Дар ташаккули ҷаҳонбинии мутафаккири шаҳири асри XIХ Аҳмад Маҳдуми Дониш таъсири маданияти Россия хеле калон аст

Сентябрь 27, 2018 14:38

ДУШАНБЕ, 27.09.2018. /АМИТ «Ховар»/. Олимони тараққипарвари Россия дар бобати тадқиқи иқтисодиёт, этнография, таърих, забон, адабиёт, сарватҳои табиии Осиёи Миёна  ҳиссагузорӣ кардаанд. Воқеан ҳам хизматҳое, ки олимони рус дар таҳқиқи таърих, адабиёт, забон, фарҳанг ва ба вуҷуд овардани мактабҳои илмии муосир кардаанд, қобили ситоиш аст. Бисёр мутафаккирон ва шоирони Осиёи Миёна аз намояндагони зиёиёни пешқадами Россия сабақ мегирифтанд. Аз ҷумла, дар ташаккули ҷаҳонбинии мутафаккири шаҳири асри XIХ Аҳмад Маҳдуми Дониш таъсири маданияти пешқадами Россия хеле калон аст.

Ҳарчанд Аҳмад Махдуми Дониш як аср пеш зиндагӣ кардааст, вале осори гаронмояаш то имрӯз аҳамияти худро гум накардааст. Омили муҳиме, ки дар  диду афкори иҷтимоию адабӣ ва  илмии Аҳмади Дониш   таҳаввулоти фикрии таҳлилию  татбиқӣ  падид овард,  ин  номутобиқ будани сохтори  идории  ҳукумат, риёкории  ба истилоҳ  рӯҳонияти  таассубзада, фазои динии номуназзам, фасоду фитна, ақибмондагии феодалии  бе дурнамо,  мактабу маорифи  нобасомону шахшуда ва амсоли инҳо буданд. Баъди се сафараш   ба  Россияи подшоҳӣ  дар диду бардошти   ў  усулан тағйироти  куллӣ  падид  омад  ва ба ҷомеа, муносибот ба оламу одам  назари таҳлилию  муқоисавӣ, ислоҳталабию танқидиаш  бо шеваи нав усулан  ташаккул  ёфт. Дар мубориза  бар зидди  фазои номусоиду буғранҷи иқтисодию иҷтимоӣ, тағйир додани  ин сохтори бенизому худкома, фасодзада ва  олудаи таассуботи ифротии мазҳабию  ақидатӣ  дар атрофи  Аҳмади Дониш зумраи андешамандони пурдиду озодманиш ва огоҳи  Бухоро ҷамъ  омаданд.

Ин пешвои маорифпарварон бо ҳайате аз аморати Бухоро се маротиба сафари Россия кардааст ва ин сафарҳо дар бозгашт муҳтавои сафарномаҳои ӯро ташкил додаанд. Ва шояд ин ягона бузургворе аз бузургони то инқилобии тоҷик аст, ки тавассути сафараш ба Россия расми зиндаи ӯ дар нашрияҳо интишор ёфтаву имрӯз дастрас шудааст.

Сафари Россия ва шиносоӣ бо ҳаёти Петербург, ки дар он вақт яке аз марказҳои бузурги сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангии ҷаҳон буд, доираи назар ва ҷаҳонбинии Аҳмади Донишро хеле васеъ кард. Аҳмади Дониш на танҳо дар музокира ва боздидҳои расмии дипломатӣ иштирок кард, балки бо чандин муассисаҳои илмию фарҳангӣ, марказҳои санъату ҳунари Петербург шинос шуд.

Ӯ бо чашми ибрат дид, ки тараққиёти илму дониш, фарҳанг ва маърифат мамлакатро ба чӣ пояҳои тараққиёт расонидааст. Баъди бозгашт дар бораи пешрафтҳои ҳаёти иқтисодиву сиёсӣ ва фарҳангии Россия ба амир ва аҳли дарбор ахбори тоза ва ибратбахш арз намуд.

Дар солҳои 1866-1868, ҳангоме ки дар байни Россияи подшоҳӣ ва хониҳои Бухорову Қўқанд низои ҳарбӣ ба вуҷуд омада, майдони ҳарб торафт вусъат меёфт, Аҳмади Дониш бо ҳамфикрони худ кўшиши зиёде кард, ки ин низоъ бо роҳи сулҳу осоиш ҳал карда шавад ва дар байни ин ду давлат муносибатҳои дўстонаву мусоламатомез барқарор гарданд. Пас аз имзои шартномаи сулҳи байни Бухорову Россия амир маҷбур шуд, ки бо тарафдорони дўстӣ ва сулҳ бо Россия, аз ҷумла бо Аҳмади Дониш, дар корҳои минбаъда машварат кунад. Солҳои 1869-1870 амир Аҳмади Донишро ба ҳайати сафорати худ ба сифати котиби аввал дохил карда, ба Петербург мефиристад.

Пас аз ҷангу муҳориба ва зиддиятҳои сиёсиву дипломатӣ байни Россияву Бухоро аз нав муносибатҳои дўстона ва робитаҳои тиҷоративу иқтисодиро барқарор намудан зарур буд. Бинобар ин дар ин сафари пурмасъулият ва бонуфуз мавқеъ ва таъсири Аҳмади Дониш хеле калон буд. Дар саранҷоми гуфтугўи дипломатӣ ва мустаҳкам намудани робитаҳои иқтисодиву сиёсии байни Россияву Бухоро Аҳмади Дониш дар ин сафар ҳамчун як сиёсатмадор ва ходими хирадманди давлатӣ намоён гардид.

Обрўю нуфузи ў ҳам дар доираҳои расмӣ ва ҳам дар байни аҳли илму дониши Петербург хеле афзуд. Дар ин сафар Аҳмади Дониш на танҳо ба ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ, тарзи мамлакатдорӣ ва сохти давлатии Россия, балки ба воситаи шахсони ҷудогона ва баъзе  манбаъҳои ба мо номаълум аз вазъияти сиёсиву иҷтимоии мамлакатҳои Ғарб низ хабардор шуд. Ҳамаи ин доираи ҷаҳонбинӣ ва афкори ўро ниҳоят такмил дод, назари танқидии ўро нисбат ба сохти пўсидаи феодалии аморати Бухоро хеле пурзўр намуд.

Пас аз он ки Аҳмади Дониш аз корҳои давлат ва хидмати дарбор фориғ шуд, тамоми қувват ва вақти худро сарфи корҳои илмию эҷодӣ намуд. Вай дар муддати қариб понздаҳ сол бобу фаслҳои асари бузургтарини худ «Наводир-ул-вақоеъ»- ро навишта, ба охир расонд. Аҳмади Дониш дар Бухоро машғулияти илмию адабии худро давом дод. Ў «Наводир-ул-вақоеъ»- ро дар нусхаҳои гуногун аз нав китобат ва таҳрир мекард ва дар байни тарафдорону ҳаводорони худ паҳн менамуд.

«Наводир-ул-вақоеъ» дар байни аҳли пешқадами илму адаб зуд шуҳрат ва таъсири калоне ба вуҷуд овард. Аҳмади Дониш дар ин асар масъалаҳои гуногуни иҷтимоӣ, сиёсӣ, ахлоқӣ ва фалсафиро вобаста ба ҳаёти ҷамъияти онвақта хеле дақиқ таҳлил ва таҳқиқ карда буд. Дар вақти таҳлили ин масъалаҳо ў афкору ақидаҳои гузаштагони худро ба тарзи танқидӣ аз назар гузаронидааст. Фикрҳои ботил, ақидаҳои кӯҳнашуда ва аз ҳаёти воқеӣ дурро рад кардааст.

Муҳимтарин нуктаҳои «Наводир-ул-вақоеъ» дар он буд, ки Аҳмади Дониш иллатҳои иҷтимоии замонаш, нобаробарӣ ва беадолатии ҷамъияти феодалии Бухоро, пасмондагии ҳаёти фарҳангӣ, тарзи схоластикии таълими мадраса ва мактабҳо, асли симою тинати манфури табақаҳои ҳукмрони замон, ҷаҳолат ва ғафлатзадагии ҷамъияти динию феодалии он давраро хеле сахт танқид намуда буд. «Наводир-ул-вақоеъ» дар бедории фикрии бисёр шахсони он замон ниҳоят таъсири калон расонд.

Аҳмади Дониш бо эҷодиёти бадеии худ на танҳо ба адабиёти замонаш, балки имрӯз ҳам таъсири бузург дорад. Хусусиятҳои муҳимтарини афкор ва осори бадеии Аҳмади Дониш барои ташаккули ҷаҳонбинӣ ва такомули роҳи эҷодии чунин шоирону нависандагон замина гузошт. Хидмат ва мақоми бузурги Аҳмади Донишро ба назар гирифта, соли 1976 ҷашни 150-солагӣ ва соли 2017 192-солагии Аҳмади Дониш дар сатҳи баланд таҷлил карда шуд.

Аз ҷониби «Тоҷикфилм» дар бораи ҳаёту осори Аҳмади Дониш филми бадеӣ бо номи «Ситорае дар тирашаб» таҳия шудааст.

Рӯзе қабл гулгашти хиёбони Рӯдакии ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар  2,85 гектар «Боғи ба номи Аҳмади Дониш» номгузорӣ карда  шуд.

 

Сентябрь 27, 2018 14:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Фестивали ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан» тарроҳону ҳунармандони шаҳру ноҳияҳои мамлакатро дар Душанбе ҷамъ овард
Дар Маҷмааи таърихию фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд» бахшида ба Иди Наврӯз барномаи фарҳангӣ доир мегардад
Бахшида ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо бо иштироки олимони Тоҷикистон ва Чин конфронс доир мегардад
Дар Институти физикаю техника озмоишгоҳи замонавӣ ба истифода дода шуд
Абубакри Розӣ аз зумраи нобиғаҳоест, ки дар пешрафти соҳаҳои гуногуни илми ҷаҳонӣ саҳми калон гузоштааст
ҒИЗОИ СОЛИМ. Тоҷикон дар наҳорӣ кадом хӯрокҳоро омода менамоянд?
Вобаста ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва арзёбии илмии равандҳои криосфера конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Дар Душанбе Фестивал-намоиши либосҳои миллӣ баргузор мегардад
«ПИРЯХҲО-НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ ТОҶИКИСТОН». Дар Осорхонаи миллӣ конфронси илмии ҷумҳуриявӣ доир гардид
РӮЗИ МОДАР. Дар Душанбе бахшида ба он намоиш-фурӯши китоб доир мешавад
Дар Академияи миллии илмҳо масъалаи омоданамоии кадрҳои баланди илмӣ дар самти илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ баррасӣ шуд
Дар Давҳа Маҷмаи 10-уми умумии Шабакаи ҷаҳонии дипломатияи мардумӣ ба фаъолият оғоз намуд