РӮЗҲОИ ФАРҲАНГИ ТОҶИКИСТОН ДАР РОССИЯ. Моҳи октябр намунаҳои санъату ҳунари тоҷикон дар Москва ва Санкт-Петербург намоиш дода мешаванд
ДУШАНБЕ, 29.09.2018. /АМИТ «Ховар»/. Рӯзҳои 6-10 октябри соли равон дар шаҳрҳои Москва ва Санкт-Петербурги Федератсияи Россия Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия баргузор мегарданд.
Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, хадаф аз баргузории Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Россия таҳкими бештари робитаҳои фарҳангии ду кишвар ва муаррифии санъату ҳунари халқи тоҷик ба мардуми рус мебошад.
Ҳайати расмӣ бо роҳбарии муовини аввали Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Ибодулло Машраб сафар мекунад. Ба ҳайати эҷодии Рӯзҳо ҳунарпешаҳои шинохтаи Тоҷикистон Давлатманд Холов, Адҳам Холиқов, Шарофат Усмонова, Таҳмина Ниёзова, Муҳаммадрафӣ Кароматулло, Хуршед Иброҳимзода, Зафар Абдуалимов, Манучеҳр Раҳмонов, Соҳибназар Аловатов, Амирҷон Рӯзиев, Александр Тагиров, инчунин Ансамбли давлатии рақсии хизматнишондодаи ба номи Ғаффор Валаматзода «Лола» ва Ансамбли рақсии Филармонияи давлатии Тоҷикистон «Парасту» шомиланд.
Ба иттилои манбаъ, дар доираи Рӯзҳо баргузории барномаҳои консертии устодони санъат ва ҷавонони болаёқат, намоиши мусаввараҳои рассомони Тоҷикистон, намоиши аккосии «Тоҷикистони муосир», намоиши китобҳои тозанашр ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ва муаррифии асарҳои як зумра адибони тоҷик ба забони русӣ дар назар аст.
Дар маросими ифтитоҳи Рӯзҳо 7 октябр дар саҳнаи нави Театри калони академии Россия дар шаҳри Москва ва 8 октябр дар толори Театри калони драмавии ба номи Г.А. Товстоногови шаҳри Санкт-Петербург барномахои консертӣ доир мегарданд. Қабл аз барномаи консертӣ дар шаҳри Москва намоиши асарҳои санъати тасвирӣ ва аккосӣ пешбинӣ шудааст.
Ҳамчунин намоиши аксҳо ва китобҳои тозанашр дар Китобхонаи давлатии Россия ва нишасти матбуотӣ ба шарафи Рӯзҳо дар Театри калони академии Россия дар назар дошта шудааст.








Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад






