМ ва СҲШ иштирок доранд.
Субҳи барвақт иштирокчиёни Фестивал дар пояи муҷассамаи Асосгузори давлати тоҷикон Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошта, аз Китобхонаи миллӣ, боғи устод Рӯдакӣ ва Осорхонаи миллӣ боздид ба амал оварда, сипас ба вилояти Суғд сафар намуданд.
Тибқи барнома, иштирокчиёни Фестивал аз ноҳияи Айнӣ, шаҳрҳои Истаравшан ва Гулистони вилояти Суғд боздид менамоянд.
Мавриди зикр аст, ки дар ҷараёни Фестивали байналмилалии ҷавонону донишҷӯёни давлатҳои аъзои ИДМ ва СҲШ таҳти унвони «Тоҷикистон ва роҳи Абрешим: таърих ва замони муосир» ташкили намоишгоҳи инноватсионӣ, намоиши рӯнамоиҳои ҷавонон аз давлатҳои ИДМ ва СҲШ , ташкили озмун — намоишгоҳ дар мавзӯи «Чашмаҳо набзи ҳаёт» (Родники — пульс жизни) дар нақша гирифта шудааст.
Фестивал то 1 сентябр идома меёбад.


















Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад






