«МАВҚЕЪ»: БАРНОМАИ ТАҲЛИЛИИ ХУРШЕДИ ҲАМДАМ ДАР РАДИОИ «FM ХОВАР» (Нашри дуюм)

Август 8, 2018 16:12

Тоҷикистон ва Ӯзбекистон: Дурнамои ҳамкориҳо

Сафари дарпешистодаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафҳаи наверо дар муносиботи миёни ду кишвари дӯсту бародар ва ҳамсоя боз хоҳад кард. Ин сафар дар ҳолест, ки моҳи марти соли равон нахустин дидори расмии Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар чорчӯби сафари давлатии Президенти Ӯзбекистон ба Душанбе баргузор шуд. Дар ин сафар миёни ду давлат 27 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расиданд ва як консерти муштараки ҳунармандони тоҷику ӯзбек ҳам таҳти унвони «Шоми дӯстӣ» барпо гардид, ки дар беш аз 20 соли охир собиқа надошт.

Хабари барнома:

Аз  1 то 4 августи соли равон Ҳайати дӯстии Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аз 57 нафар намояндагони баландпояи илму фарҳанг ва адабиёти кишвари мо ба манзури густариши ҳамкориҳои дуҷониба бо Ӯзбекистон ин кишвари ба мо дӯсту ҳамсоя қарор дошт. Вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода роҳбарии ин ҳайатро бар ӯҳда дошт. Ба ҳайати мазкур ҳамчунин вакилони Парлумони Тоҷикистон Лутфия Раҷабова ва Миралӣ Достиев, Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон  Фарҳод Раҳимӣ, Ректори ДМТ Муҳаммадюсуф Имомзода, академик Кароматулло Олимов, Шоирони халқии Тоҷикистон  Аскар Ҳаким, Меҳмон Бахтӣ, Зулфия Атоӣ, Камол Насрулло, Нависандагони халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, Абдулҳамид Самад, Ҳунарпешаи халқии СССР Зебо Аминзода, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Аловиддин Абдуллоев ва дигарон шомил буданд.

2 август дар толори яке аз меҳмонхонаҳои байналмилалии Тошканд мизи гирде бо иштироки рӯшанфикрони ду кишвар баргузор шуд ва дар чаҳорчӯби он филми мустанаде бахшида ба ҳамкориҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон таҳти унвони «Зери як бом»  намоиш дода  шуд.

Ҳайати Тоҷикистон дар суҳбати  Пресс-клуби байналмилалии Тошканд ширкат намуда, аз  Академияи илмҳои Ӯзбекистон дидан кард. Бегоҳии 2 август дар меҳмонхонаи «International Hotel Tashkent» барномаи консертии Вазорати фарҳанги Ӯзбекистон баргузор шуд. Рӯзи 3 август ҳайати Тоҷикистон ба шаҳри  Самарқанд рафт ва дар  баробари  боздид аз маконҳои таърихиву бостонии ин шаҳр дар як барномаи калони ҳунарӣ иштирок кард. Сафари ҳайати ҳунармандону рӯшанфикрони тоҷик ба Ӯзбекистон бо боздид аз Хона-музеи сардафтари адабиёти советии тоҷик Садриддини Айнӣ ба поён расид.

Иштирокдорони барнома:

Шамсиддин Орумбекзода, Вазири фарҳанги Тоҷикистон, Фарҳод Раҳимӣ,  Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон, Сулаймон Эрматов, шоири ӯзбекзабони  Тоҷикистон  ва Марзия Саидзода,  хабарнигори  АМИТ «Ховар», ки ӯ низ ба ин ҳайат шомил буд.

Сафари  аҳли илму фарҳанг ва адабиёти тоҷик ба Ӯзбекистон аз руйдодҳои муҳим дар ҳафтаи гузашта буд ва на танҳо ВАО-и дохилӣ, балки расонаҳои иттилоотии хориҷӣ низ ин  рӯйдодро инъикос намуда, онро намунаи беҳтарини густариш ва ҳамзамон тақвияти равобиту ҳамкориҳои ду кишвари дӯсту бародар ва ҳамсоя хонданд.

Дар зер сабти суҳбатро бишнавед.

 

Август 8, 2018 16:12

Хабарҳои дигари ин бахш

ҚОНУНИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН». Шарҳи он дар барномаи «Ватанпарвар»-и Радиои «Ховар»
«ЗАН ВА ОБОДОНИИ МАҲАЛ». Мавзӯи мазкур дар барномаи «Зан ва зиндагӣ»-и Радиои «Ховар» баррасӣ карда мешавад
«АЗ ФУРӮҒ ТО ФУРӮҒ». Дар ин барномаи Радиои «Ховар» Мадина Каримзода доир ба ғолибияти худ дар озмуни ҷумҳуриявӣ маълумот медиҳад
«ОБШАВИИ ПИРЯХҲО-МУШКИЛОТИ БУЗУРГИ САЙЁРА». Баррасии мавзӯъ дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар»
ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ОБУ ИҚЛИМ. Баррасии мавзӯъ дар барномаи таҳлилии «Сарват»-и Радиои «Ховар»
«ЗАН ВА ЗИНДАГӢ». Дар ин барномаи Радиои «Ховар» мавзўи нақши бонувон дар рушди илмҳои дақиқ шарҳ дода мешавад
«СОЛИ 2025-СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО». Дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар» зарурати қабули ташаббуси навбатии Тоҷикистон баррасӣ мегардад
«СОЛИ 2025-СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО». Баррасии аҳамияти ташаббуси панҷуми ҷаҳонии Тоҷикистон дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар»
КОНФРОНСИ ОБИ СММ-2023. Нақши он дар ҳалли муаммоҳои экологӣ дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар» баррасӣ мешавад
КОНФРОНСИ ОБИ СММ-2023. Барномаи «Сарват» — и Радиои «Ховар» нақши онро дар масъалаи ҳифзи пиряхҳо баррасӣ менамояд
КОНФРОНСИ ОБИ СММ-2023. Раванди омодагӣ ба он дар барномаи таҳлилии «Сарват»-и Радиои «Ховар» баррасӣ мегардад
Барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар» масъалаи тағйирёбии иқлимро аз нигоҳи Бюллетени Созмони ҷаҳонии метеорологӣ шарҳ медиҳад