АЗ ДУШАНБЕ ТО ДАНҒАРА: барои пос доштани хотираи сайёҳони ҳалокгардида веломарафон баргузор гардид. Гузориши хабарнигорони АМИТ «Ховар»

Сентябрь 3, 2018 16:00

ДУШАНБЕ, 03.09.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар арафаи таҷлили 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пос доштани хотираи қурбониён-сайёҳони хориҷие, ки дар натиҷаи ҳамлаи террористон 29-уми июли соли равон дар қаламрави мамлакат ба ҳалокат расиданд, веломарафон баргузор карда шуд.

Тавре мухбирони АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳанд, дар веломарафони мазкур, ки аз ҷониби ширкатҳои ватании «Рахш-таксӣ», «Скай тур», бо дастгирии Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара роҳандозӣ карда шуд, зиёда аз 70 нафар велосипедронон аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон, Америка, Туркия, Швейтсария, Олмон фаъолона иштирок намуданд. Дар чорабинӣ ҳамчунин намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон низ иштирок доштанд.

Велосипедронон субҳи барвақт аз километри 9-уми шаҳри Душанбе ба самти ноҳияи Данғара ҳаракат намуданд. Нисфирӯзӣ ба макони ҳодисаи нанговари баамаломада расиданд. Дар ин ҷо барои пос доштани хотираи сайёҳон муҷассамаи велосипед ва гулдаста гузоштанд.

Муовини якуми раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Ҳабибулло Амирбекзода зикр намуд, ки мақсади асосии баргузор намудани веломарафон-ин гиромӣ доштани хотироти сайёҳони хориҷӣ мебошад. «Ҳадафи дигар ба ин восита ба ҷаҳониён, бахусус сайёҳон муаррифӣ намудани Тоҷикистон ҳамчун  мамлакати амн ва осуда мебошад. Маҳз бо ташаббусҳои неку созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳон ҳамчун мамлакати амн мешиносанд ва эътироф мекунанд»,-илова намуд Ҳабибулло Амирбекзода.

Намояндаи Сафорати ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҳайати велосипедронон шомил буд, зикр кард, ки «шаҳрвандони Америка меҳмоннавозии тоҷиконро эътироф мекунанд ва ин амали террористон ба  рушди соҳаи сайёҳии Тоҷикистон халале ворид карда наметавонад».

Бояд гуфт, ки моҳи январи соли 2018 Департаменти давлатии ИМА Тоҷикистонро яке аз мамлакатҳои барои саёҳат амнтарин арзёбӣ карда, ба шаҳрвандонаш тавсия дод, ки ба ин мамлакат сафар кунанд. Ин ниҳоди сиёсати хориҷии Америка тавсияҳои сайёҳии навро барои сайёҳони америкоӣ дар сомонаи расмии худ (www.state.gov) нашр кард.

Ба иттилои расмии Кумитаи рушди сайёҳӣ, таваҷҷуҳи сайёҳон ва ташрифи онҳо ба мамлакати мо рӯз аз рӯз афзуда истодааст. Шумораи сайёҳоне, ки дар шаш моҳи соли равон ба Тоҷикистон ташриф оварданд, зиёда аз 500 ҳазор нафарро ташкил дод ва бори дигар гуфтаҳои болоро собит намуд.

Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Нуъмон Абдуғаффорзода зимни як суҳбати ихтисосӣ бо хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки амнияти сайёҳони хориҷӣ дар қаламрави Тоҷикистон пурра таъмин аст ва онҳо метавонанд аз ҳар гӯшаи табиати зебову дилрабои Тоҷикистони азиз дидан кунанд.

Ёдовар мешавем, ки 29 июли соли равон гурӯҳи мусаллаҳи ҷинояткорон бо автомашинаи тамғаи «Леганзе» дар шоҳроҳи Кӯлоб – Душанбе дар ҳудуди деҳаи Сафобахши ҷамоати деҳоти Оқсуи ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ба 7 нафар сайёҳони хориҷӣ, ки бо воситаи велосипедҳо аз самти Кӯлоб ба самти шаҳри Душанбе ҳаракат менамуданд, ҳуҷум карданд. Дар натиҷаи ин амали ноҷавонмардонаи гурӯҳи хоинон чор нафар аз сайёҳони хориҷӣ ба ҳалокат расиданд ва аз ҷониби қишрҳои мухталифи ҷомеа шадидан маҳкум гардиданд.

Шукӯҳи ДАЛЕР,
Файзалӣ НИЁЗ,
АМИТ «Ховар»,
Душанбе-Данғара-Душанбе

 

Сентябрь 3, 2018 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд