БОНКИ МИЛЛӢ: дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон 1 рубли русӣ аз 0.1385 то 0.1395 сомонӣ муқаррар шудааст
ДУШАНБЕ, 19.09.2018. /АМИТ «Ховар»/. Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон) чунин муқаррар кардааст:
1 доллари ИМА — 9.4255 сомонӣ;
1 евро – 11.0429сомонӣ;
1 рубли русӣ — 0.1391 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин имрӯз қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон чунин муқаррар шудааст:
1 доллари ИМА 9.4300;
1 евро аз 11.0000 то 11.0200 сомонӣ;
1 рубли русӣ аз 0.1385 то 0.1395 сомонӣ.
БМТ огоҳ менамояд, ки «берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, боиси ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ мегардад».