Дар вилояти Хатлон Озмуни «Беҳтарин шаҳру ноҳия ва маҳаллаву ҷамоатҳо» ҷамъбаст гардид

Сентябрь 8, 2018 10:54

ДУШАНБЕ, 8.09.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дар  вилояти Хатлон озмун барои муайян намудани беҳтарин шаҳру ноҳия, шаҳраку деҳот, маҳалла ва деҳа ҷамъбаст гардид.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон  ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ҳадафи озмун дар амал татбиқ намудани дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб ёфта, он дар ҳудуди вилоят бо мақсади вусъат бахшидани корҳои ободонӣ, бунёдкорию созандагӣ, мусоидат ба рушди иҷтимоию иқтисодӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, дар шаҳру ноҳияҳо, шаҳраку деҳот, деҳаҳо, маҳаллаҳо ташвиқу тарғиб ва дастрас намудани таҷрибаи пешқадам, инчунин гиромидошти арзишҳои ваҳдати миллӣ, таҳкими ҳувияти миллӣ, тарғиб ва оммавӣ гардонидани суннатҳои беҳтарини миллӣ баргузор гардид.

Мақсади асосии озмуни вилоятӣ аз баланд бардоштани ҳисси хештаншиносӣ, ватандӯстӣ, ободкорӣ, зебоипарастӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, фарҳанг, илму маориф, тандурустӣ, муҳити зист ва ифтихор аз анъанаҳои миллӣ иборат буд.

Тибқи ҷадвали тасдиқгардида, марҳилаи якуми озмун дар шаҳру ноҳияҳо 20 июли соли ҷорӣ ҷамъбаст гардид.

Бо қарори комиссияи вилоятии озмун маҳаллаи «Ибни Сино» аз ноҳияи Кӯшониён ғолиби ҷойи якум гардида, соҳиби 3500 сомонӣ мукофотпулӣ шуд. Маҳаллаи «Нурулло Ҳувайдуллоев»-и шаҳри   Бохтар ҷойи дуюм ва 2500 сомонӣ мукофотпулӣ, маҳаллаи «Маҳаллаи-1»-и ноҳияи Фархор ҷойи сеюм ва 2000 сомонӣ мукофотпулиро соҳиб шуданд.

Байни шаҳрҳо шаҳри Бохтар соҳиби ҷойи аввал, шаҳри Кӯлоб ғолиби ҷойи дуюм ва шаҳри Левакант ғолиби ҷойи сеюм дониста шуд.

Байни ноҳияҳо Данғара ҷойи якум, Ёвон ҷойи дуюм ва Ҷалолиддини Балхӣ ҷойи сеюмро соҳиб шуданд.

Ҳамзамон тибқи қарори комиссияи озмуни мазкур, ҷамоати деҳоти беҳтарин ва ҷамоати  шаҳраки  беҳтарин муайян гардиданд.

Инчунин барои иштироки фаъолона дар озмуни вилоятӣ ба муносибати 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳо бо ифтихорнома сарфароз гардонида шуданд.

Сентябрь 8, 2018 10:54

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШОНИ ҶАВОНМАРДӢ. Дар ҳошияи асари сиёсатшинос, сиёсатмадор, олим ва адиби нуктасанҷ Саймумин Ятимов
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба татбиқи технологияҳои рақамӣ дар низоми логистикӣ машварат доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии ҳарбӣ- варзишии «Ватанпарвар» доир гардид
«Одамон. Идеяҳо. Ҳаракат». Дар Душанбе нахустин форуми таҷрибаҳои идоракунӣ баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ТАЪСИРИ ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ БА РУҲИЯИ КӮДАКОН. Ва ё «оҳанро дар гармияш бояд кӯфт»
Соли 2025 шаҳрвандон ва соҳибкорон беш аз 6 миллион амалиёти ғайринақдиро анҷом доданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Чӣ тавр аз лӯбиё таом ва ё хӯриш омода намоем?
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ФУТБОЛ. Дастаҳои асосӣ ва ҷавонони «Вахш» бо медалҳои нуқра ва биринҷӣ мукофотонида шуданд