«МАРДУМ АДОЛАТ ТАЛАБ МЕКУНАД…». Ба андешаи профессор Шариф Муллоев, террористон ва экстремистони ТТЭ ҲНИ набояд дар озодӣ гарданд

Сентябрь 14, 2018 16:22

ДУШАНБЕ, 14.09.2018 /АМИТ «Ховар»/. «Агар ҷинояткорон минбаъд низ дар озодӣ бошанд, он гоҳ дар ояндаи наздик мавҷи нави хунрезӣ ба миён хоҳад омад ва боиси осеб дидани шаҳрвандони бегуноҳ хоҳад гашт», — иброз дошт сардори шуъбаи ДСРТ (РТСУ), доктори илмҳои филология, профессор Шариф Муллоев ба мухбири АМИТ «Ховар» дар робита ба иқдомҳои разилонаи ахири ташкилоти террористию экстремистии «Ҳизби наҳзати исломӣ».

Дар зер матни пурраи изҳороти Ш. Муллоевро пешкаш менамоем.

«Гуноҳи азими ҷинояткорӣ дар ҳисоби беҷазоист…». Чунин андеша дошт сиёсатмадори Рими қадим, суханвар ва файласуф Марк Толлиус Ситсерон. Зоҳиран, кадом шахс омода аст ҷиноят содир намояд ва умед бар он бандад, ки бе ҷазо мемонад? Зеро ҷое, ки беҷазоӣ анҷом меёбад, он ҷо азоби виҷдон оғоз меёбад, ки он ба ҷинояткор барои тамоми ҳаёташ ҷазо мегардад,

Вале, сад афсӯс, ки виҷдон ва баъзе ҷинояткорон — комилан номувофиқанд. Куштори одамони зиёди бегуноҳ дар ҷанги шаҳрвандӣ, табаддулот дар давлати обод, зиддият ба сохти конститутсионӣ, тӯҳмат ва таҳқир ба Ҳукумати ҷумҳурӣ, қатли сайёҳони бегуноҳ ва паст кардани нуфузи Ватани худ дар сатҳи байналмилалӣ. Ҳамаи ин барои як гурӯҳи ҷинояткорон хеле зиёд мебошад! Тамоми ин таҷрибаи чандсолаи ҷиноӣ бар дӯши намояндагони ҳизби наҳзати исломӣ мебошад, ки то имрӯз фаъолияти ҷиноию террористии худро идома дода, ҷавононро бо маҳрум сохтан аз ояндаи дурахшон, оила, кор ва ҳаёти хушу осоишта ба содир намудани ҷиноят тела медиҳанд. Волидони онҳоро бинобар иштибоҳи ногузири фарзандонашон, ки ба онҳо умеди калон доштанд, то охири ҳаёташон ба азият гирифтор мекунанд.

Чӣ мешавад, ки агар ба рӯйхати болозикр ба таври муфассал назар афканем ва он амалҳои ваҳшиёнаи аъзои ҲНИ таҳти роҳбарии Муҳиддин Кабириро ба ёд оварем?

Бешубҳа, дар бораи куштори одамони зиёд дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ ҳарф зада, хонанда ҷанги хунин ва бародаркуши солҳои 90-умро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки онро насли калонсол хуб дар ёд дорад, ба хотир меорад. Ва оё ин ҷанг сар мезад, агар мухолифин дар симои аъзои ҲНИ ба куштани одамони бегуноҳ яке аз паси дигар, зӯроварӣ нисбат ба занону духтарони ҷавон ва куштори падарону бародарон барои расидан ба қудрат намекӯшиданд? Бо эҳтимоли зиёд на ва шояд, ки ба мо чунин муддати дароз барқарор намудани тамоми зарари ҷанг пеш намеомаду бо суръати тезтар рушд мекардем. Бечуну чаро, имрӯз Тоҷикистони мо ба по хесту роҳи рушдро пеш гирифт, вале, агар он ҷанге, ки ҳатто кас ба ёд овардан намехоҳад, рух намедод, ин пешравиҳо барвақттар шурӯъ мешуданд…

Шояд дар бораи кӯшиши табаддулот дар давлати ободу ором баъдтар гап занем, вале зиддият ба сохти конститутсионӣ худ ба худ  замоне пайдо мешавад, ки ин баъд аз даъватҳои сершумор ба низоъҳои дохилӣ ва барангехтани ихтилофҳо дар дохили кишвар аз ҷониби ҳамон «наҳзатиҳо» таъкид шудааст.

Аён аст, ки агар манфиати онҳо ҷиҳати ба даст овардани қудрат дар кишвар намебуд, он гоҳ таҳқиру тӯҳматҳояшон ба унвони Пешвои миллати тоҷик садо намедод. Яке аз иқдомҳои разилонае, ки мухолиф метавонад ба он даст занад, ин дар коре беасос айбдор кардани намояндагони мақомоти Ватани худ мебошад. Ба сифати мисол метавон ҳодисаи ахирро дар бораи манъи аз кишвар баромадани Ҳамзаи чорсола ва модари ӯ овард. Дар ин хусус қариб ҳамаи ВАО-и мухолифин дар Тоҷикистон ва Ғарб доду фарёд мекарданд, вале, танҳо то даме, ки худи модари кӯдак иқрор шуд, ки дар ҳақиқат ҳеҷ кас хуруҷи ӯро манъ накардааст ва худаш шиносномаҳоро гум кардааст. Тахмин кардани он, ки кӣ ин ғавғоро ташкил кард, душвор нест. Дар натиҷа, тавре ҳамаи мо ёд дорем, мақомот ба модару кӯдак барои барқарор намудани ҳуҷҷатҳо кумак намуданд ва ба иғво нигоҳ накарда, онҳоро барои табобат ба хориҷ фиристоданд. Кӯдакеро, ки худ ҳеҷ чизро дарк намекард, ҳамчун яроқи иттилоотӣ ба муқобили Ҳукумат истифода шуда буд ва аз ҷониби худи бобояш – Кабирӣ ба хотири манофеи шахсияш бешармона ба сиёсат «кашида» шуд.

Дар бораи марги фоҷеабори сайёҳони бегуноҳ дар Данғара аллакай ба тамоми ҷаҳон маълум аст. Ҳангоми мутолиаи ВАО-и амрикоӣ ва аврупоӣ, ки дар онҳо дар бораи ҳодисаи мазкур иттилоъ нашр шудааст, кас ба чунин гуфтаҳо рӯ ба рӯ мешавад: «Шаҳрвандони Тоҷикистон (Осиёи Марказӣ) шаҳрвандони Амрико, Нидерландро куштанд…». Мехоҳам бигӯям, ки ин одамон шаҳрвандон ва ҳамватанони мо нестанд, онҳо бе имону бе Худо ва бе миллатанд, онҳо ҳатто ба номи одамӣ намеарзанд. Вале чӣ бояд кард, мардум дар миқёси ҷаҳонӣ таҳқир шуд, аксарияти сокинони кишвар худмаҳкумкунӣ талаб кардаанд: ҷинояткоронро ба мардум супоред, то ки онҳо худашон  пора-пораашон созанд.

Дар робита ба кӯшиши табаддулот дар давлати тинҷу обод танҳо ҳаминро метавон гуфт, ки агар ҷинояткорон минбаъд низ дар озодӣ бошанд, он гоҳ дар ояндаи наздик мавҷи нави хунрезӣ ба миён хоҳад омад ва боиси осеб дидани шаҳрвандони бегуноҳ хоҳад гашт. Ва ҳоло ки чунин ҳодиса рух надодааст, бар он умед мебандем, ки аъзои ҳизби наҳзати исломӣ таҳти роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ зиндонӣ карда мешаванд.   Ва мо ба рух додани ин гуна ҳодисаҳо роҳ намедиҳем!

Мардум адолат талаб дорад, то ҷинояткорон тибқи қонун ҷазо гиранд.

 Маълумотномаи АМИТ «Ховар»:

Шариф Муллоев соли 1992 Институти давлатии омӯзгории Душанберо хатм карда, пас аз он дар кафедраи адабиёти рус ва хориҷии институти мазкур фаъолият кардааст. Соли 2008 дотсенти кафедраи таърих ва назарияи журналистика ва ВАО-и электронӣ гардид. Соли 2013 рисолаи докториашро дар мавзӯи «Мушкилоти хусусиятҳои жанрию мавзӯии публитсистикаи тоҷик дар замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ (солҳои 1941-1945)» ҳимоя намуд.

Аз соли 2014 инҷониб сардори кафедраи матбуоти даврӣ ва PR-и шуъбаи журналистикаи факултаи филологияи ДСРТ (РТСУ) мебошад. Аз фанҳои «Ҳуқуқи иттилоотӣ», «PR технология дар журналистика», «Таърихи журналистикаи тоҷик» ва ғайраҳо дарс мегӯяд. Муаллифи беш аз 100 кори илмӣ ва таълимию методӣ мебошад.  

Сентябрь 14, 2018 16:22

Хабарҳои дигари ин бахш

«НАҚШИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАШАККУЛИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти ин унвон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ аз омадани сел дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон ҳушдор медиҳад
Дар шаҳри Омск Форуми 4-уми сарварони ҷавони Русия ва давлатҳои Осиёи Марказӣ оғоз ёфт
Ҷумҳурии Тоҷикистон 67-умин давлат дар самти манъи ҷазои ҷисмонӣ нисбат ба кӯдак гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми миллии комиссияҳо оид ба ҳуқуқи кӯдак оғоз гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хоруғ Маркази стоматологӣ кушода шуд
Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон бо Агентии байналмилалии энергияи атомӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расонид
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи корӣ оид ба вазъи зимистонгузаронӣ доир шуд
Дар шаҳри Истаравшан Маркази саломатӣ ба истифода дода шуд
Муколамаи навбатии занони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон баргузор мегардад
Дар Душанбе масъалаи омода намудани мутахассисон дар самти ҳолатҳои фавқулода баррасӣ шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДОНИШҶӮЁН. Ҷавонони тоҷик дар донишгоҳҳои бонуфузи ҷаҳон таҳсили намунавӣ менамоянд