«ЗИ ҶӮЕ, КИ ХӮРДӢ АЗ ОН ОБИ ПОК…». Ба таваҷҷуҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат расонида мешавад!
ДУШАНБЕ, 22.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Чандест, ки бемасъулиятии чанд нафар соҳибкорон аз деҳаи «Баҳор»-и шаҳри Ваҳдат ҳамдеҳагонашонро ба ташвиш овардааст. Ин соҳибкорон, ки ба қассобӣ машғуланд, баъди забҳи чорво партови онро ба соҳили дарёи Кофарниҳон бурда мепартоянд. Бӯйи ғализи ин партовгоҳи соҳили дарё ба атроф паҳн гашта, онро ба макони магас ва дигар ҳашароти зараррасон табдил додааст. Баробари шунидани номи деҳаи «Баҳор» пеши назар манзараҳои хушу гуворо ҷилвагар мешавад. Аммо дар деҳаи «Баҳор»-и шаҳри Ваҳдат мо баръакси ҳолро дидем.
Ҳангоме, ки хабарнигор ва суратгири АМИТ «Ховар» аз ин мавзеъ дидан намуданд, каме дуртар аз ин макон кӯдакон дар дарёи Кофарниҳон ба оббозӣ машғул буданд.
Мо ба ин кӯдакон фаҳмонидем, ки оббозӣ кардан дар ин мавзеъ барояшон хатарнок аст, зеро он метавонад сабаби ба ҳар гуна бемории сироятӣ гирифтор гардидани онҳо гардад. Аммо бачаҳо дар ин ҳавои гарми тобистон фақат оббозӣ карданашонро медонистанду халос. Онҳо ба сӯи мо бо табассум нигоҳ карданду оббозии худро идома доданд. Яъне на парвои партовгоҳ доштанду на аз бемор шудан.
Аммо онҳое, ки дар ин бора бояд ҷиддан андеша созанд ва онро пешгирӣ намоянд, чаро ба чунин фориғболӣ роҳ додаанд?
Воқеан ҳам, кӣ кафолат дода метавонад, ки ин партовгоҳ сабаби сар назадани бемориҳои сироятӣ намегардад ва ин кӯдакон ба онҳо гирифтор намешаванд? Ҳатто чанд дақиқае, ки мо он ҷо қарор доштем, аз бӯйи ғализи он сарамон ба дард омада, худамонро ноҷӯр ҳис кардем. Наход дидани чунин манзараи ҳузнангез дар соҳили дарё масъулинро ба андеша водор намесозад? Чаро онҳо онро нодида мегиранд? Наход ягон илоҷи дигари нест кардани ин партовҳо вуҷуд надошта бошад?
Бар замми ин магар ин соҳибкорон ва масъулин байти машҳури мардумиро фаромӯш кардаанд, ки дар он чунин омадааст:
Зи ҷӯе, ки хӯрдӣ аз он оби пок,
Нашояд фикандан дар он сангу хок.
Мо бо мақсади шарҳи ин масъала ва ҳамсуҳбат гардидан бо раиси маҳаллаву ҷамоат ба суроғи онҳо рафтем. Мутаассифона, на раиси маҳалла ва на раиси ҷамоатро пайдо карда натавонистем. Аз суҳбат бо чанд нафар сокинони ин деҳа фаҳмидем, ки ин соҳибкорон, ки «муаллиф»-и ин партовгоҳ ҳастанд, дар «Бозори Меҳргон»-и шаҳри Душанбе дӯкони гӯшт дошта, ба тиҷорати он машғуланд.

Итминон дорем, ки масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати шаҳри Ваҳдат камбудии мавҷударо раъф сохта, дар ин самт тадбирҳои зарурӣ меандешанд ва аз натиҷаи тадбирҳои андешидашуда ба сомонаи АМИТ «Ховар» посух ирсол менамоянд.
Рухсораи НУР,
Тоҳир САИД,
АМИТ «Ховар»













Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад






