Ифтитоҳи Парчам ва Нишони давлатӣ дар ноҳияи Дарвоз
ДУШАНБЕ, 11.09.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар маркази ноҳияи Дарвоз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ сутунпояи Парчами миллӣ ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ карданд.
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази ноҳия бо баландии 30 метр қомат афрохта, 7 метр паҳноӣ ва 14 метр дарозӣ дорад. Баландии Нишони давлатӣ, ки дар паҳлуи Парчам сохта шудааст, 15 метрро ташкил медиҳад. Ҳамчунин дар назди Нишон ва Парчами давлатӣ тоҷ бо паҳноии 12 ва дарозии 14 метр сохта шудааст.
Дар баробари сохтмони тоҷ, парчам ва нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар атрофи маҷмаа гулу буттаҳои ороишӣ низ шинонида шуда, атрофи он чароғон ва ободу зебо карда шудааст.
Бунёди рамзҳои давлатӣ дар доираи дастуру ҳидоятҳои созандаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири гиромидошти муқаддасоти миллӣ сурат гирифтааст.
Пас аз ифтитоҳ ва мавриди баҳрабардорӣ қарор додани иншооти таъйиноти гуногун дар ҳамин ҷо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагон ва фаъолони ноҳияи Дарвоз мулоқоти самимию созанда анҷом доданд.
Нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи ҳозиринро ба муносибати 27 — умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфтанд.
Зимни баромади худ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи соҳаҳои ин ноҳияи кӯҳистони мамлакатро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, таъкид намуданд, ки маҳз самараи истиқлолияти давлатӣ, тадбирҳои созандаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷонибдории мардум аз сиёсати созанда буд, ки имрӯз шароити кору зиндагии сокинони ноҳия беҳтар гардид.









35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Шарҳи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раҳбари Олии Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Сайид Муҷтабо Ҳусейни Хоманаӣ барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Суди Олӣ, Прокуратура ва Вазорати корҳои дохилӣ тағйироти кадрӣ ба амал оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Девони Вазирони Туркманистон Тангригули Атахаллиевро ба ҳузур пазируфтанд






