Лука Модрич беҳтарин футболбози Аврупо эълон гардид
ДУШАНБЕ, 31.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Шоми гузашта дар шаҳри Монакои Франсия ниммуҳофизатгари хорватии клуби шоҳонаи «Реал»-и Мадрид ва дастаи мунтахаби Хорватия Лука Модрич беҳтарин футболбози УЕФА дар мавсими футболи 2017-2018 эълон гардид.
Дар ин бора Созмони Хадамоти матбуоти Федартсияи футболи Аврупо хабар медиҳад. Барои унвони беҳтарин футболбози Аврупо ба ғайр аз Модрич, инчунин Муҳаммад Салоҳ («Ливерпул» ва дастаи мунтахаби Миср) ва Криштиану Роналду («Реал», «Ювентус» ва дастаи мунтахаби Португалия) низ даъвогар буданд.
Лука Модрич бо «Реал» мавсими гузашта соҳиби Ҷоми Лигаи чемпионҳо ва бо дастаи мунтахаби Хорватия соҳиби медалҳои нуқраи Чемпионати ҷаҳон гардида буд. Ба замми ин, Модрич ба ҳайси беҳтарин бозингари Чемпионати ҷаҳони соли 2018 дар Россия интихоб шуд.








Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ оид ба тарғиби либоси миллӣ ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
Варзишгари тоҷик Беҳрӯз Умаров дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон соҳиби медали тилло гардид
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Сафири Тоҷикистон дар Миср бо муовини раиси Иттифоқи журналистони африқоӣ-осиёӣ мулоқот кард
Оид ба дурнамои дӯстӣ ва шарикии стратегии Тоҷикистону Туркманистон конфронси байналмилалӣ доир гардид
Намояндагони Бонки Осиёии Рушд бо фаъолияти гузаргоҳи «Фотеҳобод — Ойбек» шинос шуданд
Дар Манама ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистону Баҳрайн баррасӣ гардиданд
Имрӯз даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» оғоз гардид
Мавзеи Аксикони ноҳияи Ашт бо кӯли дорои лойи табиии шифобахш ва табиати нотакрор маъруф аст
Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» доир ба сарнавишти Борбади Марвазӣ филми ҳунарӣ ба навор мегирад
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






