БАДАХШОН–САЙРИ ҶАҲОН. Чунин ном гузоштаанд таассуроти сафари худро омӯзгорони факултети журналистикаи ДМТ
ДУШАНБЕ, 13.09.2018./АМИТ «Ховар»/. Ҳоло таваҷҷуҳи сокинони мамлакат ва бисёр шаҳрвандони хориҷӣ ба Бадахшони кӯҳӣ нигаронида шудааст ва инро ду сабаб аст: аввалан, дар ин рӯзҳо сафари навбатии кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин гӯшаи дурдаст, дилпазир ва ҷаззоби кишварамон идома дорад; сониян, имсол Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидааст ва азбаски Бадахшон манзараҳои саёҳатбоб ва ҳунарҳои мардумии хоси худро дорад, вақтҳои охир теъдоди сайёҳони хориҷӣ, ки майли тамошои «Боми ҷаҳон» мекунанд, торафт меафзояд. Яъне имрӯзҳо Бадахшони кӯҳӣ вирди забони хосу ом аст ва маводе, ки дар зер пешниҳод менамоем, қобили таваҷҷӯҳ хоҳад буд.
…Соат шаши субҳ аст, аммо гармии фавқулодаи чанд ҳафтаи нимаи дуюми моҳи июл кори худро кардааст. Пойтахти кишвар аз тафси гармии чандрӯза алакай дар субҳ гӯё аз тануре гармии боқимондаро ба машом мерасонад. Тағирёбии иқлимаш ҳамин будагист. Солҳои пеш чунин гармиҳо қариб, ки набуданд. Аммо мо қаноатмандем. Зеро ҷое меравем, ки ҳама куҳ асту об асту насимаки сарди дарёи Омӯ моро навозиш мекунад. Фоли нек буд ё баракати Соли рушди сайёҳӣ, ки дар гармтарин рӯзҳои тобистони имсола бо як сафари хидматии омӯзишӣ аз ҷониби Вазорати фарҳанги кишвар роҳ сӯи Бадахшони куҳӣ пеш гирифтем.
Маълум, ки роҳ дур аст. 15-16 соат савори мошин ба як гӯшаи дурдасти кишвар сафар кардан андак душворӣ дошта бошад ҳам, аммо кайфияту ҳаловати он ҳама хастагиву душвориро равон-равон рафъ месозад. Аз баландӣ ба баҳри Норак менигарем ва шукрона аз он менамоем, ки мо манбаи об ҳастем. Ду ағба паси сар гашту ба навоҳии вилояти Хатлон расидем. Зиндагӣ бо маром ҷараён дорад. Ҳама дар паи ташвишҳои худ мебошанд ва ин далели он аст, ки фазои кишвар орому босубот аст. Ба чашм мерасад, ки аз деҳаҳо чорвои гуногун ба чаро мераванд. Бачаҳои шӯх бозикунону хандон аз подаҷои деҳаҳо ба хонаҳои худ бармегарданд. Баракати субҳ гуфта деҳқонон дар полезу саҳро дар паи коранд. Майдонҳои пахтазору сабзавот сабзу диққатрабо ба чашм мерасанд. Маҳсули заҳмати деҳқонон ҷо-ҷо дар сари роҳҳо фурӯхта мешаванд. Манзараҳои навоҳии ин вилояти гарми кишвар низ диданист.
Сафар кардан дар диёри худ дар ҳақиқат фараҳзост ва махсусан чун ба ин гуна сафари тӯлонитар мебароед, эҳсос мекунед, ки Тоҷикистон ҳеҷ гоҳе кӯчак нест. Шаҳри Душанбе, ноҳияҳои Ваҳдат, Норак, Данғара, Восеъ ҳар кадом ба монанди навори сабтшуда пеши чашм ба ҷилва меоянд. Соати дувоздаҳи рӯз ба ошхонаи «Помир-Кӯлоб» расидем. Ронандагоне, ки ба сӯи Бадахшон ҳаракат мекунанд, гӯё иттифоқе доранд. Аксаран дар ин ҷо таваққуф мекунанд. Мусофироне, ки дар пойтахт барои худ нақлиёт меҷустанд, алакай дар ин ҷо чун шиносҳои дерин ба ҳамдигар салом медиҳанд. Аз кӯфти роҳу бардошти сафар аз ҳамдигар пурсон мешаванд. Баъди таваққуфе боз ба роҳ мебароем. Акнун роҳи суӣ Шуробод пеш мегирем. Аз баландиҳои ағбаи Шуробод ҳама деҳоту манзилҳо зебо ба назар мерасанд. Поиндаштро аз баландӣ дидан аҷаб ҳаловате дорад. Ба оғӯши кӯҳҳои давомдору тӯлонии Бадахшон ворид мешавем. Ронандаи «Старекс» Бекмуҳаммад ҷавони андаке шӯх аст. Мошинро босуръаттар меронад. Барои аввалин бор сафаркунандагон чунин суръат дар роҳҳои пурпечутоб андаке ташвишдор бошад ҳам, аммо аксарият он қадар парво надоранд. Аз нақли Бекмуҳаммад бармеояд, ки ӯ таҷрибадор аст. Ҷавон ҳам намояд, аммо ба қавли худаш бисту як сол собиқаи ронандагӣ дорад. Ба ҳар сурат тез мошин ронданаш оромии хотир нест. Зеро болои сар шахҳои пурваҳм ва поин дарёи ҳайбатнок шуморо андешаманд месозанд.
Афсонаҳои роҳ
Роҳи Бадахшон афсункор будани табиатро ба шумо собит месозад. Теғаҳои кӯҳҳои баланд ва дарёи бадхашму тезсуръати Омӯ бинандаро мафтун менамоянд. Баъди фосилаҳои гуногуни роҳ ҳам аз чапу ҳам аз рост аз оғӯши кӯҳҳои баланд, аз рӯдҳои шӯхи куҳӣ обҳои ширмонанд ба дарёи Омӯ мерезанд. Чашмаҳои сарду гуворо бошанд дар ин роҳ як неъмати арзону фаровон аст. Дар он тарафи дарё низ зиндагӣ ҷараён дорад. Мардуми Афғонистони ҳамсоя низ паи зиндагии худ овораанд. Маълум, ки дар Бадахшони Афғонистон низ ҳар як ваҷаб замини кӯҳистони камзамин арзиш ва он ҷо ҳатман бӯи зиндагӣ дорад.
Дарахтони сабзу қадафрохта, полезҳои кабудранг, гову гусолаву гусфанд, бузу хару асп ва даҳҳо ҷузъиёти деҳоти кӯҳӣ дар онҷо низ чун навори филме ба чашм мерасанд.
Сафар дар оғӯши кӯҳистони Бадахшон як асрор дорад, ки онро ҳар нафари дар он ҷо буда бояд эҳсос карда бошад. Шумо ҳам аз ин ҷониб ва ҳам аз ҷониби Бадахшон чун ба сафар мебароед, фақат манзараҳои Афғонистонро мебинед. Бадахшон гӯё шуморо ба сайри ҷаҳон мебарад. Ба Чину Қирғизистону Покистон бо ин роҳҳо пайваст шудан мумкин аст. Гӯё табиати афсункор шуморо водор менамояд, ки дуриҳоро бинед. Манзили худамон дар пеши чашми худамон аст ва дар домани диёри худ қарор дорему онро ҳар замон мебинем. Бинанда намедонад, ки ба кадоме аз ин ҷилваҳои ин гӯшаи табиати диёр нигарад. Бадахшон мулкест, ки онро гӯё дар соҳилҳои дарёи Омӯ меҷӯед. Дар ҳақиқат қудрату ҳашамати Омӯ низ ба кӯҳҳои сарбафалаки Бадахшон бастагӣ дорад. Он обҳои шаффову ширине, ки аз дилу синаи кӯҳҳо метарованд, гӯё иродаи аз макони худ рафтанро надоранд. Ҳамин аст, ки чун ба Омӯ мерезанд, гилолуду тираранг мешаванд.
Бегоҳирӯзӣ муқобили ин дарё ба сӯи Хоруғ ҳаракат кардан даҳшату ваҳшати ин дарёро бештар нишон медиҳад. Акси офтоб дар мавҷҳои хурӯшону босуръати ин дарё ба чашм зада, ба дил ваҳмеро ҷо мекунад. Махсусан дар ҷойҳое, ки харсангҳои бузург қарор доранд, бархӯрдани мавҷҳои саркаш ҳашамати онро нишон медиҳанд. Аммо Бекмуҳаммад бепарво мошин меронад. Барои ӯ ин ҳама шояд як чизи муқарарӣ бошад. Охир дар як ҳафта 2-3 маротиба бо ин роҳ меояду меравад.
Дарвозу Ванҷ паси сар гардид. Собиқ Девдара ва имрӯз Гулдара акнун тобеи инсон гаштааст. Бо тасмиму талошҳои бевоситаи Пешвои миллат ин роҳ имрӯз ба роҳи ҳаёт табдил ёфтааст. Ба истилоҳ «Дулан»-ҳои дарози боркаш дар синаи куҳҳо хазида-хазида ба ин тарафу он тараф ҳаракат менамоянд. Чанд ҷо таваққуфи кӯтоҳ доштем. Зардолуву гелос, себу нок ва дигар анвои меваҳоро алакай дар сари роҳҳо чашидан мумкин аст. Ҳатто аҷиб буд, ки дар ҳудуди ноҳияи Дарвоз анҷири маҳаллиро медидем. Обҳои зулоли чашмаҳои Бадахшонро нӯшидан ҳузури ҷон аст. Аз ҳавои сарду салқини кӯҳистон бо фараҳ нафас мекашеду шукронаи неъматҳо менамоед.
Аҷобати сафар бо роҳи кӯҳӣ хеле зиёд буд. Муҳимтарину ҷолибтарин мушоҳида ин ба чашм расидани сайёҳони хориҷие буд, ки дучархасавор пеш мераванд. Назар ба қавли Бекмуҳаммад онҳо имсол хеле зиёд шудаанд. Онҳо бештар ҷуфт-ҷуфт ба назар мерасиданд. Дар баъзе мавридҳо панҷ-шаш нафарӣ равон будани онҳоро низ медидем. Аз мушоҳидаи онҳо нахустин хулоса он аст, ки кишвари мо тинҷу осуда аст ва онро ҷаҳониён чун як минтақаи амну сайёҳӣ пазируфтаанд. Гоҳе аз тирезаи мошин ба онҳо менигарем, ки хандону хушҳол дастафшонӣ мекунанд. Дар мавзеъҳои тамошобоби ҷаззоб онҳо таваққуф намуда, табиати моро наззора мекунанд. Дар баъзе ошхонаҳои кӯҳии камодам бо онҳо якҷоя хурок тановул менамоем. Касоне, ки каму беш забони англисиро медонанд, бо онҳо ҳамсӯҳбат мешаванд. Онҳо бештар аз Аврупову Амрико мебошанд. Тавре аз баъзе сӯҳбатҳо фаҳмидем, онҳо аз Италияву Белгия, Украинаву Литва, Фаронсаву Олмон, Испанияву Юнон будаанд, ки бо мақсади сайру сайёҳат ба кишвари мо омадаанд.
Инҷо Бадахшон аст!
Сафари мо дар тамоми навоҳии ВМКБ ҷараён дошт. Мақсади мо, тавре дар оғоз ишора гардид, шиносии кӯтоҳ бо вазъи матуботи маҳаллии ин навоҳӣ ба ҳисоб мерафт. Аммо бо истифода аз фурсатҳо мо аз лаззати тамошоҳо бенасиб набудем. Баъди як рӯзи дар ноҳияи Рӯшон будан ба шаҳри Хоруғ омадем. Сафари тақрибан яксоатаи мо то Хоруғ дар субҳи босафои кӯҳистон роҳатафзо буд. Ҳама ҷое, ки деҳаву манзили зисти одамон аст, сабзу хуррам мебошанд. Инро мо дар қиёс бо навоҳии қисмати ҷануби кишвар мегӯем, ки аксаран аз тафси гармои тобистон дар ин айём ҳама зарду хазоннамо мебошанд. Аммо ин ҷо олами дигари диёри мост. Сари роҳҳо бештар дарахтони ар-ар ба назар мерасанд. Гирди заминҳои ҷо-ҷо корам аз санг ҳандақпечанд. Касе юнучқа медаравад, касе ба хишоваи замин машғул аст ва сеюмӣ ба обмониву дигар корҳои кишоварзӣ банд мебошад.
Дар Хоруғ дар меҳмонхонаи «Дое Назарбайр» ҷойгир шудем. Амаки Алиназар соҳиби ин меҳмонхона ва марди хандону кушодачеҳра аст. Ӯ мегӯяд, ки тақлидкорӣ карда, номи ғарбиёна наҷустааст ва меҳмонхонаро ба номи падараш гузоштааст. Дое Назарбайр маънии амаки Назарбойро доштааст. Дар корвонсарои ӯ ба ғайр аз меҳмонони дохилӣ чанд нафар меҳмонони хориҷӣ низ буданд. Махсусан марду зани тақрибан 50-60-сола бо мо зуд унс гирифтанд. Дар субҳонаву хӯроки шом бо ҳамдигар салом дода, дар ошхона менишастем.
Хоруғро шаҳри тангу хурд номидан чандон дуруст нест. Дар домани соҳили дарёҳо шаҳри зебову диққатрабоест. Агар он шабу рӯз дар Душанбе гармии ҳаво то 40-43 дараҷа расад, ин ҷо дар бораи гармӣ қариб, ки фикр намекунед. Чунин ба назар мерасад, ки Хоруғ шаҳри сайёҳист. Меҳмонон бештар ин шаҳҳро пур сохтаанд. Зуд-зуд ба чашм меҳмонхонаҳои замонавии хурде ба назар мерасанд, ки барои қабули меҳмонон омода шудаанд. Аз рӯи гуфти амаки Алиназар, шумораи меҳмонони хориҷӣ имсол ба маротиб афзудааст.
Шуғнон ва Чашмаи Носир
Ноҳияи Шуғнон аз маркази вилояи чандон дур нест. Ним соат кифоя аст, ки ба он ҷо расида равед. Биноҳои маъмурии мақомоти давлатии ноҳия дар ҷои баланд воқеъ гардидаанд. Ҷолибтарин хусусияти ин ноҳия он аст, ки аз баландӣ озодонаву бидуни монеа манзараҳои кӯҳистони Афғонистонро мебинед. Он тарафи Омӯ низ сабзу хуррам ба назар мерасад.
Аз маркази ноҳия пиёда то Чашмаи Носири Хусрав омадем. Дар бораи ин чашма хеле зиёд шунидаву хондаем. Шеъри маълуми М.Миршакар васфи ин чашмаи афсонавиро дар пояи баланд қарор додааст. Бисмиллоҳи кор гуфта нахуст аз оби чашмаи овозадор нӯшидем. Болотар низ аз ин чашма об нӯшидан мумкин будааст. Чашма дар пояи кӯҳ қарор дорад. Зери сояи дарахт дар чанд санг бо ҳуруфи арабӣ чизе навишта шудааст ва онро ҳар як зиёратчӣ тавоф карда, баъдан об менӯшад. Дар муддати ним соате, ки онҷо қарор доштем, даҳҳо нафар об менӯшиданду он сангҳоро тавоф менамуданд.
Ба осорхонаи хурде, ки дар ин ҷо амал мекунад, дарову баро зиёд буд. Тақрибан 20-30 нафар кӯдакони аз чор то шашсола дар дохили осорхона бо мураббиҳояшон кадом як саҳначааи худро омода мекарданд. Намоишномаеро низ тамошо карданду баъд ба гирди чашмаи муқаддас омаданд. Мо низ осорхонаро дидем ва саҳначаеро, ки аз рӯи ривоятҳо сохта шудааст, тариқи монитор тамошо кардем. Харитаи сафарҳои шайх Носири Хусрав, китобҳои ин адибу мутафаккири шинохта ва чанд экспонати дигар ба ҳар як бинанда тааассуроти хосро бахшида метавонанд.
Дар Шуғнон дар хонаи яке аз шогирдон меҳмон шудем ва аз наздик ба расму таомули мардум, хӯрокҳои миллии онҳо ва фарҳангу санъати хонасозиву ороишот шинос гардидем. Соҳиби хона, ки Ширин ном дошт, моро ба як нуқтае бурд, ки гӯё замоне аз онҷо Мир Саид Алли Ҳамадонӣ гузар карда будааст.
Роштқалъа низ зебост
Ноҳияи Роштқалъа аз маркази Хоруғ дар масофаи 40-50 километр ҷойгир аст. Рӯзи дигар субҳҳангом ба ҷониби Роштқалъа роҳ пеш гирифтем. Ба назари мо чунин намуд, ки ин ноҳия заминҳои бештар дорад. Зеро қад-қади роҳ деҳаҳои зиёде ба назар мерасанд. Ба ҷамоати ба номи Мирсаид Миршакар расида, ба бинои он сар халондем. Ҳавои бино салқину сарду форам аст ва аз оғӯши кӯҳҳо насими фораме бо бӯи гиёҳҳову алафҳои сабзи табиӣ ба машом мерасад. Табиат худ гӯё кондитсионер аст. Ҷурғоти Роштқалъа ба қаймокҳои Душанбе монанд аст. Зардолуву гелосҳо ва тутҳои бомазаи Роштқалъа тамъи ширине доранд. Ватану диёри шоири маҳбуби кӯдакон Мирсаид Миршакар хеле зебову диданӣ буд. Боз ҳам ҳамон гапи кӯҳна, ки дар чунин табиат шоир нашудан аз рӯи инсоф нест.
Ишкошим дуртар ва ҳам пурафсун аст
Сафар ба ноҳияи Ишкошим андаке душворӣ доштааст. Ин ноҳия аз маркази вилоят дар масофаи 110 километр воқеъ гардидаст ва нақлиёт ба он ҷо камтар меравад. Баъди соати интизориҳо савори мошини сабукрави ҷопонӣ ба ноҳияи Ишкошим раҳсипор гардидем. Мошинҳои ҷопонӣ гӯё дар ин роҳҳо қулай ва муносиб будаанд. Ронанда Ҷамшед ном дошта, тақрибан марди 50-55-солае буд, ки соҳиби ҷаҳонбинии васеъ аст. Ӯ дар кадом ташкилоти байналхалқӣ замоне панҷ сол ба сифати ронанда кор карда будааст. Дар он ҷо забони англисиро омӯхтааст. Ин забондонии Ҷамшед ба мо кор дод. Зеро ҳамсафари мо дар мошини он кас марду зани италиявие буданд, ки чун сайёҳ ба ноҳияи Ишкошиму Мурғоб қасди сафар доштаанд. Ҷамшед бо онҳо аз ҳар хусус саволҳо медод. Аз касбу кори онҳо ва таассуроти сафар пурсон мегардид. Онҳо низ аз мо баъзе чизҳоро мепурсиданд. Масалан дар бораи забон ва баъзе анъанаҳои мардуми кӯҳистон донистан мехостанд.
Баъди Гармчашма ба чашмаи Нарзан расидем. Ду қадам онтарафтар дарёи шитобон қарор дорад. Ана обу мана об! Оби газноки қиматеро, ки табобатӣ гуфта дар пойтахт ба шумо мефурӯшанд, дар назди ин об ҳеҷ арзише надорад. Сард, хуштамъ ва хеле гуворо аст. Ҳар як мошини дар роҳи Ишкошим ҳаракаткунанда ҳатман дар назди он таваққуф менамояд. Мусофирон аз чашмаи Нарзан об менӯшанд ва бо худ дар зарфҳо об мегиранд. Дар ин роҳ аз ҳама бештар сайёҳони хориҷиро дидан мумкин аст, ки велосипедсавор ба боло ҳаракат кардан мехоҳанд. Назар ба қавли Ҷамшеди ронанда бештари онҳо ба чашмаи Бибифотимаи Заҳро рафтан мехоҳанд.
Ишкошим ноҳияи баландкӯҳ мебошад. Ин ноҳия низ дар рӯ ба рӯи Афғонистон қарор дорад. Баъди нисфирӯзӣ шамоли аҷибе дар ин ноҳия ба вазидан медарояд. Касе асрори ин шамоли ногаҳониро гуфта наметавонад ва онро низ чун як неъмати табиат медонанд.
Шаб тиреза кушода буд. Ҳис мекунед, ки ҳаво сард аст ва маҷбур мешавед, ки кӯрпаро ба рӯи худ гиред. Охири моҳи июл аст, аммо зардолӯ дар шохаи ниҳолҳо ҳанӯз сабз. Ҷо-ҷо заминҳои ғалла ба назар мерасанд, ки ғаллазорони моҳи апрели вилояти Хатлонро мемонад. Кӯчаҳои маркази ноҳия пур аз оби чашмаҳои кӯҳӣ аст.
Дил мехоҳад…
Дил мехоҳад, ки дар Бадахшон таваққуфи тӯлонӣ дошта бошед. Аммо зиндагист ва бояд боз ба хонаҳои худ баргардед…
Таассуроти мо аз ин сафар зиёд аст ва наметавон он ҳамаро дар чанд саҳифа баён кард. Бадахшиҳо мардумони пурмуҳаббат бофарҳанганд. Кӯчаву роҳҳову биноҳои худро дар ҳолати тоза нигоҳ медоранд. Меҳмондӯстанд ва дили танг надоранд.
Як мушоҳида он буд, ки хурду бузург дар ин гушаи кӯҳсор забони англисиро меомӯзанд. Охир ин бесабаб нест. Шумораи сайёҳони хориҷӣ ба ин минтақа торафт меафзояд ва наметавон, ки бо имову ишора ҳама матлабро фаҳмида гирифт.
Аз мушоҳидаҳои чандрӯза аз Бадахшони кӯҳсор танҳо як хулоса аст: ин гӯшаи зебои Тоҷикистон алакай чун як минтақаи сайёҳӣ нуфуз пайдо кардааст ва барои ҳар як меҳмони дохиливу хориҷӣ ин мавзеъ барои сайру сайёҳат меарзад. Зеро Бадахшон бо осмонбӯс будани қуллаҳои худ — ин худ аллакай сайри ҷаҳон аст…
Мурод МУРОДӢ,
Бахтиёри ҚУТБИДДИН
www. journalism.tnu.tj