Иштирокчиёни форум ва намоишгоҳи байналмилалии “Тоҷикистон-сарзамини сайёҳӣ” аз шаҳрҳои Турсунзодаву Ҳисор дидан намуданд

Август 30, 2018 17:25

ДУШАНБЕ, 30.08.2018 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ дода будем, рӯзҳои 30-31 августи соли равон бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳти сарпарастии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар Тоҷикистон Форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ таҳти унвони “Тоҷикистон-сарзамини сайёҳӣ” бо ҷалби ширкатҳои сайёҳии ватанию хориҷӣ баргузор мегардад.

Тавре аз Кумитаи рушди сайёҳӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, имрӯз бо мақсади шиносоӣ аз имкониятҳои сайёҳии кишвар саёҳати меҳмонон ба шаҳрҳои Ҳисор ва Турсунзода сурат гирифт. Ҳайати меҳмонон, ки Президенти Ассотсиасияи дӯстии Ҷумҳурии Корея ва кишварҳои Осиёи Марказӣ Ли Окей Рён, Котиби генералии “Иттиҳоди шаҳрҳои Шоҳроҳи Абрешими Ҷумҳурии Мардумии Чин” Ду Минг Хао, Директори ширкати “Маркетинги соҳаи сайёҳӣ”-и Давлати Кувейт Саад-Ал –Адванӣ ва гурӯҳи эҷодии телевизиони  “КБС”-и  Ҷумҳурии Корея низ шомили он буданд, нахуст ба шаҳри Турсунзода рафта, аз боғи ангури яке аз деҳқонони номвари кишвар Бобои Неъмат дидан намуда, оид ба тарзи парваришу нигоҳубини он бо ӯ ҳамсуҳбат гаштанд.

Зикр гардид, ки дар ин боғ зиёда аз 15 навъи ангур парвариш карда мешавад ва ба кишварҳои Осиё Миёнаву Федератсияи Русия ба фурӯш бароварда мешавад. Тамошо ва тамъи шаҳдбори навъҳои мухталифи ангур меҳмононро ба ваҷд овард.

Баъдан меҳмонон аз Қаълаи Ҳисор дидан карда, аз таърихи ин макони куҳанбунёд огаҳӣ пайдо намуданд. Зимни тамошои осорхонаи  таърихии Қалъаи Ҳисор ба маълумот оид ба шакли сохти мадрасаи аҳди қадими мардуми тоҷик таваҷҷуҳи хосса зоҳир карданд.

31 август дар шаҳри Норак Форуми байналмилалӣ бо иштироки намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ, раиси шаҳри Норак, роҳбарон ва намояндагони ширкатҳои сайёҳии кишварҳои Корея, Австрия, Қазоқистон, Чин, Кувайт, Ӯзбекистон,  Тоҷикистон ва ғайра баргузор мегардад.

Ҳадаф аз баргузор намудани Форум ва намоишгоҳи байналмилалӣ ҷалби сайёҳони хориҷӣ ва муаррифии имкониятҳои васеи сайёҳии табобатию экологӣ, кӯҳнавардӣ, таърихию фарҳангӣ, ташвиқу тарғиби ҳунарҳои мардумӣ ва анъанаҳои миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, инчунин таҳкими ҳамкории дарозмуддат ва банақшагирии муштарак миёни ширкатҳои сайёҳии ватанию хориҷӣ ба ҳисоб меравад.

Дар поёни форум ва намоишгоҳ ба имзо расонидани санадҳои ҳамкорӣ миёни ширкатҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкатҳои сайёҳии Ҷумҳурии Корея, Австрия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Давлати Кувайт дар назар аст.

Август 30, 2018 17:25

Хабарҳои дигари ин бахш

РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд
Қатораи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» бо ҳайати сайёҳон ба Душанбе омад