БОЗДИД АЗ «КӮЛИ ҶАВОНОН». Баъди навсозӣ он ба макони дӯстдоштаи сокинону меҳмонони пойтахт табдил ёфтааст

Сентябрь 4, 2018 16:21

ДУШАНБЕ, 04.09.2018 / АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем,   тибқи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Боғи фарҳангию фароғатии «Кӯли ҷавонон» баъди навсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.  Хабарнигори АМИТ «Ховар»  аз  боғи мазкур  дидан намуда,  бо масъулин ҳамсуҳбат гардид.

                           Ҳангоме ки мо дар ин боғ қарор доштем,  як гурӯҳ донишҷӯён  ба сайру гашт ва  аксбардории якҷоя машғул буданд. Зимни суҳбат  онҳо иброз доштанд, ки донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳастанд ва  баъди дарс ба ин ҷо барои истироҳат омадаанд.  Яке аз онҳо, ки худро  Меҳроб Саидов  муаррифӣ кард, иброз дошт, ки  «мо зодагони даврони истиқлоли мамлакат, насли хушбахти замонем.  Ба ин боғ назар афканед. Дар ин   макони фарҳангӣ  барои истироҳату фароғати  сокинон, алалхусус, барои мо, ҷавонон тамоми  шароит фароҳам оварда шудааст.  Мо, ҷамъи ҳамсабақон  дар   таътили тобистона қарор доштему якдигарро сахт пазмон гардидаем.

Ба ин   боғи  зебо   омадаем, то   бо ҳам  суҳбат намуда,  аз аҳволи якдигар хабардор шавем. Чунин ҳам кардем, дар нишастгоҳҳои бофароғати ин боғ суҳбат карда,  аз дидори якдигар шод гаштем. Баъд  якҷоя  қаиқронӣ кардему  як ҷаҳон   ҳаловат бурдем. Мо шукрона мекунем, ки дар чунин Ватани обод, орому осуда  ва дар пойтахти мамлакат –шаҳри ҳамешабаҳори Душанбе  таҳсилу зиндагӣ дорем. Мо, ҷавонон,  бояд ба қадри ин ҳама заҳматҳову таваҷҷуҳи давлату Ҳукумат  бирасем ва  бо хониши аълову рафтори намунавӣ  ба ин ғамхориҳо ҷавоб гардонем» .

Дар боғ зани солхӯрда Розия Кенҷаева, ки солҳои тӯлонӣ дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №67-и шаҳри Душанбе ба ҳайси омӯзгор фаъолият кардааст,  ба аксбардорӣ машғул буд. Номбурда иброз дошт, ки «ман ин  суратҳоро ба набераҳоям, ки ҳоло дар Федератсияи Россия зиндагӣ доранд, мефиристам. Ҳангоми тамос доимо ба онҳо мегӯям, ки дар ду соли охир  симои  Душанбе  ба таври шинохтанашаванда   тағйир ёфтааст. Набераҳоям, ки дар оғӯши ин шаҳри зебо ба воя расидаанд, аз ман хоҳиш менамоянд, ки  онҳоро аз ҳама навигариҳои  шаҳри даврони  бачагиашон  — Душанбе огоҳ созам ва  аксҳоро барояшон  равон кунам».

«Бо оғоз шудани соли нави таҳсил шумораи истироҳаткунандагони  Боғи фарҳангию фароғатии «Кӯли ҷавонон»  рӯз то рӯз меафзояд. Мавриди хушҳолист, ки  боғи мазкур ба макони сайру гашт ва истироҳати доимии  сокинону меҳмонони пойтахт табдил ёфтааст.

