ФУТБОЛ: «Хуҷанд» аз нав ба ҷои аввал баромад

Сентябрь 20, 2018 08:37

ДУШАНБЕ, 20.09.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи «Хуҷанд»-и Хуҷанд баъди ғалаба дар бозии сафарии даври 17-уми Чемпионати мамлакат байни дастаҳои Лигаи олӣ бар «Регар-ТадАЗ» аз нав ба ҷои аввали ҷадвали мусобиқот баромад. Ин дар ҳоле рух дод, ки Фарҳод Тоҳиров тавонист дар варзишгоҳи «Талко-Арена»  дар дақиқаи 57-ум ба дарвозаи соҳибони майдон тӯби ягона ворид намояд.

Дар бозии дуюми рӯз дастаи «Панҷшер»-и Ҷалолиддини Балхӣ дар майдони худ «Хатлон»-ро ба шикаст рӯ ба рӯ карда, бо ҳисоби 2:0 пирӯзӣ ба даст овард. Тӯбҳоро Мунир Давлатбеков дар дақиқаи 22-юм ва Хайриддин Тӯрахонов дар дақиқаи 77-ум ба самар расониданд.

Даври 17-уми Чемпионат имрӯз бо бозии байни дастаҳои «Барқчӣ» ва КМВА «Помир» дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад.

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ.

Даври 17

 «Регар-ТадАЗ» – «Хуҷанд» – 0:1

Гол: Фарҳод Тоҳиров, 57.

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода): Рустам Ризоев, Ойбек Абдуғаффоров, Бахтиёр Қаландаров, Сафаралӣ Каримов, Акбар Бобомуродов (Рамазон Ҳабибуллоев, 65), Абдусамад Ҳоҷибоев, Шерзод Маҳамадиев (Амирҷон Сафаров, 55), Хайрулло Азизов, Вайсиддин Сафаров (Фирӯз Раҳматов, 73), Ҳикматулло Расулов, Наврӯз Рустамов.

«Хуҷанд» (Хуҷанд): Алексей Матросов, Манучеҳр Ахмедов, Вусал Магеррамов, Хуршед Бекназаров, Дмитрий Бондар, Бахтиёр Чориев, Обидҷон Ҳакимов, Ҳасан Рустамов (Меъроҷ Шарифзода, 77), Дилшодҷон Каримов, Дилшод Бозоров (Фарҳд Тохиров, 56, Сохибҷон Ҳакимов, 88), Ҷаҳонгир Эргашев.

Огоҳӣ: Ойбек Абдуғаффоров, Cафаралӣ Каримов, Наврӯз Рустамов («Регар-ТадАЗ»). Хуршед Бекназаров («Хуҷанд»).

Бозинагри беҳтарин: Ҷаҳонгир Эргашев («Хуҷанд»).

Довар дар майдон: Насим Ҳамидов (Душанбе).

Нозири доварон: Баҳром Саъдуллоев (Бохтар).

Комиссари бозӣ: Пӯлод Қодиров (Душанбе).

19 сентябр. Турсунзода. Варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена». 1500 тамошобин.

«Панҷшер» – «Хатлон» – 2:0

ГолҳоМунир Давлатбеков, 22 (1:0). Хайриддин Тӯрахонов, 77 (2:0).

«Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ): Куайе Годсон, Равшан Азизов, Алишери Ҳотам, Хушбахт Миров, Абдулатиф Тоҷиахмедов, Ҳурбонбой Шералиев, Сорбон Авғонов (Маҳмуд Ғаюров, 72), Мунир Давлатбеков, Алишер Салимов (Хайриддин Тӯрахонов, 76), Шаҳбози Шарифӣ, Нуъмон Зокиров (Саидакбар Юнусов, 86).

«Хатлон» (Бохтар): Шаҳром Исмоилов, Далер Шомуродов, Наимҷон Иброҳимзода, Эраҷ Раҷабов, Муҳаммад Насков, Маҳмадалӣ Содиқов, Мухтор Ортиқов, Ҷамолиддин Зардиев, Умарҷон Шарифов (Гурез Аслонов, 75), Кароматулло Саидов, Парвиз Охунов.

ОгоҳӣНуъмон Зокиров, Шаҳбози Шарифӣ, Хайриддин Тӯрахонов («Панҷшер»), Муҳаммад Насков, Маҳмадалӣ Содиқов («Хатлон»).

Бозинагри беҳтаринМунир Давлатбеков («Панҷшер»).

Довар дар майдон: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).

 Нозири доварон: Ориф Ҷӯраев (Душанбе).

Комиссари бозӣ: Фаррухи Ҳусейнзода (Бохтар).

19 сентябр. Ҷалолиддини Балхӣ. Варзишгоҳи ба номи  Уктам Маматов. 3000 тамошобин.

    Б Ғ Ӣ Б Т/т И
1 «Хуҷанд» (Хуҷанд) 17 13 3 1 37-14 42
2 «Истиқлол» (Душанбе) 17 13 3 1 31-15 42
3 «Кӯктош» (Рӯдакӣ) 17 7 3 7 24-26 24
4 «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 17 5 4 8 21-23 19
5 КМВА «Помир» (Душанбе) 16 4 7 5 19-26 19
6 «Хатлон» (Бохтар) 17 5 3 9 17-22 18
7 «Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ) 17 3 6 8 14-22 15
8 «Барқчӣ» (Ҳисор) 16 2 1 13 10-25 7

НишонзанҳоҶаҳонгир Эргашев («Хуҷанд») – 9 , Шериддин Бобоев («Истиқлол») – 7 , Дилшод Восиев («Истиқлол»), Фарҳод Тоҳиров («Хуҷанд»), Наврӯз Рустамов («Хатлон»/«Регар-ТадАЗ») –  6 тӯб.

Сентябрь 20, 2018 08:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзалро истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе чемпионати CAFA-2024 байни дастаҳои занона (U-18) ба анҷом расид
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бо тими Тайиланд бозӣ менамояд
ЧЕМПИОНАТИ CAFA-2024. Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон (U-18) аввалин пирӯзӣ ба даст овард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба даври нимфиналии Ҷоми Осиё-2024 баромада, соҳиби роҳхати Ҷоми ҷаҳон шуд
ФУТБОЛ. Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-16) дар мусобиқаи рушди УЕФА дар Минск иштирок мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имрӯз дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо дастаи Тайиланд бозӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври дуюм бо дастаи Қирғизистон бозӣ мекунад
Пайрав Воҳидов: «Бисёр шодем, ки бозии даври аввали марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2024-ро бо ғалаба анҷом додем»
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал тими Кореяи Ҷанубиро мағлуб намуд
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имрӯз дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо дастаи Арабистони Саудӣ бозӣ менамояд
ЭЙ ДУШАНБЕ, ШАҲРИ БЕМОНАНДИ МАН. Суратгузориши АМИТ «Ховар» ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад