Муовини Сарвазири Туркманистон ҷиҳати иштирок дар саммити сарони ИДМ ба Душанбе омад
ДУШАНБЕ, 28.09.2018 /АМИТ «Ховар»/. Cубҳи имрӯз муовини Сарвазири Туркманистон Пурли Агамурадов ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/ ба шаҳри Душанбе омад.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмони олиқадрро Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ва дигар шахсони расмӣ истиқбол намуданд.
Ёдовар мешавем, ки ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/, ки 28 сентябр дар пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанбе доир мегардад, аллакай сарони давлатҳои Арманистон Никол Пашинян, Беларус Александр Лукашенко, Қазоқистон Нурсултон Назарбаев, Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков, Озарбойҷон Илҳом Алиев, Молдова Игор Додон, Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Россия Владимир Путин вориди пойтахти Тоҷикистон гардиданд.








Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.5751 то 9.6000 сомонӣ муқаррар шудааст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 апрел, сешанбе, 97-умин рӯзи соли 2026 аст
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
Дар шаҳри Бӯстон Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид






