Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
15.09.2018, шаҳри Хоруғ
Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!
Чанд рӯз пеш мардуми шарифи Тоҷикистон ҷашни муқаддаси бисту ҳафтумин солгарди истиқлолияти давлатии Ватани маҳбубамонро бо ифтихору сарфарозӣ таҷлил намуданд.
Ба ин муносибат бори дигар ҳамаи шумо, роҳбарону фаъолон ва намояндагони мардуми сарбаланди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро самимона табрик мегӯям ва ба хонадони ҳар як сокини вилоят сулҳу субот ва иқболи нек орзу менамоям.
Маҳз истиқлолияти давлатӣ ба мо имкон дод, ки дар як давраи нисбатан кӯтоҳи таърихӣ ва хусусан, дар зарфи солҳои охир дар самти рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва пешрафту ободии мамлакат ба дастовардҳои назаррас ноил гардем.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки имрӯзҳо симои идона дорад, корҳои зиёди созандагӣ амалӣ шудаанд ва мушоҳида мешавад, ки мардуми бонангу номуси вилоят барои боз ҳам ободу зебо ва пешрафта гардонидани диёри худ содиқона заҳмат кашида истодаанд.
Рушди соҳаҳои иқтисодиёт ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳамеша дар маркази диққати Президент ва Ҳукумати мамлакат қарор дошта, дар натиҷаи чораҳои амалинамудаи Ҳукумат, бахусус, дар солҳои охир дар ҳама соҳаву бахшҳои ҳаёти вилоят тағйироти куллӣ ба назар мерасанд.
Танҳо дар солҳои 2013-2018 аз ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ барои тараққиёти вилоят беш аз 4 миллиард сомонӣ хароҷот шудааст.
Умуман, дар 27 соли даврони истиқлолият дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба маблағи умумии 2 миллиарду 240 миллион сомонӣ қариб 1700 иншооти таъиноти гуногун сохта, ба истифода супорида шудааст.
Дар ин муддат танҳо дар ноҳияи Шуғнон бо сарфи беш аз 270 миллион сомонӣ 301 иншооту биноҳои нав бунёд шуда, симои ноҳия имрӯз ба як шаҳри замонавӣ монанд гардидааст.
Мо дар ҷараёни сафари кории худ тайи чор рӯзи охир дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 20 иншооту биноҳои таъиноти иҷтимоиву иқтисодӣ ва маъмуриро ба истифода супоридем, ки барои бунёду азнавсозии онҳо аз буҷети давлат ва дигар сарчашмаҳо 890 миллион сомонӣ сарф шудааст.
Ҳамчунин, дар ин рӯзҳо сохтмони якчанд иншооти дигар, аз ҷумла бинои маъмурии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ оғоз гардид.
Тибқи нақшаи аз ҷониби Ҳукумати кишвар тасдиқшуда ба муносибати ҷашни 30 — солагии истиқлолияти давлатӣ дар ҳудуди вилоят сохтмон ва таъмиру азнавсозии 90 иншооти дигар аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва маблағҳои марказонидашудаи вазорату идораҳо, инчунин, бо ҷалби сармояи хориҷӣ дар ҳаҷми зиёда аз 2 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст.
Аз ҷумла 25 бинои маъмурӣ, 23 муассисаи таълимӣ ва тандурустиву фарҳанг, 26 километр роҳи дорои аҳаммияти байналмилалӣ ва дигар иншооти иҷтимоиву иқтисодӣ ба нақша ворид гардидааст.
Ҳоло аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президент дар ҳудуди вилоят сохтмони 26 иншоот, аз ҷумла дар шаҳри Хоруғ бунёди 4 иншооти муҳим идома дорад, ки маблағи умумии онҳо беш аз 300 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Илова бар ин, дар шаҳри Хоруғ корҳои омодагӣ барои бунёди маҳалли нави аҳолинишин дар мавзеи Тем босуръат амалӣ шуда истодаанд.
Вобаста ба ин, ба Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президент супориш дода мешавад, ки азнавсозии се километр роҳи маркази шаҳри Хоруғ ва чароғонкунии онро дар муҳлатҳои наздиктарин амалӣ намояд.
Дар робита ба ин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он, Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президент, вазорату идораҳо ва дигар сохтору мақомоти дахлдорро зарур аст, ки бунёду азнавсозии иншооти ба нақша гирифташударо бо сифати баланд ва тарҳи замонавӣ ба роҳ монда, дар муҳлатҳои муайяншуда ба истифода супоридани онҳоро таъмин намоянд.
Ҳамзамон бо ин, ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли ҷорӣ роҳбарони гурӯҳҳои корӣ оид ба ободониву бунёдкорӣ ба ифтихори ҷашни 30 — солагии истиқлолияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳру ноҳияҳои он ва фаъолони вилоят корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни аҳолӣ ва соҳибкорону шахсони саховатпеша васеъ ба роҳ монанд.
Мо бояд хуб дарк намоем, ки ободу зебо гардонидани маҳалли зисти худ ва беҳтар намудани шароити зиндагиамон дар дасти худи мо, яъне вазифаи ҳар як шаҳрванди бонангу номус ва хурду бузурги Ватан мебошад.
Зеро пешрафту ободии Тоҷикистони соҳибистиқлол ва таъмин намудани рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоии он мақсаду мароми ҳар яки мо буда, иҷрои ин рисолати таърихӣ танҳо бо роҳи муттаҳидиву сарҷамъии халқи тоҷик ва заҳмати созандаи тамоми мардум муяссар мегардад.
Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои солҳои 2016-2020 ба фароҳам овардани шароит барои рушди устувори маҳал, ташкил намудани ҷойҳои кори нав ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии сокинони вилоят нигаронида шудааст.
Дар доираи барнома татбиқи 110 лоиҳа ва бунёду азнавсозии беш аз 1500 иншоот ба маблағи умумии беш аз 4 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки 85 фоизи он барои беҳдошти шароити инфрасохтори иҷтимоиву иқтисодии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он равона мегардад.
Вале аз таҳлили ҷараёни татбиқи барномаи мазкур бармеояд, ки ҳанӯз на ҳамаи имконияту захираҳои мавҷуда истифода шудаанд.
Чунин ҳолат дар иҷрои барномаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳру ноҳияҳои вилоят низ ба назар мерасад.
Аз ин лиҳоз, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он бояд дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо, соҳибкорони ватанӣ ва ҷалби сармояи мустақими дохиливу хориҷӣ роҳҳои самараноки маблағгузории корҳои ободониву бунёдкориро ҷустуҷӯ карда, татбиқи саривақтии барномаҳои тасдиқшударо таъмин намоянд.
Ҳоло дар ҳудуди вилоят барои беҳдошти шароити муассисаҳои маорифу тандурустӣ, нақлиёт, обёрӣ ва корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ 10 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ татбиқ шуда истодааст, ки маблағи то имрӯз азхудшудаи онҳо беш аз 70 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Умуман, дар давраи соҳибистиқлолӣ дар ҳудуди вилоят 25 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ дар ҳаҷми беш аз 1 миллиарду 200 миллион сомонӣ ба анҷом расидааст, ки асосан бо бунёду таҷдиди инфрасохтор алоқаманд мебошад.
То соли 2023 дар доираи лоиҳаҳои давлатии амалкунандаи сармоягузорӣ, махсусан, барои беҳдошти шароити инфрасохтори вилоят зиёда аз 730 миллион сомонӣ равона гардида, ҳамзамон бо ин, Ҳукумати мамлакат барои дарёфти сарчашмаҳои маблағгузории лоиҳаҳои нав дар ҳудуди вилоят, ки арзиши лоиҳавии онҳо беш аз 7 миллиард сомониро ташкил медиҳад, корҳои заруриро бо шарикони рушд ба роҳ мондааст.
Дар робита ба ин, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатиро зарур аст, ки якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳру ноҳияҳои он ва дигар мақомоти марбута ҳамкориро дар самти татбиқи самараноки лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ тақвият бахшида, иҷрои саривақтиву босифати онҳоро назорат ва истифодаи дарозмуҳлати иншооти бунёдшударо таъмин намоянд.
Аз ҳаҷми умумии сармоягузории барои инфрасохтори вилоят равонашуда ҳиссаи бештари он ба соҳаи нақлиёт, яъне бунёду азнавсозии роҳҳо рост меояд.
Зеро раҳоӣ ёфтан аз бунбасти коммуникатсионӣ яке аз ҳадафҳои стратегии миллии мо мебошад ва ин ҳадаф тавассути бунёду таҷдиди роҳҳои мошингард ва нақбу пулҳо амалӣ шуда истодааст.
Имрӯз метавонем бо қаноатмандӣ изҳор намоем, ки дар натиҷаи тадбирҳои амалинамудаи Ҳукумати мамлакат Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз як гӯшаи муддати тӯлонӣ дар бунбасти нақлиётӣ қарордошта ба гузаргоҳи транзитии байналмилалӣ табдил ёфтааст.
Ҳоло қариб 1300 километр роҳҳои вилоят аҳаммияти байналмилалӣ дошта, Тоҷикистонро тавассути гузаргоҳҳои сарҳадии Кулма, Қизил Арт ва 6 пул бо се кишвари ҳамсоя мепайванданд.
Танҳо тавассути гузаргоҳи Кулма ҳар сол ба ҳисоби миёна 8-10 ҳазор воситаи нақлиёт ва зиёда аз 150 ҳазор тонна молу маҳсулоти гуногун мегузарад.
Баъди кушодашавии ин гузаргоҳҳо ва таъмиру таҷдиди роҳҳои мошингард дар даҳ соли охир ҳаҷми боркашонӣ бо нақлиёти автомобилӣ дар вилоят се баробар афзоиш ёфтааст.
Умуман, дар ин давра бо ҷалби маблағҳои буҷети давлатӣ ва сармояи хориҷӣ дар ҳудуди вилоят зиёда аз 120 километр роҳҳои дорои аҳаммияти байналмилалӣ сохта, ба истифода супорида шудаанд ва ҳоло корҳо дар 26 километри дигар ба маблағи беш аз 450 миллион сомонӣ оғоз гардидаанд.
Илова бар ин, пешбинӣ шудааст, ки дар доираи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ дар вилоят бунёди 18 пул ба маблағи беш аз 160 миллион сомонӣ оғоз карда шавад.
Ҳоло Ҳукумати мамлакат барои татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ доир ба бунёду азнавсозии шоҳроҳи Кӯлоб – Қалъаихумб – Хоруғ – Мурғоб — Кулма, қитъаҳои Қалъаихумб-Ванҷ, Ванҷ-Хоруғ, Хоруғ — Кулма, роҳҳои мошингарди Хоруғ – Роштқалъа -Чавшангоз ва сохтмони пулҳо дар ин роҳҳо тадбирҳои зарурӣ андешида истодааст.
Бо мақсади боз ҳам беҳтар гардонидани шароити инфрасохтори роҳу нақлиёти вилоят имрӯзҳо корҳои лоиҳакашӣ ва омодагӣ барои таҷдиду азнавсозии роҳи мошингарди Қалъаихумб – Ванҷ, ки масофаи он 92 километр ва арзиши лоиҳавиаш ду миллиард сомонӣ мебошад, идома доранд.
Вазорати нақлиётро зарур аст, ки якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ нигоҳ доштани роҳҳои мошингарди аҳаммияти ҷумҳуриявӣ ва маҳаллидошта ва таъмири ҷории онҳо чораҷӯӣ карда, хароҷоти мақсадноки маблағҳои ҷудошударо таъмин ва назорат намояд.
Танҳо дар се соли охир барои таъмиру нигоҳдории роҳҳои мошингарди вилоят аз буҷети ҷумҳуриявӣ зиёда аз 33 миллион сомонӣ равона гардида, муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо бо техникаи зарурӣ таъмин карда шудаанд.
Бо вуҷуди ин, таъмиру нигоҳдории роҳҳои мошингард дар шароити кӯҳистон мушкилиҳои зиёд дошта, ба техникаву таҷҳизоти ҳозиразамон ниёз дорад ва Ҳукумати кишвар пешбинӣ намудааст, ки ба ин мақсад дар се соли оянда боз 50 миллион сомонӣ равона намояд.
Ҳозирини гиромӣ!
То замони истиқлолият дар бисёр минтақаҳои кӯҳии кишвар, аз ҷумла дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нерӯи барқ асосан тавассути истгоҳҳои дизелӣ истеҳсол мегардид.
Бо дарназардошти аҳаммияти ин масъала дар ҳаёти сокинони вилоят, аз тарафи Ҳукумати кишвар дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ нерӯгоҳи барқи обии «Помир–1» бо тавоноии 14 мегаватт, нерӯгоҳҳои хурди барқи обии «Техарв» бо тавоноии 360 киловатт ва «Андарбак» бо иқтидори 300 киловатт сохта, мавриди истифода қарор дода шуданд, ки онҳо шабакаи аввалини барқи вилоятро ташкил намуданд.
Умуман, дар замони соҳибистиқлолӣ иқтидори истеҳсолии соҳаи энергетикаи вилоят танҳо тавассути истифодаи нерӯи об аз 15 мегаватт то 48 мегаватт расонида шуда, дар ин самт якчанд лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ дар ҳаҷми беш аз 700 миллион сомонӣ амалӣ гардид.
Дар доираи лоиҳаҳои сармоягузорӣ навбати дуюми нерӯгоҳи “Помир-1” ба истифода супорида, нерӯгоҳҳои хурди барқи обии “Ванҷ-1”, “Ванҷ-2” баъд аз таъмиру азнавсозӣ ба шабакаи ягонаи энергетикии кишвар ва нерӯгоҳҳои хурди барқи обии “Намадгут”-и ноҳияи Ишкошим ва “Шуҷанд”-и ноҳияи Рӯшон ба шабакаи марказии “Помир-Энерҷи” пайваст карда шуданд.
Дар зарфи 16 соли охир дар ҳудуди вилоят, дар маҷмӯъ, ба масофаи 73 километр хатҳои нави интиқоли барқи баландшиддати 110 — киловолта, 206 километр хатҳои барқи 35 — киловолта ва 560 километр хатҳои барқи 10 ва 0,4 — киловолта сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.
Тавассути бунёду азнавсозии хатҳои барқ дар деҳоти вилоят беш аз 13 ҳазор нафар аҳолӣ нахустин маротиба ба қувваи барқ дастрасӣ пайдо карда, қариб 200 ҳазор нафар сокинон бо нерӯи барқи доимӣ таъмин гардиданд.
Дар натиҷаи тадбирҳои андешидаи Ҳукумати кишвар аз соли 2016 то нимаи соли 2018 96 фоизи аҳолии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ба истиснои қисми муштариёни водии Бартанг ва ноҳияи Мурғоб, бо барқи шабонарӯзӣ таъмин гардид.
Бо мақсади ҳалли пурраи масъалаи таъминот бо барқ аз ҷониби Ҳукумати кишвар барои азнавсозии нерӯгоҳи барқи обии “Оқсу” дар ноҳияи Мурғоб тадбирҳои зарурӣ андешида шуданд.
Дар натиҷа бо харҷи 90 миллион сомонӣ иқтидори он аз 800 киловатт ба 1500 киловатт зиёд карда шуд ва ин нерӯгоҳ ду рӯз пеш ба фаъолият оғоз кард.
Яъне мушкилоти аҳолии ноҳияи Мурғоб, ки дар як шабонарӯз ҳамагӣ 10-12 соат ва дар фасли зимистон 4-8 соат бо нерӯи барқ таъмин мешуданд, пурра бартараф ва истиқлолияти энергетикӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъмин карда шуд. Бо истифода аз фурсат, тамоми сокинони вилоятро ба ин муносибат табрик мегӯям.
