ФУТБОЛ. Лигаи миллатҳои Аврупо: шикасти дардноки дастаи мунтахаби Хорватия аз Испания ҳангома эҷод кард

Сентябрь 12, 2018 14:52

ДУШАНБЕ, 12.09.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби Хорватия-барандаи медалҳои нуқраи Чемпионати ҷаҳони соли 2018 дар даври дуввуми бозиҳои Лигаи миллатҳои Аврупо дар меҳмонии дастаи мунтахаби Испания бо натиҷаи 6:0 шикаст хӯрда, дар ҷаҳони футбол боз як ҳангомаи дигар бар ҷой гузошт. Ин вохӯрӣ дар варзишгоҳи  “Мануэ Мартинес Валеро” –и шаҳри Элчеи Испания шоми дирӯз барпо гардид.

Футболбозони испанӣ дар ин вохӯрӣ бартарии мутлақро дар ҳама нишондодҳо соҳиб буданд ва Саул ҳисобро боз кард. Ҳунарнамоии на он қадар хуби Ковачич имкон дод, ки Асенсио натиҷаро ба 2:0 расонад. Асенсио бори дигар аз марказ зарбаеро ба иҷро расонд, ки он ба тири дарвоза бархӯрда, ба пушти дарвозабон –Ловре Калинич расид ва вориди дарвоза шуд. Сипас Родриго, Серхио Рамос ва Иско боз се тӯби дигар ба тӯри дарвоза зада, ба натиҷаи вохӯрӣ нуқта гузоштанд.

Ноиби чемпиони ҷаҳони соли 2018 –дастаи мунтахаби Хорватия бо ин натиҷа нишон дод, ки баъди ба даст овардани медалҳои нуқра футболбозони ин кишвар лаҳзае фароғатро пешаи худ кардаанд.

Дар ин давр дар Лигаи “Д”-и гурӯҳи 2 дастаҳои мунтахаби Молдова ва Беларус 0:0, дар Лигаи “А”-и гурӯҳи 2 Исландия ва Белгия 0:3 ва Лигаи “А”-и гурӯҳи 3 Португалия- Италия бо ҳисоби 1:0 бозиҳояшонро ҷамъбаст карданд.

Лигаи миллатҳо A 

Гурӯҳи 4

Испания — Хорватия — 6:0 (3:0)

Голҳо: Саул, 24 (1:0). Асенсио, 33 (2:0). Калинич, 35 (худгол) (3:0). Родриго, 49 (4:0). Серхио Рамос, 57 (5:0). Иско, 70 (6:0).

Лигаи миллатҳо

Лигаи А

Гурӯҳи 2

Исландия — Белгия — 0:3 (0:2)

Голҳо: Э.Азар, 29 пен (0:1). Лукаку, 31 (0:2). Лукаку, 81 (0:3).

Лигаи С

Гурӯҳи 2

Венгрия — Юнон — 2:1 (2:1)

Голҳо: Р.Шоллои, 15 (1:0). Манолас, 18 (1:1). Кляйнхайслер, 42 (2:1).

Финляндия — Эстония — 1:0 (1:0)

Гол: Пукки,12.

Лигаи миллатҳо

Лигаи В

Гурӯҳи 3

Босния ва Гертсеговина — Австрия — 1:0 (0:0)

Гол: Ҷеко, 78.

 

 

Сентябрь 12, 2018 14:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзалро истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе чемпионати CAFA-2024 байни дастаҳои занона (U-18) ба анҷом расид
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бо тими Тайиланд бозӣ менамояд
ЧЕМПИОНАТИ CAFA-2024. Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон (U-18) аввалин пирӯзӣ ба даст овард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба даври нимфиналии Ҷоми Осиё-2024 баромада, соҳиби роҳхати Ҷоми ҷаҳон шуд
ФУТБОЛ. Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-16) дар мусобиқаи рушди УЕФА дар Минск иштирок мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имрӯз дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо дастаи Тайиланд бозӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври дуюм бо дастаи Қирғизистон бозӣ мекунад
Пайрав Воҳидов: «Бисёр шодем, ки бозии даври аввали марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2024-ро бо ғалаба анҷом додем»
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал тими Кореяи Ҷанубиро мағлуб намуд
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имрӯз дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо дастаи Арабистони Саудӣ бозӣ менамояд
ЭЙ ДУШАНБЕ, ШАҲРИ БЕМОНАНДИ МАН. Суратгузориши АМИТ «Ховар» ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад