Раёсат дар Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё аз Чин ба Тоҷикистон гузашт
ДУШАНБЕ, 25.09.2018. /АМИТ «Ховар»/. 24 сентябри соли равон дар ҳошияи Иҷлосияи 73-юми Маҷмаи Умумии СММ мулоқоти махсуси вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) баргузор гардид, ки зимни он раёсат дар МҲТБО аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон гузашт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар мулоқоти мазкур Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин намояндагӣ кард. С Муҳриддин зимни суханронӣ вазирон ва намояндагони воломақоми кишварҳои аъзоро бо нақшаҳои минбаъдаи раёсати Тоҷикистон дар МҲТБО шинос намуд.
Таҳти раисии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Муҳриддин дар мулоқоти мазкур ҳамчунин вазирони корҳои хориҷии Чин, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Шри Ланка, Туркия ва муовинони вазирони корҳои хориҷии Бангладеш, Камбоҷа, Ҳиндустон, Эрон ва Таиланд сухан гуфтанд.








Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна
Ҳамкории Тоҷикистону Русия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ гардид
Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд






