ИНТИХОБИ МАН-МАҲСУЛОТИ ВАТАНӢ! Сифати либосҳои мактабии истеҳсоли худӣ беҳтар гардидааст
ДУШАНБЕ, 16.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. То оғози соли нави таҳсил 15 рӯзи дигар боқӣ мондааст. Имрӯзҳо волидайну хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар тараддуд буда, ба ярмаркаҳои фурӯши лавозимот ва либоси ягонаи мактабӣ, ки шурӯъ аз 6 август дар мамлакат ташкил гардидаанд, меоянд. Хабарнигори АМИТ «Ховар» аз ярмаркаи доимоамалкунанда — намоиш — фурӯши либосҳои мактабӣ, ки дар назди Иттиҳодияи истеҳсолии «Нассоҷии тоҷик» аст, дидан намуд ва бо масъулин ва волидайни хонандагон ҳамсуҳбат гардид.
Бояд зикр кард, ки масъалаи таъмини хонандагон бо либосҳои мактабии истеҳсоли ватанӣ яке аз масъалаҳои муҳим маҳсуб шуда, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт пайваста тадбирҳои судманд меандешад. Ба ин масъала Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, масъулин ва роҳбарони корхонаҳои дӯзандагиро вазифадор карданд, ки истеҳсоли либосҳои мактабиро дар ҷумҳурӣ афзоиш дода, ба ин восита ҷойҳои нави кориро таъсис ва ҳамзамон хонандагони мамлакатро бо либосҳои хушсифати арзон таъмин намоянд.
«Чанд сол пеш, вақте ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи либосҳои мактабиро барои хонандагон макотиби таҳсилоти миёнаи умумӣ муқаррар кард ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифт, ки он дар дохили мамлакат истеҳсол карда шавад, ин иқдом дар шабакаҳои иҷтимоӣ сару садоҳои зиёдро ба вуҷуд овард. Баъзеҳо андеша доштанд, ки корхонаҳои дӯзандагии мо қудрати қонеъ гардонидани талаботи мардумро надоранд.
Инак, чанд сол мешавад, ки аксари хонандагони мо либосҳои истеҳсоли корхонаҳои дӯзандагии ватаниро ба бар карда, волидайни онҳо аз сифати он розӣ мебошанд. Дар ҳақиқат корхонаҳои дӯзандагӣ дар аввали кор дар ин самт мушкилии зиёд доштанд. Бо дастгирии бевоситаи Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин мушкилӣ ҳалли худро ёфт», — иброз дошт зимни суҳбат Директори генералии «Иттиҳодияи истеҳсолии Нассоҷии тоҷик» Хушмаҳмад Ҷонмаҳмадов.
Номбурда гуфт, ки «тавре имрӯзҳо ба мушоҳида мерасад, баъзан соҳибкорон бо роҳи қочоқ аз хориҷи мамлакат либосҳои мактабии бесифатро ворид намуда, онро ба фурӯш мегузоранд. Мутаассифона, ин соҳибкорон манфиати молии худро аз манфиати миллӣ боло гузошта, бо ин амалашон ба пешрафти кор дар ин соҳа халал ворид месозанд.
Х. Ҷонмаҳмадов ҳамчунин афзуд, ки аз ҷониби баъзе роҳбарони корхонаҳои дӯзандагӣ ва директорони муассисаҳои таълимӣ низ чунин амалҳои халалдоркунанда ба назар мерасанд. Ин корхонаҳо дар мақомоти андоз сабти ном нашуда, бо директорони муассисаҳои таълимӣ ба қавле «забон як карда» худсарона ба истеҳсоли либоси мактабӣ машғул мешаванд, ки он аз чанд ҷиҳат монеаи кор дар ин соҳа мегардад.
«Имсол роҳбарияти «ИИ Нассоҷии тоҷик» тибқи супориши Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар якҷоягӣ бо Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе бо мудирони маорифи чор ноҳияи пойтахт, директорони мактабҳои пойтахт 10 маротиба вохӯрӣ баргузор намуд, ки дар онҳо масъалаи таъмини хонандагон бо либосҳои хушсифати мактабӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Роҳбарияти корхона фикру мулоҳиза ва пешниҳоду таклифҳои масъулинро ба инобат гирифта, корро дар ин самт ҷоннок намуд. Натиҷаи ҳамин ҳамкорӣ буд, ки мо ба муваффақият ноил гаштем. Тавре худи шумо дар ярмаркаи доимоамалкунанда — намоиш — фурӯши либосҳои мактабӣ, ки дар назди Иттиҳодияи мо ташкил гардидааст, мушоҳида кардед, имрӯз хонандагону волидайни онҳо ба ин ҷо бо майли зиёд меоянд. Онҳо аз сифати хуби либосҳои мо изҳори қаноатмандӣ мекунанд. Он хонандагоне, ки андозаи худро пайдо намекунанд, метавонанд, бевосита дар коргоҳи дӯзандагӣ тибқи дархосташон либоси мактабӣ фармоиш диҳанд», — зикр кард Х.Ҷонмаҳмадов.
Тибқи иттилои масъулин, роҳбарияти корхона мунтазам барои навсозии технологияи коркарди нахи пахта ва истеҳсоли матоъҳои хушсифати ба рақобат тобовар саъйу кӯшиш менамояд. Ҳадафи асосии ҳайати кормандони техникии корхона вобаста ба талаботи бозор афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти пахтагин, такмил додани истеҳсолот ва беҳтар намудани сифати маҳсулот мебошад.
Онҳо барои омӯхтани таҷрибаи пешқадами давлатҳои ҷаҳон, ба корхона беҳтарин тарроҳон ва технологҳоро аз давлатҳои Германия, Туркия, Хитой ва дигар давлатҳои ИДМ даъват намуданд. Ин мутахассисон бо дӯзандаҳои корхона машғулияҳои омӯзишӣ гузаронида, ба онҳо тарзи дӯхтани либосҳои мактабиро омӯхтанд.
Айнура Абдураҳмонова яке аз онҳост. Номбурда дар Ҷумҳурии Қирғизистон дар корхонаи машҳури «Планета Максимус» ба ҳайси сартехнолог фаъолият доштааст. Тибқи шартнома, алҳол ӯ бо дӯзандаҳои ин корхона дар дӯхти либосҳои мактабӣ кумак мерасонад.
Дар ҳақиқат, дар ярмаркаи фурӯши либосҳои мактабии назди ИИ «Нассоҷии тоҷик» мушоҳида кардем, ки либосҳои мактабии ин корхона дар байни хонандагон мавқеъ пайдо намуда, аксарияти хонандагони шаҳри Душанбе ва дигар ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз он харидорӣ менамоянд.
Бояд зикр кард, ки дар 8 моҳи соли равон корхона 86 ҳазору 681 ҷуфт либосҳои мактабӣ истеҳсол кардааст. Иқтидори истеҳсолии солонаи корхонаи дӯзандагӣ имкон медиҳад, ки дар он 600 ҳазор либоси мактабӣ истеҳсол гардад.
Дар намоишгоҳи мазкур кормандони корхона масъул гардидаанд, ки тибқи рӯйхати тасдиқгардидаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт, ба хонандагон ва волидайни онҳо, ки барои дастрас намудани либоси мактабӣ меоянд, дар интихоби либос ба онҳо тавсия диҳанд. Дар ин рӯйхат муайян гардидааст, ки дар кадом мактаб пӯшидани чӣ намуд либоси мактабӣ тасдиқ гардидааст.
Дар ин ҷо бо чанд нафар хонандагон ва волидайни онҳо доир ба сифати либосҳои мактабӣ суҳбат кардем. Агар солҳои пеш баъзе аз сокинон аз сифату тарҳи либосҳои ватанӣ изҳори нигаронӣ доштанд, имрӯз баръакс сифати онро хуб арзёбӣ мекунанд. Сокини пойтахт Замира Бобоева, ки барои 3 фарзандаш аз корхонаи «Нассоҷии тоҷик» либос интихоб мекард, гуфт: «Рости гап, чанд сол пеш либосҳои мактабии истеҳсоли ватанӣ на чандон сифати хуб доштанд. Боиси хушҳолист, ки сифати либосҳои мактабӣ назар ба солҳои пешин ба куллӣ тағйир ёфтаанд, яъне беҳтар гардидаанд, ки аз либосҳои туркӣ ҳеҷ камӣ надоранд. Нархҳо хам дастрасанд. Масалан нархи либосҳои мактабии духтаронаю бачагона аз 110 сомонӣ то 280 сомониро ташкил медиҳад. Дар ин ҷо аз андозаи 28 то 50 либосҳои мактабӣ пайдо кардан мумкин аст. Либосҳо аз матоъҳои хушсифат тайёр шуда, тобовар мебошанд».
Сокини дигари пойтахт Шаҳло Нурова, ки барои духтараш-хонандаи синфи 11 либоси мактабӣ интихоб мекард, зикр намуд, ки «сифати либосҳои мактабии корхонаҳои дӯзандагии кишвар сол то сол беҳтар мегарданд. Азбаски онҳо дар ҷумҳурии мо истеҳсол мешаванд, нархҳо ҳам гарон нестанд. Хуб мешуд, ки савдогарони бозор моли истеҳсоли ватаниро бештар ба фурӯш мегузоштанд. Вале, мутаассифона, ба ҷои дастгирӣ кардан баъзеи онҳо «либосҳои истеҳсоли худӣ сифати хуб надоранд» гуфта дигаронро аз роҳ мезананд. Охир мардуми мо аз уҳдаи мушкилтарин ҳунарҳои дастӣ- сӯзаниву чакан мебарояд, онро бо маҳорати баланд ба ҷо меорад, наход аз уҳдаи дӯхтани либоси мактабӣ набарояд? Ман фикр мекунам, ки чунин нафарон ғурури миллӣ надоранд».
«Ман ҳар сол дар интихоби либосҳои мактабӣ ба мушкилӣ рӯ ба рӯ мешудам. Агар андозаи костюм мувофиқам меомад, шимаш кӯтоҳ ё танг буд ё баръакс. Имсол ба ин мушкилӣ дучор нагардидам, ба ман дар ин ярмарка тавсия доданд, ки тибқи фармоиш либос дархост намоям. Андозаамро гирифта, либосамро тибқи он омода намуданд», — гуфт ҳамсуҳбати дигари мо, хонандаги мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №6-и шаҳри Душанбе Саидмаъруф Саидакбаров.
Низорамоҳ Тағоева, сокини ноҳияи Синои шаҳри Душанбе илова кард, ки «роҳбарияти ин корхона боз як иқдоми хуберо роҳандозӣ намудааст. Имсол ба ғайр аз фурӯши либосҳо савдои дигар лавозимоти мактабиро дар ин ҷо ба роҳ мондааст, ки кори моро осон мегардонад».
Ёдовар мешавем, ки ин корхонаи дӯзандагӣ дар заминаи ҶДММ «Иттиҳодияи истеҳсолии Нассоҷии тоҷик» соли 2015 бо иштироки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуд. Маблағгузории умумӣ барои бунёди корхона 500 ҳазор доллари америкоиро ташкил дода, дар он 350 ҷойи нави корӣ таъсис ёфт. Дар корхонаи мазкур, инчунин барои калонсолон либосҳо бо тарҳи замонавии мардона ва занона дӯхта мешаванд. Таҷҳизоти корхонаро соҳибкорони маҳаллӣ аз кишварҳои пешрафтаи олам, аз қабили Германия, Чехия, Хитой, Туркия ва Корея ворид кардаанд.
Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»