«БЕАДАБИИ НАВБАТИИ НАҲЗАТИЁН» . Чунин унвон ниҳодааст Маркази исломшиносии Тоҷикистон ба изҳороти худ дар бораи фитнаи ТЭТ ҲНИ қабл аз нишасти Варшава

Сентябрь 12, 2018 11:24

ДУШАНБЕ, 12.09.2018./АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи машварати навбатии солонаи Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони  САҲА ташкилоти экстремистию террористии  «Ҳизби наҳзати исломӣ» дар бораи таъсиси ба ном Паймони миллӣ хабар паҳн намуд. Ин чӣ паймон ва чӣ арзиш дорад? Дар ин бора имрӯз Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳорот пахш намуд, ки дар он гуфта мешавад:

 Ҳар ки машҳур шуд ба беадабӣ,
Дигар аз вай умеди хайр мадор.
Об, к-аз сар гузашт дар Ҷайҳун,
Чӣ ба дасте, чӣ найзае, чӣ ҳазор.

                                                         (Саъдӣ)

Дар арафаи Машварати   солонаи Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони САҲА наҳзатиёни харобкор ва фитнаҷў боз дар бораи як ҳуҷҷати беарзише бо номи Эъломияи таъсиси Паймони Миллии Тоҷикистон ахборот паҳн кардаанд. Пеш аз ҳама, ба танзимга­рони саҳлангори ин андеша расониданӣ ҳастем, ки эъломия (декларация) дар асли мафҳуми ҳуқуқии худ «як санади расмии давлатӣ аст, ки усулҳои асосии сиёсати хориҷӣ ва дохилии ҳар давлат, принсипҳои фаъолияти созмонҳои байналмилалӣ ё баёнгари мавқеи онҳо доир ба ягон масъала буданро дар бар мегирад». Аз ин ҷиҳат, ҳуҷҷати қабул­кар­даи онҳо заминаи ҳуқуқии устувор надорад. Аз ҷониби дигар, ба кишвари дўсти Лаҳистон (Полша)  машварат доданием, ки аз ин тоифа эҳтиёт бошанд. Зеро «ин қавми ба каҷрафта» қодиранд изҳороту даъвоҳояшон­ро марбут ба мавқеи давлатҳои будубошашон муаррифӣ кунанд.

Ин иқдом идомаи иттилооти чанд моҳ пешинаи расонаҳои хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи таъсиси ташкилоти «Анҷумани озодан­де­шо­ни тоҷик» мебошад. Акнун ҳамин як гурўҳи хурди боқимон­даи наҳзатиюлмашраб худро чаҳор пора карда, бо номҳои «Анҷумани озодандешони тоҷик», «Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистон», «Ассосиатсияи муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар Иттиҳодияи Аврупо» ва Ҳизби наҳзати исломӣ ҳангомаҳои наве паҳн карданианд. Дар рўзи якуми кори Машварати ёдшуда маълум гардид, ки фикру ақидаҳои ин эъломия маводи саросемавор сирқатшуда аз матлаби нашрнамудаи Ҳ. Бобоёров бо номи «Даъват ба паймони умумимиллӣ» будааст. Дар саҳифаи Фейсбуки худ Ҳ. Бобоёров ин рафтори наҳзатиёнро «дуздӣ дар рўзи равшан» унвон карда, онро «маҳсули кори ботили «гурӯҳи дуздако­не,  ки имрӯз номи Эътилоф ва ИНОТ-ашонро ба «Паймони миллӣ» иваз карданд ва дар «таҳлукаи ҷонканӣ» қарор доранд»,  гўён маънидод намудааст. Ин иқдом кўшиши навбатии бо ҳар роҳу васила дарак додан аз мавҷудияти худ ва эъломияро ҳамчун «дастовез» ба машварат пешниҳод кардан аст. Аз ҷониби дигар, чунин рафтор ба ҷуз саъю талоши «зўри беҳуда задан» ба умеди таҳмил кардани фикру андешаи тундрави худ дар байни шаҳрвандони ҷумҳурӣ, аз ҷумла насли ҷавони он бо мазмуни куҳна, вале дар тарҳу мазмуни чаҳоррукна чизи дигаре нест. Барои дуруст дарк намудани ҳадафҳои пинҳонӣ ва нопоки бўқаламунии ин тоифаи бадрафтор барои шаҳрвандони кишвари азизамон донистани се матлаби асосӣ ниҳоят муҳим ба назар менамояд:

