Дар Душанбе ҷаласаи вазирони масъули фаъолияти иқтисодӣ ва савдои хориҷии давлатҳои аъзои СҲШ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 19.09.2018. /АМИТ «Ховар»/. 19 сентябри соли 2018 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 17-уми вазирони масъули фаъолияти иқтисодӣ ва савдои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид. Дар он масъалаҳои марбут ба рушд ва таҳкими ҳамкории минтақавии иқтисодӣ, аз ҷумла мубодилаи афкор оид ба дурнамои ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ дар минтақаи СҲШ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ҷаласа муовини Котиби генералии СҲШ Нурлан Аккошкаров, Котиби иҷроияи Шӯрои кории СҲШ Сергей Канавская, Вазири савдои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ҷамшед Хоҷаев, ёрдамчии Вазири тиҷорати Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Чэган, муовини Вазири иқтисоди Ҷумҳурии Қирғизистон Элдар Алишеров, муовини Вазири рушди иқтисоди Федератсияи Россия Азер Талибов, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сомнатх Гош, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурлан Сейтимов, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон Имтиёз Аҳмад Қозӣ ва Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода иштирок намуданд.
Ҷаласа таҳти раёсати Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода баргузор гардида, иштирокдорон як зумра масъалаҳои марбут ба рушди минбаъда ва таҳкими ҳамкории минтақавии иқтисодиро баррасӣ карда, аз ҷумла оид ба дурнамои ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ дар минтақаи СҲШ мубодилаи афкор намуданд.
Рохбарони ҳайатҳо баъди муҳокимаи лоиҳаи нақшаи ҳисоботи Котиботи СҲШ оид ба татбиқи барномаи бисёрҷонибаи ҳамкории иқтисодиву тиҷоратии кишварҳои аъзои СҲШ тавсия доданд, ки он тибқи тартиботи муқарраргардида барои тасдиқ ба ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони ҳукуматҳои (сарвазирони) кишварҳои аъзои СҲШ, ки 11-12 октябри соли 2018 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, пешниҳод карда шавад.
Маълумоти Котиботи СҲШ оид ба фаъолияти гурӯҳҳои корӣ дар вохӯрии вазирон шунида шуд. Низомнома дар бораи Гурӯҳи кории махсуси давлатҳои аъзои СҲШ оид ба ҳамкории гумрукӣ низ тасдиқ гардид.
Ҷонибҳо ба хулоса омаданд, ки оянда низ корро барои фароҳам овардани шароити мусоид ба иштирокчиёни фаъолияти иқтисодӣ дар кишварҳои СҲШ идома диҳанд.
Дар идома маълумоти ҷониби Ӯзбекистон оид ба лоиҳаи барномаи рушди ҳамкории байниминтақавӣ дар кишварҳои аъзои СҲШ шунида шуд. Намояндаи Шӯрои кории СҲШ дар бораи фаъолияти ин сохторҳо барои солҳои 2017-2018 ва афзалиятҳои соли 2019 иттилоъ дод.
Ҷаласаи навбатии вазирони масъули фаъолияти иқтисодӣ ва савдои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай соли 2019 дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор мегардад.
Аз рӯи натиҷаи вохӯрии вазирони масъули фаъолияти иқтисодӣ ва савдои хориҷии давлатҳои аъзои СҲШ Протокол ба имзо расонида шуд.









Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд






