«МАВҚЕЪ»: БАРНОМАИ ТАҲЛИЛИИ ХУРШЕДИ ХОВАР (ҲАМДАМ) ДАР РАДИОИ «FM ХОВАР» (Нашри чорум)

Август 27, 2018 08:11

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Фармоне ба тасвиб расониданд, ки тибқи он маоши кормандони идораҳои буҷетӣ, нафақа ва стипендия то 15 фоиз боло бурда мешавад. Фармони мазкур аз 1-уми сентябри имсол ба иҷро медарояд.

Тибқи ин Фармон, маоши кормандони соҳаҳои маорифу илм, фарҳанг, ҳифзи иҷтимоӣ ва кормандони идораҳое, ки аз ҳисоби буҷети давлат маблағгузорӣ мешаванд, 15 дарсад боло бурда мешавад. Андозаи нафақа низ аз 1 – уми сентябр боло бурда мешавад.

Ба иттилои Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, андозаи ҳадди ақали нафақа аз рӯи синну сол 15,4 дарсад ва андозаи ҳадди ниҳоии нафақаи меҳнатӣ аз рӯи синну сол 13,5 дарсад зиёд карда мешавад. Ҳадди ниҳоии нафақа аз рӯи синну сол 180 ва нафақаи меҳнатӣ 850 сомонӣ муқаррар шудааст.

Ҳамчунин андозаи стипендияи донишҷӯён низ 15 дарсад боло меравад. Дар  ҳоли ҳозир ҳадди ақали стипендия 130 сомониро ташкил медиҳад.

Мувофиқи маълумоти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон музди миёнаи маош дар ҷумҳурӣ 1169 сомониро ташкил медиҳад.

Суоли мавриди назар ин аст, ки то куҷо боло бурдани маош сатҳи зиндагии иқтисодӣ ва иҷтимоии аҳолиро беҳбуд мебахшад?

Ба манузри посух ба ин ва дигар саволҳо  ба студияи «Радиои Ховар» сардори Раёсати макроиқтисодии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафурҷон РАСУЛОВ, мудири шуъбаи таърихи афкори иқтисодии Пажӯҳишгоҳи  иқтисодии АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин ҶАЛОЛОВ ва коршиноси тоҷик Фирӯз МИРЗОЕВ даъват шудаанд.

 

Август 27, 2018 08:11

Хабарҳои дигари ин бахш

ҚОНУНИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН». Шарҳи он дар барномаи «Ватанпарвар»-и Радиои «Ховар»
«ЗАН ВА ОБОДОНИИ МАҲАЛ». Мавзӯи мазкур дар барномаи «Зан ва зиндагӣ»-и Радиои «Ховар» баррасӣ карда мешавад
«АЗ ФУРӮҒ ТО ФУРӮҒ». Дар ин барномаи Радиои «Ховар» Мадина Каримзода доир ба ғолибияти худ дар озмуни ҷумҳуриявӣ маълумот медиҳад
«ОБШАВИИ ПИРЯХҲО-МУШКИЛОТИ БУЗУРГИ САЙЁРА». Баррасии мавзӯъ дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар»
ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ОБУ ИҚЛИМ. Баррасии мавзӯъ дар барномаи таҳлилии «Сарват»-и Радиои «Ховар»
«ЗАН ВА ЗИНДАГӢ». Дар ин барномаи Радиои «Ховар» мавзўи нақши бонувон дар рушди илмҳои дақиқ шарҳ дода мешавад
«СОЛИ 2025-СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО». Дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар» зарурати қабули ташаббуси навбатии Тоҷикистон баррасӣ мегардад
«СОЛИ 2025-СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО». Баррасии аҳамияти ташаббуси панҷуми ҷаҳонии Тоҷикистон дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар»
КОНФРОНСИ ОБИ СММ-2023. Нақши он дар ҳалли муаммоҳои экологӣ дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар» баррасӣ мешавад
КОНФРОНСИ ОБИ СММ-2023. Барномаи «Сарват» — и Радиои «Ховар» нақши онро дар масъалаи ҳифзи пиряхҳо баррасӣ менамояд
КОНФРОНСИ ОБИ СММ-2023. Раванди омодагӣ ба он дар барномаи таҳлилии «Сарват»-и Радиои «Ховар» баррасӣ мегардад
Барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар» масъалаи тағйирёбии иқлимро аз нигоҳи Бюллетени Созмони ҷаҳонии метеорологӣ шарҳ медиҳад