Ҳудуди  ин боғ 3,5 гектарро ташкил дода, дар ҷараёни корҳои навсозӣ зиёда аз 15 ҳазор метри мураббаъ роҳравҳо сафолакпӯш, 18 ҳазор метри мураббаъ майсазор ва  барои сарсабзу хуррамгардонӣ дар ҳудуди  он  зиёда аз 500 бех дарахтони нодири сояафкану ороишӣ шинонида шудаанд. Барои чароғонкунии боғи мазкур    267 сутунпояи аз 3 то 12-метра насб карда шудаанд, ки  шомгоҳон  чароғҳои ранга бо  фаввораҳои дилфиреб, навъҳои гуногуни гулу буттаҳои ороишӣ  муҳити боғро ниҳоят  зебою назаррабо мегардонанд. Ҳар бегоҳ шаҳрвандон ҳамроҳи аҳли оилаашон  ба ин макони дилфиреб  омада,  сайру  тамошо ва фароғат мекунанд», — иброз дошт директори  боғи мазкур Шарофиддин Сабзов.

Директори муассисаи мазкур ҳамчунин   иттилоъ  дод, ки  дар боғ зиёда аз 400 ҳазор бех  гулҳои рангоранг, аз ҷумла,  се навъи гулҳои мавсимӣ шинонида  шуда, як фаввораи  калони  бо мусиқӣ танзимшаванда ва ду фаввораи хурд, таваққуфгоҳ барои 70 мошин, 70 адад курсиҳои гуногун барои истироҳати сокинону меҳмонон  ва  бинои нави маъмурӣ низ сохта шудааст.

Дар боғи мазкур  ҳамчунин майдонча барои бозии кӯдакону наврасон бунёд  гардида,  гӯшаи алоҳидаи табиати кишвар ва олами вуҳуш ташкил карда шудааст, ки дар онҳо  ҳайкалчаҳои қаҳрамонони афсонаҳо ва ҳайвонот  ин мавзеъро боз ҳам диққатҷалбкунанда намуда, барои машқҳои шиноварию саёҳат дар об 20 қаиқи замонавӣ  ба сокинон  хизмат мерасонанд.

Ёдовар мешавем, ки 28 августи соли 2018 дар маросими ифтитоҳи Муассисаи давлатии боғи фарҳангию фароғатии «Кӯли ҷавонон» баъди навсозӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ  иштирок намуданд.

Бояд зикр кард, ки  Боғи фарҳангию фароғатии «Кӯли ҷавонон» ҳанӯз соли 1940 бунёд ёфта, бо гузашти солҳо ин мавзеъ, арғунчакҳо ва дигар дастгоҳу таҷҳизоти дилхушии кӯдакон корношоям гардида, ба навсозии пурра эҳтиёҷ доштанд. Корҳои навсозӣ дар Боғи фарҳангию фароғатии «Кӯли ҷавонон» дар асоси дастуру ҳидоятҳои бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи ноябри соли 2017 оғоз гардида буданд.

       Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

Сентябрь 4, 2018 16:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар озмуни вилоятӣ Хуҷанд дар соли 2025 шаҳри беҳтарин дониста шуд
Балаҷон Ёқубов бо 15 ҳазор сомонӣ мушкилии даҳсолаи човодорону сокинони минтақаи кӯҳиро дар ноҳияи Лахш бартараф намуд
Кӯлоб «Шаҳри беҳтарин» ва Данғара «Ноҳияи беҳтарин»-и соли 2025 дар вилояти Хатлон муайян гардиданд
Ёвон дар номинатсияи «Ноҳияи беҳтарин» дар вилояти Хатлон сазовори ҷойи дуюм гардид
Соли 2025 дар шаҳри Ҳисор қариб 70 км роҳ мумфарш карда шуд
Дар шаҳраки Ғончии ноҳияи Деваштич бинои Маркази ҷавонон сохта мешавад
Дар Хуҷанд Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ бунёд карда мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ корҳои ободонию созандагӣ вусъат меёбанд
АМАЛИ САВОБ. Сокини 80-солаи ноҳияи Тоҷикобод 50 ҳазор сомонияшро барои кашидани хати оби нӯшокӣ дар деҳаашон сарф намуд
Дар ноҳияи Айнӣ барои обёрии беш аз 200 гектар бунёди ду ҳавзи амудии об оғоз ёфт
АМАЛИ САВОБ. Сокини ноҳияи Рашт Ҷунайдулло Атоев ва фарзандонаш дар болои дарёи Сорбоғ пули мошингузар бунёд намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Сохтмони Маҷмааи муосири варзишии «Суғд-Арена» вусъати тоза гирифтааст