Якум. Расонаӣ кардани тағйири ном (re-brending) аз ҷониби саркар­да­гони Ташкилоти экстремистӣ-террористии Ҳизби наҳзати исломӣ ва дар шакли гурўҳҳои ҳаммаслаки чаҳоргона баромад кардани онҳо далели нокомии ин ҳизби мамнўъшуда дар фазои иттилоотии дохил ва хориҷи кишвар аст. Бояд ёдовар шуд, ки пешниҳод дар бораи ҳамчун ниҳоди сиёсӣ тағйири ном кардани ин ҳизб аз ҷониби нерўҳои созандаи ҷомеаиТоҷикистон қаблан матраҳ шуда буд. Вале роҳбарияти сиёсии ҲНИ ин машваратҳоро қатъан қабул намекарданд, зеро ҷавҳаран онҳо бо суиис­тифода аз боварҳои динии мардум мехостанд манфиатҳои сиё­сии худро таъмин намоянд. Аз ҷониби дигар, сармоягузорон ва хоҷагони хориҷӣ ба онҳо иҷозати берун омадан аз сифати «исломӣ»-ашонро намедоданд, зеро тамоми барномаҳое, ки фаъолияти густурдаи онҳоро роҳандозӣ мекард, «машориъун исломиятун» (лоиҳаҳои исломӣ) ном дошт. Яъне бо фазлфурўшӣ кардани арзишҳо ва муқаддасоти дини мубини ислом онҳо мехостанд дастовардҳои ройгони истеблишменти сиёсиро касб намоянд.

Дуюм. Ҳамин гуна пасманзари исломии идеологӣ акнун дар матни воқеияти сиёсии Аврупо арзиши чандоне надорад. Ин раванд пас аз шиддат гирифтани тундравӣ ва ифротгароии «исломӣ» дар чандин кишварҳои Ховари Миёна ва интиқоли фаъолиятҳои террористӣ ба қаламрави Иттиҳоди Аврупо тавони корбурдии худро аз даст дод. Аз ин рў, ҳамин қабил ҳаракату ташкилотҳо саъй менамоянд, ки аз тариқи тағйири лаҳни гуфтор ва шиорҳо асли зишту палиди худро бо кемухт рўйпўш намоянд. Ва боз дас­тандаркоронаш умед доранд, ки рози пинҳони амалкарди сиёсии онҳо ошкор нахоҳад шуд. Вале ҳайҳот, ҳайҳот!!! «Инро ба касе гў, ки туро нашносад». Агар аз нигоҳи иқтисодии масъала ба тағйири ном кардани ин тоифа назар андозем, пас ошкор мегардад, ки бо бренди номгузории «исломӣ» ноил шудан ба дастгирии молиявӣ аз ҷониби бунёдҳои манфиатдор имконнопазир гаштааст. Беҳтар аст, ки брендҳо сифати миллӣ ва демократӣ дошта бошанд. Аз ин рў, наҳзатиён маккорона пеш аз табли даъво задан дар маҷлиси машва­ратӣ бо истифода аз истилоҳоти бозоргузари «озодандешӣ, ислоҳоту рушд ва муҳоҷират» худро чалеповор ба чаҳор қисмат пора-пора карданд. Ва ин ҳама ба умеде, ки фаъолияту будубошашон боз дастгирии молиявӣ пайдо кунад. Вале афсўс, ки мушкилоти сохтакорию авомфире­бии ин қабил ташкилотҳои террористӣ-экстремистӣ дар нишас­ту ҳамоишҳои вежаи Иттиҳоди Аврупо ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳ ва баррасии холисонаи ниҳодҳои масъул қарор дорад ва изтиробу нига­ронии онҳо доир ба як идда ташкилотҳои муфтахўри ба ном оппо­зит­сио­нӣ аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон (аз он ҷумла ҲНИ) хусусияти буҳронӣ касб намудааст.

