Душанбе ба даҳгонаи аввали шаҳрҳои ИДМ барои сафари тирамоҳӣ шомил шуд

Сентябрь 18, 2018 11:06

ДУШАНБЕ, 19.09.2018 /АМИТ «Ховар»/. Агентии таҳлилии сайёҳии «TourStat» шаҳрҳои машҳуртарини Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро (ИДМ) барои сафари тирамоҳии сайёҳони рус пешниҳод намуд.

Душанбе ба даҳгонаи аввали шаҳрҳои машҳуртарини ИДМ барои сафари тирамоҳӣ шомил шуд.

Минск, Остона, Боку, Ереван, Тошканд, Алмаато, Бишкек, Кишинев, Душанбе ва Ашқобод ба даҳгонаи шаҳрҳои кишварҳои ИДМ, ки миёни сайёҳони рус машҳуранд, ворид гардиданд.

Раддабандӣ аз рӯи натиҷаҳои таҳлилии сафарҳои сайёҳӣ дар тирамоҳи соли 2018 тартиб дода шудааст.

Бино ба маълумоти «Turstat», сайёҳон ба шаҳрҳо ва кишварҳои ИДМ ба ҳисоби миёна 3 сафар карда, барои будубош ва хӯрок аз $30 то $80 харҷ мекунанд.

 

 

Сентябрь 18, 2018 11:06

Хабарҳои дигари ин бахш

РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд
Қатораи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» бо ҳайати сайёҳон ба Душанбе омад