Дар Душанбе Анҷумани VI Иттиҳоди байналмилалии иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илм баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 17.09.2018. /АМИТ «Ховар»/. Аз 13 то 15 сентябри соли равон дар шаҳри Душанбе Анҷумани VI Иттиҳоди байналмилалии иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илм баргузор гардид. Дар он намояндагони кишварҳои Тоҷикистон, Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Россия иштирок намуданд.
Тавре аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ҳамасола дар доираи нақшаи чорабиниҳои Иттиҳоди байналмилалии иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илм Анҷумани иттиҳод дар яке аз кишварҳои узв доир мегардад. Ҳадаф аз баргузории анҷуманҳо- баланд бардоштани сатҳи ҳуқуқии дониши кормандон, таъмини музди меҳнат, истироҳат ва баҳамоиву дӯстии кишварҳои узв мебошад.
Дар Анҷумани мазкур муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Фатҳиддин Усмонзода, кормандони Вазорат ва ҳайати 21-нафараи аъзои Иттиҳоди байналмилалии иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илм иштирок намуданд.
Зимни ҷамъомад раиси Иттиҳоди байналмилалии иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илм Галина Меркулова доир ба фаъолияти кории иттиҳод давоми панҷ соли охир ҳисобот дода, ба фаъолияти иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин баҳо дод: «Дар солҳои охир бо мақсади рушди минбаъдаи соҳа, ташаккули самти иҷтимоии худ ва таҳкими ҳифзи манфиатҳои иҷтимоиву иқтисодии коргарон, Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазорати маориф ва илм ду созишномаи соҳавӣ ба имзо расонид. Ин иқдом, бешубҳа, барои инкишофи тамоюлҳо, ба монанди таҳсилот дар хориҷи кишвар, дастрасӣ ба таҳсилот, боло бурдани сифати таҳсилот, рақобатпазирии захираҳои инсонӣ таъсири мусбат расонид. Илова бар ин, аз 1 сентябри соли ҷорӣ музди меҳнати кормандони соҳаи маориф ва илм ва стипендияҳои донишҷӯён 15 фоиз афзуд».
Инчунин зимни ҷамъомад тавассути овоздиҳии озод раиси Иттиҳоди байналмилалии иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илм барои панҷ соли оянда (2018-2023) интихоб гардид.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






