Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба сохтмони бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №65 оғози расмӣ бахшид

Август 28, 2018 14:40

ДУШАНБЕ, 28.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 28 август дар арафаи оғози соли нави хониши 2018-2019 ва бахшида ба 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба сохтмони бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 65-и ноҳияи Шоҳмансур оғози расмӣ бахшид. 

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ  «Ховар»  хабар доданд, зимни муаррифии лоиҳа ба Раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ иттилоъ дода шуд, ки иншооти мазкур дар масоҳати беш аз 6 000 метри мураббаъ доман паҳн намуда, аз бинои зебову хуштарҳи чорошёна иборат хоҳад буд.

Тибқи иттилои масъулин, бинои нави мактаб аз 39 синфхона, аз ҷумла синфхонаҳои махсусгардонидашуда барои фанҳои дақиқ, синфхонаҳои компютерӣ, таълими меҳнат ва ҳунарҳои мардумӣ, инчунин толори барҳавои варзишӣ, маҷлисгоҳ барои 420 ҷойи нишаст, китобхона, ошхона бо 220 ҷойи нишаст ва иншооти дигари ёрирасон иборат буда, барои 860 хонанда пешбинӣ шудааст.

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба масъалаи тарҳу намуди лоиҳа таваҷҷуҳ намуда, ҷиҳати ба талаботи шаҳрсозӣ ва стандартҳои муассисаҳои таълимӣ ҷавобгӯ будани намуди берунаи бино ба лоиҳакашон ва масъулини дахлдори шаҳр маслиҳатҳои муфид дод.

Бинои наву замонавии МТМУ №65 аз ҷониби соҳибкор Абдуҳалим Қодирзода дар доираи омодагиҳо ба таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати 1 сол сохта,  мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад.

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба масъулини дахлдори пойтахт ҷиҳати сари вақт ва ҷавобгӯ ба талаботи муосир анҷом додани корҳои сохтмонӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Аз ҷумла таъкид намуд, ки бинои нави муассисаи таълимӣ бояд то арафаи соли хониши 2019-2020 сохта шавад, то хонандагони ин даргоҳи илму маърифат таҳсили худро дар шароити муосиру замонавӣ идома диҳанд.

Ҳамчунин роҳбарони сохторҳои марбутаи шаҳр муваззаф гардиданд, ки сифати корҳо ва масолеҳи сохтмонии истифодашавандаро ба таври ҷиддӣ таҳти назорат қарор диҳанд.

Ба иттилои манбаъ, пас аз ба истифода супурдани бинои нави таълимӣ барои 1720 хонанда дар ду баст шароити муосири таълиму таҳсил фароҳам оварда мешавад.

 

Август 28, 2018 14:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.5751 то 9.6000 сомонӣ муқаррар шудааст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 апрел, сешанбе, 97-умин рӯзи соли 2026 аст
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
Дар шаҳри Бӯстон Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
БА ТАВАҶҶУҲИ МОЛРАСОНОНУ ПУДРАТЧИЁН!!!
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид