Сироҷиддин Муҳриддин ва Туула Юрёла тақвияти ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ карданд

Сентябрь 7, 2018 11:20

ДУШАНБЕ, 07.09.2018 /АМИТ «Ховар»/. Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин Роҳбари Дафтари барномавии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо /САҲА/ дар Душанбе Туула Юрёларо бинобар анҷом  ёфтани фаъолияти дипломатиаш дар Тоҷикистон ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора  ба  АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Тибқи хабари сарчашма, Вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ ба хонум Юрёла барои саҳми арзандааш дар тақвияти ҳамкории дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва САҲА изҳори миннатдорӣ намуд. С. Муҳриддин  умед бар он кард, ки ҷойгузини ӯ низ муносибатҳоро дар чунин сатҳи ҳамкорӣ идома хоҳад дод.

Зимни мулоқот мусоҳибон масоили марбут ба таҳкими ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо САҲА ва дигар масъалаҳои мавриди эҳтимоми тарафайнро  муҳокима намуданд.

 

Сентябрь 7, 2018 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишкадаи энергетикии Москва бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Сафири Тоҷикистон бо Директори Академияи дипломатии Вена мулоқот намуд
Густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Австрия баррасӣ гардид
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна
Ҳамкории Тоҷикистону Русия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ гардид
Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд