ВАХШ: ҳамкории милитсия бо ҷомеа метавонад ҳама гуна амалу кирдори зиддиҳуқуқиро бартараф намояд
ДУШАНБЕ, 10.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатар эҷод кардааст. Ва шомилшавии шаҳрвандон, алалхусус ҷавонон ба ин гурӯҳҳои ифротгаро, ки оқибатҳои нангинро дар пай дорад, боиси нигаронии аҳли ҷомеа гаштааст. Ин нуктаро сардори шуъбаи ВКД дар ноҳияи Вахш Рустам Аҳмадзода зимни вохӯрӣ бо сокинони ҷамоати шаҳраки Кирови шуъбаи 1-уми ноҳияи Вахш зикр намуд.
Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд. Ба иттилои манбаъ, дар вохӯрӣ ҳамчунин таъкид гардидааст, ки «танҳо эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар, номуси баланди ватандорӣ, пос доштани арзишҳои миллӣ ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунё дар пешорӯи ин хатари умумӣ тақозо менамояд, ки садди роҳи ин вабо гирифта шавад».
Дар ҷамъомад иштирокдорони касбу кори гуногун низ атрофи ин хатари умумибашарӣ ибрози андеша намуда, зикр карданд, ки ҳамкории мутақобилан судманди милитсия бо ҷомеа метавонад ҳама гуна амалу кирдори зиддиҳуқуқиро бартараф намояд.
Дар рафти вохӯрӣ кормандони мақомоти милитсия аз аҳли ҷомеа даъват ба амал оварданд, ки барои пешгирӣ ва рафъи зуҳуроти халалдоркунандаи тартиботи ҷамъиятӣ саҳмгузор бошанд.








Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд






