«МАВҚЕЪ»: барномаи таҳлилии Хуршеди Ҳамдам дар Радиои «FM Ховар» (Нашри якум)
ДУШАНБЕ, 04.08.2018./АМИТ «Ховар»/. 29 июл ба гурӯҳи 7-нафарии сайёҳони хориҷӣ дар минтақаи Себистони ноҳияи Данғара ҳамла сурат гирифт. Дар натиҷа, чор нафар кушта ва се нафар захмӣ шуданд. Кушташудаҳо – ду нафар амрикоӣ, як нафар швейтсарӣ ва як нафар ҳолландӣ буданд. Сайёҳони захмӣ аз Ҳолланд, Фаронса ва Швейтсария мебошанд. Расонаҳои хориҷӣ ин ҳамларо дар таърихи Тоҷикистони соҳибиистиқлол бесобиқа унвон карданд.
Ҳамзамон ҳодисаи марбут ба кушта шудани сайёҳони хориҷӣ дар минтақаи Себистони ноҳияи Данғара дар саргаҳи матолиби расонаҳои минтақа ва хориҷи Тоҷикистон қарор дорад. Ҳар расона кӯшиш дорад, то ин ҳодисаро ба таври худ шарҳу тафсир диҳад. Аммо воқеият чист? Чаро ин воқеаи нангин рух дод? Давлату ҳукумати Тоҷикистон чӣ иқдомотеро барои боздошт ва саркӯб кардани омилони ин ҳодиса рӯи даст гирифтааст? Чӣ бояд кард, то воқеаҳои монанд ба ин такрор нашаванд? ва …
Шореҳи АМИТ «Ховар» Хуршеди Ҳамдам дар барномаи нави муаллифӣ ва таҳлилии «Мавқеъ» дар Радиои Ховар бо ширкати Сайфулло Сафаров, муовини аввали директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶумҳурииТоҷикистон, Мутеъулло Наҷотзода, муовини директори Маркази исломшиносии Тоҷикистон ва Исомиддин Шарифзода, таҳлилгари тоҷик кӯшидааст, то ба ин суолҳо посух бигирад. Дар зер сабти суҳбатро бишнавед:
Суҳбати аудиоии Барномаи «Мавқеъ».








ҚОНУНИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН». Шарҳи он дар барномаи «Ватанпарвар»-и Радиои «Ховар»
«ЗАН ВА ОБОДОНИИ МАҲАЛ». Мавзӯи мазкур дар барномаи «Зан ва зиндагӣ»-и Радиои «Ховар» баррасӣ карда мешавад
«АЗ ФУРӮҒ ТО ФУРӮҒ». Дар ин барномаи Радиои «Ховар» Мадина Каримзода доир ба ғолибияти худ дар озмуни ҷумҳуриявӣ маълумот медиҳад
«ОБШАВИИ ПИРЯХҲО-МУШКИЛОТИ БУЗУРГИ САЙЁРА». Баррасии мавзӯъ дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар»
«ЗАН ВА ЗИНДАГӢ». Дар ин барномаи Радиои «Ховар» мавзўи нақши бонувон дар рушди илмҳои дақиқ шарҳ дода мешавад
КОНФРОНСИ ОБИ СММ-2023. Раванди омодагӣ ба он дар барномаи таҳлилии «Сарват»-и Радиои «Ховар» баррасӣ мегардад






