Дар ноҳияи Панҷ ду коргоҳи хурди истеҳсолӣ фаъол гардид

Сентябрь 30, 2018 09:19

ДУШАНБЕ, 30.09.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дар робита ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷамоати деҳоти «Озодагон»-и ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон коргоҳи қаннодӣ ва сехи коркарди пашм ба кор дароварда шуд.

Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» аз ноҳияи Панҷ иттилоъ дод. Дар маросими ифтитоҳи коргоҳҳои навбунёд роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Панҷ иштирок намуд.

«Бо ба кор даровардани коргоҳи хурди истеҳсоли қаннодӣ ва нонҳои миллӣ дар деҳаи Эмом Машрабов 18 нафар занону духтарони бекор бо ҷойи кори доимӣ таъмин карда мешаванд», — гуфт роҳбари Маркази фарҳангӣ-омӯзишии «Томирис» Раъногул Ҷумъаева.

«Дар коргоҳи хурди истеҳсолии коркарди пашм 15 нафар занону духтарон аз маҳсулоти маҳаллии пашм ришта мересанд ва аз риштаи ресида ҷӯробу камзӯлчаҳо ва дигар намуди либос барои кӯдакону наврасон дӯхта мешаванд. Дар баробари муҳайё шудани ҷойҳои нави корӣ барои занону духтарони бекори деҳот, коргоҳи нави коркарди пашм барои эҳёи ҳунарҳои мардумӣ низ мусоидат мекунад», — изҳор дошт  роҳбари коргоҳи коркарди пашм Ҳавасмо Кишварова.

Мавриди зикр аст, ки коргоҳи қаннодӣ ва нонҳои миллӣ ва корхонаи хурди коркарди пашм бо ташаббусу пешниҳоди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Панҷ ва дастгирии молиявии Агентии Япония оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) дар доираи барномаи баланд бардоштани сатҳи некуаҳволӣ дар минтақаҳои сарҳадии Тоҷикистону Афғонистон ба истифода дода шуданд.

 

Сентябрь 30, 2018 09:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд