ҲАР СОКИНИ ТОҶИКИСТОН КАДОМ ВА ЧӢ МИҚДОР МАҲСУЛОТ БОЯД ИСТЕЪМОЛ НАМОЯД. Меъёрҳои тавсиявии физиологии маҳсулоти асосии озуқаворӣ ба ҳар сари аҳолӣ дар Тоҷикистон муайян шуданд

Сентябрь 22, 2018 09:00

ДУШАНБЕ, 22.09.2018. /АМИТ «Ховар»/.  31 августи соли равон аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  Қарор «Дар бораи   меъёрҳои тавсиявии физиологии маҳсулоти асосии озуқаворӣ ба ҳар сари аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон»  ба имзо расонда шуд.

Қарори мазкур дар саҳифаи маълумоти ҳуқуқии Вазорати адлияи Тоҷикистон нашр карда шуда, тибқи он ба феҳристи маҳсулоти асосии хӯроквории сокинони Тоҷикистон нону маҳсулоти нонӣ, растаниҳои ғалладонагӣ, лӯбиёӣ, гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ, моҳӣ, шир ва маҳсулоти ширӣ, тухм, равған, қанд, сабзавоту маҳсулоти полезӣ, картошка ва чой дохил карда шудаанд.

Тавре аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, Вазорати рушди иқтисод ва савдо    аз ҳисоби кормандони вазорату идораҳои дахлдор барои таҳияи меъёрҳои тавсиявии физиологии маҳсулоти асосии озуқаворӣ ба ҳар сари аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гурӯҳи корӣ таъсис дод ва дар ҷаласаҳои он тавсияҳои аз ҷиҳати илмӣ асоснок баррасӣ шуданд.

Бо пешниҳоди Гурӯҳи корӣ дар асоси хулосаи вазорату идораҳо лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи меъёрҳои тавсиявии физиологии маҳсулоти асосии озуқаворӣ ба ҳар сари аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон» омода гардид.

Дар таҳияи лоиҳаи санади мазкур тавсияҳои Маркази ҷумҳуриявӣ оид ба масъалаҳои ғизои Академияи илмҳои тиб ва Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон вобаста ба меъёрҳои тавсиявии физиологии маҳсулоти асосии озуқаворӣ ба ҳар сари аҳолӣ ба инобат гирифта шудаанд.

Ҳамзамон ҳангоми муайян намудани меъёрҳои тавсиявӣ имконият ва захираҳои ҷумҳурӣ дар таъмини амнияти озуқавории кишвар ва риояи расму оин ва хусусиятҳои миллӣ дар назар дошта шудааст.

Ба иттилои манбаъ, тибқи меъёрҳои мазкур, як нафар дар давоми як шабонарӯз бояд 404 грам нон ва маҳсулоти нонӣ, 111 грамм гӯшту маҳсулоти гӯштӣ, 25 грамм моҳиву маҳсулоти он, 316 грамм ширу маҳсулоти ширӣ, инчунин ними тухми мурғ истеъмол намояд.

Истифодаи меъёрҳои мазкур ҳангоми таҳияи барномаҳои соҳавӣ барои ташкили истеҳсолоти рақобатпазири  ба талаботи бозор мувофиқ, истифодаи мақсаднок ва идоракунии захираҳои табиӣ ҷиҳати таъмини аҳолӣ бо озуқа ва саноат бо ашёи хоми кишоварзӣ, мониторинги Барномаи амнияти озуқаворӣ ва амалӣ намудани чорабиниҳои дигаре, ки ба таъмини рушди устувори иқтисодиёт нигаронида шудаанд, мусоидат менамояд.

Бояд зикр намуд, ки баъди барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Беларус ва Россия меъёрҳои тавсиявии худро таҳия намуданд ва ҳангоми тағйирёбии вазъи иқтисодиёт ва захираҳои мавҷудаи кишвар ба онҳо тағйиру иловаҳо ворид менамоянд.

«Тибқи қарори мазкур Вазорати рушди иқтисод ва савдо, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, кишоварзӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, саноат ва технологияҳои нав дар сурати зарурӣ метавонанд ба меъёрҳои тавсияшудаи физиологии истеъмоли маҳсулоти асосии хӯрокворӣ тағйиру иловаҳо ворид намоянд»,-иттилоъ доданд аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Сентябрь 22, 2018 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба механизмҳои муосири арзёбии сифати таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ҳамоиш доир гардид
Монографияи илмӣ оид ба журналистикаи сайёҳӣ ба нашр расид
«ТОҶИКИСТОНИ МАН!». Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмун ҷамъбаст гардид
Имрӯз дар минтақаҳои доманакӯҳии ноҳияҳои тобеи Тоҷикистон сар задани сел пешгӯӣ мешавад
Сокини ноҳияи Кӯшониён аз ҳар қуттӣ кирмак то 35 килограмм пилла ба даст меорад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон рӯзона борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар шаҳри Бӯстон доир ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки иҷтимоӣ бо соҳибкорон вохӯрӣ баргузор шуд
Дар даҳсолаи охир дар ҷаҳон шумораи одамони бо гуруснагии фалокатбор рӯбарӯ нуҳ маротиба афзоиш ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Озмуни ҷумҳуриявии «Ҷавонон муқобили коррупсия» баргузор мешавад