Вобаста ба масъалаҳои соҳаи энергетикаи вилоят Вазорати энергетика ва захираҳои об, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он, ширкати “Помир-Энерҷи” вазифадор карда мешаванд, ки корҳои лоиҳакашиву ҷалби сармояро барои бунёди нерӯгоҳҳои барқи обии ба нақша гирифташуда, алалхусус, нерӯгоҳҳои “Себзор”, “Санобод” ва “Хатфат” суръат бахшида, доир ба истифодаи иқтидорҳои мавҷудаи энергетикӣ, афзоиш додани содироти нерӯи барқ ба кишвари ҳамсояи Афғонистон, бунёду азнавсозии хатҳои интиқоли барқ, таъмини аҳолии деҳоти дурдасти кӯҳистон бо нерӯи барқи доимӣ ва дар ҳолати хуби корӣ нигоҳ доштани низоми истеҳсол ва барқтаъминкунӣ лоиҳаҳои сармоягузориро таҳия ва татбиқ намоянд.
Дӯстони азиз!
Дар давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба иқтисодиёти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон беш аз як миллиард сомонӣ сармояи мустақими хориҷӣ ҷалб ва асосан ба соҳаҳои саноати истихроҷ, корҳои ҷустуҷӯиву геологӣ, нақлиёт, энергетика ва маориф равона гардидааст.
Таъкид месозам, ки бо ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ татбиқ кардани лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар самти коркарди захираҳои табиӣ, меваю сабзавот, ташкили гармхонаҳо, боғдорӣ, картошкапарварӣ, чорводорӣ, парвариши занбӯри асал ва моҳипарварӣ ба рушди боз ҳам бештари иқтисодиёти вилоят мусоидат мекунад.
Тибқи маълумот ҳоло шумораи субъектҳои соҳибкорӣ дар вилоят ба 4500 расида, дар ду соли охир 12,5 фоиз афзоиш ёфтааст.
Вале масъалаи таъмин кардани онҳо бо захираҳои молиявӣ беҳбудиро тақозо менамояд.
Соли 2017 аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ ба соҳибкорон 41 миллион сомонӣ қарз дода шудааст, ки назар ба соли 2016 — ум 40 фоиз коҳиш ёфтааст.
Дар нимсолаи аввали соли 2018 аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ ба иқтисодиёти вилоят 27 миллион сомонӣ маблағҳои қарзӣ равона шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 35 фоиз зиёд мебошад.
Лекин чунин вазъ ҳоло ҳам қонеъкунанда нест ва масъулинро зарур аст, ки ҷиҳати зиёд намудани ҳаҷми маблағҳои қарз ба соҳибкорони вилоят тадбирҳои иловагӣ андешанд.
Аз ҷониби муассисаи давлатии “Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба соҳибкории истеҳсолӣ барои 27 лоиҳа 12 миллион сомонӣ қарзи имтиёзнок ҷудо карда шудааст.
Тибқи супорише, ки дар мулоқот бо соҳибкорону сармоягузорон рӯзи 14-уми октябри соли 2017 гузошта будам, филиали фонди мазкур дар шаҳри Хоруғ таъсис дода шуд.
Минбаъд соҳибкорони вилоят имкон пайдо менамоянд, ки лоиҳаҳои сармоягузории худро дар самти истеҳсоли маҳсулоти гуногун бо сарфи вақти кам барои баррасӣ ба филиали фонди зикршуда пешниҳод намуда, аз маблағҳои қарзи имтиёзнок бархурдор шаванд.
Бори дигар таъкид менамоям, ки фароҳам овардани фазои мусоиди соҳибкорӣ ва дастрасии онҳо ба воситаҳои молиявӣ омили муҳимми инкишофи соҳаҳои истеҳсоли маҳсулоти саноативу кишоварзӣ ба ҳисоб рафта, таъсиси ҷойҳои кори иловагӣ, афзоиши даромади аҳолӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми вилоят ва умуман рушди иқтисодӣ аз фаъолияти муназзами ин соҳаҳо вобаста мебошад.
Ҳарчанд ки солҳои охир ба кор андохтани корхонаҳои саноатӣ дар болоравии иқтисодиёти вилоят саҳми назаррас дорад, вале корҳо дар самти боз ҳам беҳтар намудани шароит барои рушди саноати истихроҷи маъдан, комплекси энергетикӣ, масолеҳи сохтмон ва соҳибкории хурду миёна бояд тақвият бахшида шаванд.
Қобили зикр аст, ки соли 2017 ва шаш моҳи соли 2018 аз ҷониби соҳибкорони вилоят 104 иншооти гуногуни истеҳсолӣ ва иҷтимоиву хизматрасонӣ бунёд гардида, қариб 1000 нафар сокинон бо ҷойи кор таъмин шудаанд.
Соли 1990 дар ҳудуди вилоят ҳамагӣ 7 корхонаи саноатӣ фаъолият дошт.
Дар натиҷаи тадбирҳои зарурии аз ҷониби Ҳукумати кишвар андешидашуда доир ба бунёди корхонаву коргоҳҳои нав соли 2018 шумораи онҳо ба 39 расида, дар 15 соли охир ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 4 баробар афзоиш ёфтааст ва соли 2017-ум 180 миллион сомониро ташкил кардааст.
Раванди афзоиши ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ дар нимсолаи аввали соли 2018 идома ёфта, корхонаҳои саноатии вилоят ба маблағи 78 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд.
Вале бояд гуфт, ки дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар баъзе корхонаҳо коҳиш ёфта, 7 корхона, яъне аз шумораи умумӣ қариб 20 фоиз фаъолият накардааст.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳру ноҳияҳои он ва Вазорати саноат ва технологияҳои навро зарур аст, ки сабабҳои фаъолият накардани корхонаҳои саноатиро таҳлил карда, барои ба кор андохтани онҳо ва таъмин намудани фаъолияти муназзами ҳамаи корхонаҳо чораҳои мушаххас андешанд.
Илова бар ин, дар вилоят бо ҷалби сармояи мустақим таъсис додани корхонаҳои нави истеҳсолӣ оид ба истихроҷу коркарди захираҳои мавҷуда бояд вусъат бахшида шавад.
Ҳукумати кишвар барои корҳои иктишофи геологӣ дар кони нуқраи “Якҷилва”-и ноҳияи Мурғоб ҳанӯз 12 сол пеш иҷозатнома дода буд, ки дар ин давра танҳо барои корҳои зикршуда қариб 17 миллион сомонӣ сарф шудааст.
Тайи ду соли охир бунёди корхона бо сармояи мустақими хориҷӣ ба маблағи 125 миллион сомонӣ ба анҷом расонида шуд ва он чор рӯз пеш ба фаъолият оғоз кард.
Иншооти мазкур дар даврони соҳибистиқлолии кишвар аввалин корхонаи коркарди маъдан дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошад, ки бо ҷалби технологияҳои муосир дар баландии зиёда аз 4500 метр аз сатҳи баҳр сохта шудааст.
Дар корхонаи зикршуда 220 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва музди миёнаи 2600 сомонӣ таъмин мегарданд.
Ба кор андохтани корхонаи ғанигардонии маъдан дар ноҳияи Мурғоб дар баробари таъсиси ҷойҳои кори нав ба раванди саноатикунонии минтақа ва афзун гардидани ҳаҷми содирот мусоидат менамояд.
Ҳоло дар вилоят 22 корхонаву коргоҳҳои саноати сабук мавҷуданд.
Дар мулоқот бо фаъолони ноҳияи Роштқалъа ба Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президент супориш додам, ки дар давоми ду соли оянда дар ноҳияи зикршуда барои 100 ҷойи кори нав корхонаи дӯзандагӣ сохта, ба истифода супорад.
Хотирнишон месозам, ки бо дарназардошти афзоиши ҳамасолаи шумораи аҳолӣ ва зиёд шудани қувваи қобили меҳнат масъалаи ташкили ҷойҳои кор аз ҷумлаи самтҳои муҳимтарини фаъолияти роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба ҳисоб меравад.
Аз ин рӯ, Вазорати саноат ва технологияҳои нав, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда, хусусан, ашёи хоми ҳудуди вилоят бояд барои бунёди коргоҳу корхонаҳои нави истеҳсолӣ дар самти коркарди онҳо, воридоти технологияҳои ҳозиразамон ва истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир тадбирҳои иловагӣ андешанд.
Дар ин раванд, ҳамчунин, зарур аст, ки ба масъалаи рушди ҳунарҳои мардумӣ, дастгирӣ кардани косибӣ ва дигар навъҳои кори хонагӣ эътибори ҷиддӣ дода шавад.
Ин имкон медиҳад, ки ҳазорҳо нафар сокинони вилоят, махсусан, занҳо бо ҷойи кор таъмин ва сатҳи зиндагии онҳо беҳтар гардад.
Ҳадафи асосии мо аз Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ низ аз ҳамин иборат аст.
Ҳукумати мамлакат ба масъалаи рушди соҳаи кишоварзӣ дар шароити кӯҳсори Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон диққати ҷиддӣ зоҳир менамояд.
Бо мақсади дастрасии кишоварзони вилоят ба техникаи кишоварзӣ тибқи супориши Ҳукумати кишвар дар ҳудуди вилоят 8 маркази хизматрасонии техникӣ фаъолият дорад, вале ин шумора барои таъмин намудани эҳтиёҷоти хоҷагиҳо нокифоя мебошад.
Тибқи Барномаи давлатии азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020 дар ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Шуғнон, Роштқалъа ва Рӯшон азхудкунии қариб 900 гектар заминҳои нав ба маблағи 10 миллион сомонӣ пешбинӣ гардида буд.
Лекин иҷрои нақша то ҳанӯз қонеъкунанда нест.
Ҳол он ки иҷрои барнома имкон медиҳад ҳазорҳо ҷойи нави корӣ ташкил ва ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар вилоят зиёд карда шавад.
Дуруст аст, ки вақтҳои охир дар ноҳияҳои Ванҷ 22 гектар ва Шуғнон 30 гектар замини нав аз худ гардида, беш аз се километр иншооти обрасонӣ бунёд ва заминҳои нав обёрӣ карда шудаанд.
Илова бар ин, дар ноҳияи Рӯшон тоза кардани заҳбуру заҳкашҳо дар майдони 200 гектар ба анҷом расонида, ҳоло ин раванд давом дорад.
Бинобар ин, Вазорати кишоварзӣ, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳияҳои зикршударо зарур аст, ки иҷрои барномаи мазкур ва истифодаи самараноки заминҳои мавҷударо таъмин намуда, аз иҷрои он ҳар шашмоҳа ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти кишвар гузориш манзур намоянд.
Инчунин, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳияҳои он уҳдадоранд, ки тибқи нақшаи тарҳрезишуда сохтмони наҳр ва хатти оби полезиро дар ноҳияҳои Рӯшон, Ишкошим ва Дарвоз ба роҳ монда, барои беҳдошти шароити обтаъминкунии заминҳои кишоварзии ноҳияҳои вилоят то оғози мавсими киштукори соли 2019 тадбирҳои фаврӣ андешанд.
Имкониятҳои вилоят дар самти рушди боғдорӣ, зиёд намудани майдони боғҳо, содироти мева, коркарди он, инчунин, парвариши занбӯри асал зиёданд ва зарур аст, ки ба ин масъала низ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда шавад.
Ҳозирини муҳтарам!
Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои саёҳати кӯҳиву экологӣ ва табобатӣ минтақаи беҳтарин мебошад.
Беҳуда нест, ки соли 2017 кӯҳҳои Помири Тоҷикистон бори cеюм ба рӯйхати “100 манзараи беҳтарини сайёҳӣ” дар ҷаҳон шомил гардиданд.
Парки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба рӯйхати мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардидааст, муаррифгари Тоