Раиси Кумитаи Парлумони Тоҷикистон ба саволҳои хабарнигори «УзА» посух дод

Август 8, 2018 17:59

ДУШАНБЕ, 08.08.2018 /АМИТ «Ховар»/. «Ҳамкории илмию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон  беш аз пеш тавсеа меёбад. Далели ин сафари ҳайати баландпояи зиёиёни тоҷик ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон мебошад, ки рӯзҳои  1-4 август сурат гирифт». Чунин зикр кард раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонон Лутфия Раҷабова имрӯз дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявии «Ховар» дар мулоқот бо  хабарнигори Агентии иттилоотии Ҷумҳурии Ӯзбекистон «УзА» Ирисмат АБДУЛҲАҚОВ, ки ҷиҳати иштирок дар пресс-тур ба Душанбе омадааст.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки Лутфия Раҷабова таасуроташро доир ба сафари ҳайати фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрҳои Тошканд ва Самарқанд баён карда, онро нек ва хотирмон арзёбӣ намуд. Вай гуфт, ки мардумони ҳар ду кишвар аз қадимулайём дорои  муштаракоти фарҳангӣ буда, ҳазорсолаҳо дар канори ҳам дӯстона умр ба сар бурда, дар рушди тамаддуни ҷаҳонӣ нақши  босазо гузоштаанд.

Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон  ҳамзамон доир ба саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ рушду пешрафти ҷомеаи Тоҷикистон ва тавсеаи робитаҳои дӯстӣ ва  ҳусни ҳамҷаворӣ бо кишварҳои минтақа, хоса Ҷумҳурии Ӯзбекистон сухан намуда, гуфт, ки сиёсати хориҷии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати дарҳои боз буда, тақвияти робитаҳои  самарабахш бо ҳамсоякишварҳо, аз  ҷумла Ӯзбекистон  бештар афзалият дорад. Умед аст, ки сафари давлатии  дар пеш истодаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар тақвияти робитаҳои ду кишвари дӯсту бародар ва ҳамсоя марҳилаи наверо боз намояд.

Ҳамзамон раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон роҷеъ ба фаъоияти палатаи поёнии Парлумони мамлакат саҳми  вакилон дар таҳияи қонунҳо, хусусан қонунҳои миллӣ ибрози назар кард.

Ёдовар мешавем, ки рӯзҳои 10-11 августи соли равон бо ташаббуси Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ва Шӯрои агентиҳои иттилоотии давлатии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/ дар ҳамкорӣ бо Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон саёҳати журналистон (пресс-тур) ба маконҳои таърихию фарҳангии шаҳрҳои Душанбе, Ҳисор, Турсунзода, Норак  пешбинӣ шудааст. Дар он иштироки намояндагони агентиҳои иттилоотии давлатииҷумҳуриҳои узви ИДМ — ИТАР-ТАСС, АБИ «КАЗИНФОРМ», АМИҚ «Кабар», АМИӮ «УзА» ва ғайраҳо дар назар дошта шудааст.

Бояд тазаккур дод, ки гузаронидани пресс-тур дар ҷаласаи 21-уми Шӯрои роҳбарони агентиҳои иттилоотии давлатӣ, ки 15-16 марти соли 2016 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, ба нақша гирифта шуда буд. Он замон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раиси Шӯро, Директори генералии ТАСС (Россия) Сергей Михайлов ва муовини аввали ӯ Михаил Гусманро ба ҳузур пазируфта буданд. Пресс-тур барои рӯзноманигорони агентиҳои иттилоотии пешсафи ИДМ дар доираи чорабинии бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардида, ба раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ дар соли 2018 бахшида шудааст.

Август 8, 2018 17:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳаҳои маорифу тандурустии ноҳияи Ёвон нақшаи захираи ангишт пурра иҷро гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Ишкошим сохтмони Литсейи касбии техникӣ оғоз ёфт
Сарони давлатҳо қарорро дар бораи таъсиси қолаби нав бо номи «ИДМ плюс» имзо карданд
Раим Саданшоев: «Мо на танҳо дар самти таъмини алоқа, балки дар дигар соҳаҳо низ ҳамроҳи шумоем»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар Лахш барои фаъолияти самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистон беш аз як миллион сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст
Чӣ тавр тарофаро дар якчанд дақиқа метавон фаъол кард?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
50 ҳазор аҳолии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо оби тозаю безарари нӯшокӣ таъмин мегарданд