Қуръакашӣ гурӯҳҳои Лигаи чемпионҳои Аврупоро муайян кард
ДУШАНБЕ, 31.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Қуръакашӣ шоми дирӯз дар шаҳри Монакои Франсия гурӯҳҳои Лигаи чемпионҳои Аврупоро дар мавсими нави футболи 2018-2019 муайян кард. Тибқи пешгӯии мутахассисони соҳаи футбол, имсол бозиҳои Лигаи чемпионҳои Аврупо нисбат ба солҳои пешин пешгӯинашаванда хоҳанд буд.
Чемпиони се соли охири Лигаи чемпионҳои Аврупо -клуби шоҳонаи «Реал»-и Мадрид бе Зениддин Зидан ва Криштиано Роналду оё метавонад мавқеи чемпиониро дар мавсими нав нигоҳ дорад ва мудаии асосии Ҷом бошад?
Дар ин самт фикрҳо гуногунанд. «Ювентус», «Манчестер Сити», «Барселона», ПСЖ ва финалисти соли гузашта «Ливерпул» омодаанд, ки Ҷоми Лигаи чемпионҳоро болои сари худ бардоранд ва чемпиони феълиро аз мақом барканор созанд.
Натиҷаи қуръакашӣ дар гурӯҳҳо мавқеи садрнишинонро ба як маъно муайян кард. Дар гурӯҳи «А» «Атлетико»-и Мадрид ва «Боруссия»-и Дортмунд, дар гурӯҳи «В» «Барселона» ва «Тоттенҳем», дар гурӯҳи «С» ПСЖ ва «Ливерпул», дар гурӯҳи «D» «Порту» ва «Шалке», дар гурӯҳи «Е» «Бавария» ва «Бенфика», дар гурӯҳи «F» «Манчестер Сити» ва «Шахтёр», дар гурӯҳи «G» «Реал» ва «Рома» ва дар гурӯҳи «H» «Ювентус» ва «Манчестер Юнайтед» даъвогарони асосии унвони чемпионӣ мебошанд. Аммо дигар дастаҳое, ки ба гурӯҳҳо шомил шудаанд, оддӣ нестанд ва метавонанд ҳар лаҳза ҳангомаро барои мухлисони футбол эҷод намоянд.
Бозиҳои аввали Лигаи чемпионҳои Аврупо 18-19-уми сентябр баргузор мешаванд. Ҳоло ба натиҷаи қуръакашӣ таваҷҷуҳ кунед.
Гурӯҳи А: «Атлетико» (Испания), «Боруссия» Д (Олмон), «Монако» (Франсия), «Брюгге» (Белгия).
Гурӯҳи B: «Барселона» (Испания), «Тоттенҳэм Хотспур» (Англия), «ПСВ Эйндховен» (Ҳолланд), «Интер» (Италия).
Гурӯҳи C: «ПСЖ» (Франсия), «Наполи» (Италия), «Ливерпул» (Англия), «Срвена Звезда» (Сербия).
Гурӯҳи D: «Локомотив» (Россия), «Порту» (Португалия), «Шалке-04» (Олмон), «Галатасарай» (Туркия).
Гурӯҳи E: «Бавария» (Олмон), «Бенфика» (Португалия), «Аякс» (Ҳолланд), АЕК (Юнон).
Гурӯҳи F: «Манчестер Сити» (Англия), «Шахтёр» (Украина), «Лион» (Франсия), «Хоффенхайм» (Олмон).
Гурӯҳи G: «Реал» (Испания), «Рома» (Италия), ССКА (Россия), «Виктория» Плзен (Чехия).
Гурӯҳи H: «Ювентус» (Италия), «Манчестер Юнайтед» (Англия), «Валенсия» (Испания), «Янг Бойз» (Швейтсария).









Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ оид ба тарғиби либоси миллӣ ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
Варзишгари тоҷик Беҳрӯз Умаров дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон соҳиби медали тилло гардид
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Сафири Тоҷикистон дар Миср бо муовини раиси Иттифоқи журналистони африқоӣ-осиёӣ мулоқот кард
Оид ба дурнамои дӯстӣ ва шарикии стратегии Тоҷикистону Туркманистон конфронси байналмилалӣ доир гардид
Намояндагони Бонки Осиёии Рушд бо фаъолияти гузаргоҳи «Фотеҳобод — Ойбек» шинос шуданд
Дар Манама ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистону Баҳрайн баррасӣ гардиданд
Имрӯз даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» оғоз гардид
Мавзеи Аксикони ноҳияи Ашт бо кӯли дорои лойи табиии шифобахш ва табиати нотакрор маъруф аст
Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» доир ба сарнавишти Борбади Марвазӣ филми ҳунарӣ ба навор мегирад
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