Сеюм.   Камбудии асосии тоифаи ҲНИ тамоман дар чизи дигар аст. Гуноҳи бузурги нобахшудании наҳзатиён дар он аст, ки онҳо дар ҳамон солҳои буҳронии 90-уми асри гузашта мардумро фиреб дода, ба ҳудуди Афғонистон ҳамчун гурезаву муҳоҷир бурда буданд, ки боиси коҳиши обрўву эътибори ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ гардид. Ҳамин рафтори ноҷавонмардонаи наҳзатиҳо то имрўз ҳамчунон норавшан боқӣ монда­аст, “ки кас накшуду накшояд ба ҳикмат ин муамморо”. Дар он даврони пурталотум тасаввур кардан номумкин буд, ки нооромӣ дар давлати Афғонистон ва таъсиргузории он ба вазъияти ҷумҳуриҳои минтақа то дараҷае боло меравад, ки ҳатто боиси сар задани ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикис­тон гардад. Аз ҷониби дигар, таҷрибаи рўзгор чунин баҳра дод, ки буриши Амударё танҳо ҷудошавии марзии мардумон набудааст, балки бо гу­зашти айём ҷаҳонбинӣ, та­фак­кур, андешаронӣ, баҳодиҳии арзишҳои миллию динӣ, тарзи зисту рўзгор ва умуман зеҳният (менталитет)-и одамон низ аз ҳам сахт дуру бегона шудаанд. Ва дубора ба ҳам овардани ин парешониҳо кори бисёр мушкил аст ва аслан орзуи ношуданист. Иштибоҳи бузурги наҳзатиён дар он буд, ки онҳо тамоми муқаддасоти миллати тоҷикро поймол карда, ҳарими фарҳангсолории барои Мовароуннаҳр (Трансоксиана) муайяншу­да­ро таҷовуз карданд. Палид будани чунин рафторро Саъдии бузургвор тақри­бан 800 сол пеш аз ин баён кардааст, ки хондани қитъаи машҳури дар боло ёдшуда инсонро ба ҳайрат меоварад: наход онро маҳз дар мазаммати наҳзатиён пешгўӣ карда бошад?!Шоир таъкид мекунад, ки риоя накардани ҳама гуна таҳримот камоли беадабист ва моҳирона дарёи Ҷайҳун (Амударё)-ро ҳамчун унсури муайянкунандаи ҳамин ҳудуд ташбеҳ дода, ҳушдор медиҳад, ки ҳолати бадани худро бо оби он тар кардан – хоҳ ба як ҷуръа ва хоҳ ба миқдори зиёд – ба хайри он шахс умед бастанро барбод медиҳад.

Пас саволе ба миён меояд, ки чаро наҳзатиён мардуми бегуноҳро ҳамчун “луқмаи хом” ба Афғонистон кашида бур­данд, на ба Ўзбекистону Туркманистон?! Дар ҳоле ки ҳама гуна муноси­бат бо Афғонистон тибқи муқаррароти низоми раводид сурат мегирифту рафтуомад бо ҷумҳуриҳои шўравӣ ҳанўз озоду бемамониат буд. Онҳо “ислом” (балки инқилоби исломӣ) мехостанд ва мардумро “тоза мусул­мон” карданӣ буданд тибқи ҷаҳонбинии танги асримиёнагии худ. Чӣ даҳшате, ки ба сари миллати мо оварданд ва тафаккури мардумро ба муддати тўлонӣ заҳрогин карданд. Ва аз ҳамон даврон наҳзатиён аз рўйи принсипи “гўр сўзаду дег ҷўшад” роҳҳои пул гирифтанро аз пушти афсонаҳои “имондорию мусулмонӣ” ёд гирифта буданд. Онҳо бо ин сифат хўй гирифта, одат кардаанд. Ва, тавре гуфтаанд, “тарки одат  балои ҷон аст”.

Пешвоёни ин ҳизби ба ном “худоҷў” як замон  бар пояи поймолкунии ҳаримҳо ҳукумати Муросои миллӣ  ташкил карда буданд, акнун ба сарашон афсонаи Паймони миллӣ омадааст. Бояд мардуми тоҷик ба хубӣ дарк кунад, ки исломгароёни мо дар шакли ТТЭ   ҲНИ иҷрокунандагони лоиҳаҳои қудратҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ буданд, на чизе беш аз он. Акнун ин тўдаи бе банду баст мехоҳанд бо суиистифода аз қадосати «аҳду паймон» ғурури миллии «тоҷику тоҷикистониён»-ро доми тазвири навбатии худ созанд. Бад-ин васила онҳо ду мақсадро пай­ги­рӣ мекунанд:

аввалан, мехоҳанд ба қишрҳои ноогоҳ ва насли ҷавони ҷоме­аи тоҷик дубора таъсир расонида, онҳоро ба бунбасти гумроҳӣ ва доми фиреби худ кашанд;

сониян, Иттиҳоди Аврупоро ба дунявӣ будани андешаҳои сиёсиашон бовар кунонанд ва ба ифротгароии динӣ ва масъалагузори­ҳои асримиёнагӣ ҳеҷ гуна алоқаман­дӣ надоштани худро собит созанд. Вале имрўз ҳама ба хубӣ медонад, ки ин даъвоҳои пучу бемаъниии Ҳизби наҳзати исломӣ танҳо фиреби назар аст ва талвосаи дарак додан аз “нести ҳастнамо”-и худ аст.

Аслан имрўз дар шароити сулҳу оромӣ, рушди устувор, тақвияти бахши хусусӣ ва бунёди инфрасохтори васеи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мавҷудият ва фаъолияти ҳизби сиёсии динӣ зарурате боқӣ намондааст ва ба таври табиӣ нопадид шудани он як амри воқеист. Ва ин порашуданҳои чаҳоргуна гувоҳи он аст, ки меъоди “ҷоа-л-фараҷ, ҷоа-л-фараҷ” (омадани хушхабар) наздик шудааст.

 Маркази исломшиносӣ дар назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон

Сентябрь 12, 2018 11:24

Хабарҳои дигари ин бахш

«БОНУИ ҲУНАР». Дар Душанбе 30 нафар занону духтарон ба касбомӯзӣ ҷалб гардиданд
Кормандони Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Рӯзи Парчами давлатиро бошукуҳ таҷлил намуданд
«НАҚШИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАШАККУЛИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти ин унвон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ аз омадани сел дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон ҳушдор медиҳад
Дар шаҳри Омск Форуми 4-уми сарварони ҷавони Русия ва давлатҳои Осиёи Марказӣ оғоз ёфт
Ҷумҳурии Тоҷикистон 67-умин давлат дар самти манъи ҷазои ҷисмонӣ нисбат ба кӯдак гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми миллии комиссияҳо оид ба ҳуқуқи кӯдак оғоз гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хоруғ Маркази стоматологӣ кушода шуд
Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон бо Агентии байналмилалии энергияи атомӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расонид
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи корӣ оид ба вазъи зимистонгузаронӣ доир шуд
Дар шаҳри Истаравшан Маркази саломатӣ ба истифода дода шуд
Муколамаи навбатии занони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон баргузор мегардад