Корхонаи фаръии «Обтаъминкунӣ ва канализатсияи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ» сокинонро бо оби нушокӣ таъмин менамояд

Сентябрь 26, 2018 17:03

ТУРСУНЗОДА, 26.09.2018. /АМИТ «Ховар»/.  Кормандони корхонаи фаръии «Обтаъминкунӣ ва канализатсияи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ»  барои фаъолияти мунтазами  иншооти коммуналии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҷиҳати дар сатҳи баланд гузаронидани давраи  тирамоҳу зимистони солҳои 2018-2019  омодагии ҳамаҷониба мебинанд. Дар ин бора сармуҳандиси корхонаи  фаръии «Обтаъминкунӣ ва канализатсияи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ» Аъзам Гиёҳзода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

То имрӯз мутахассисони корхонаи мазкур  ҷиҳати таъмини мунтазами аҳолӣ бо оби тозаи нӯшокӣ иншооти обтаъминкунии шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат, Турсунзода, Ҳисор, Рӯдакӣ ва Шаҳринавро  таъмиру барқарор намуданд. Бо мақсади сарфакорона   ва мақсаднок истифода бурдани  маблағҳои буҷетӣ дар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ ва аҳолӣ то имрӯз 21 016 адад обченкунакҳо насб карда, 16 адад трансформаторҳои ҳудуди корхонаро бо равған пур намуда, корҳои профилатикӣ гузарониданд. 63 адад насосҳои обтаъминкунандаи шаҳру ноҳияҳои тобеи марказро таъмир намуда, ҳамзамон се адад насосҳои обкашии тамғаи ЭСВ-ро бо маблағи зиёда аз 70 ҳазор сомонӣ харидорӣ намуда, дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Рӯдакӣ васл карданд.   Барои  безарар гардонидани обҳои нӯшокӣ то имрӯз дар анбори корхона 3 тонна хлор захира намудаанд.

Тибқи иттилои манбаъ, ин корхона барои таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ техникаҳои махсус, аз қабили  мошини бартарафкунандаи садамаҳо,  экскаватор, автокран, трактор, мотопомпа ва таҷҳизоти кафшергариро таъмир намуда, ба давраи зимистон омода намудааст.

Корхонаи фаръии «Обтаъминкунӣ ва канализатсияи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ» дорои 15 адад иншооти обтаъминкунӣ бо иқтидори лоиҳавии 179,4 ҳазор метри кубӣ, 72 адад чоҳҳои амудӣ, 66 адад насосҳои обкашии зеризаминӣ, 5 адад пойгоҳҳои насосии куталҳои 2-3,  12 адад ҳавзҳои оби тоза бо ҳаҷми аз 100 то 3000 метри кубӣ ва 17 адад ҳавзҳои оби тозаи ҳаҷмашон аз 5 то 20 метри кубӣ мебошад. Он ба зиёда аз 40 ҳазор нафар муштариён хизмат мерасонад.  Истеҳсоли оби нӯшокии корхона дар як шабонарӯз  аз 53000 то 55000 метри кубӣ мебошад, ки барои истеҳсоли чунин миқдори об 26500 кВт қувваи барқ бо арзиши 2120 сомонӣ хароҷот мешавад.

Дар мавриди мушкилоти имрӯзаи корхона Аъзам Гиёҳзода зикр намуд, ки аз сабаби паст будани маърифатнокии баъзе муштариён, ҳаққи хизматрасонии таъмини оби нӯшокӣ  сари вақт пардохт намегардад, ки ин ба истеҳсол ва маоши кормандон таъсири манфӣ мерасонад.

Инчунин аз сабаби кӯҳнаю фарсуда гардидани қубурҳои обгузар дар шаҳру ноҳияҳои мазкур, ки аз замони шӯравӣ боқӣ мондаанд,  талафоти об дида мешавад.  Аз ин ҷиҳат корхона кӯшиш намуда истодааст, ки дар доираи имкониятҳои мавҷуда қисме аз ин қубурҳои садамавиро ро иваз намояд.

Сентябрь 26, 2018 17:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Турсунзода бо сарбозони дидбонгоҳҳои сарҳадӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Наврасону ҷавонони ноҳияи Мурғоб дар ҳашари экологии «Соҳили тоза-2026» иштирок намуданд
«МегаФон Тоҷикистон»: Касбу кор аз хазина оғоз меёбад
Хайриддин Усмонзода бо роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда барои Осиёи Марказӣ вохӯрӣ намуд
ҚУДРАТЕ, КИ МУРДАХОКИ ЗОРИ НАМРО ЗИНДА КАРД. Андешаҳо дар мавриди ба Ватан баргардонидани хоки оромгоҳи фарзандони фарзонаи миллат
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони дорои хусусияти селӣ пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар қисми зиёди ноҳияҳои Тоҷикистон омадани сел дар назар аст
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон бо ҷараёни корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ шинос шуд
Ҷаласаи ташкилоти ибтидоии «Оморчиён»-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо Раиси Суди иқтисодии ИДМ мулоқот намуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон боридани боронҳои сел пешгӯӣ мешавад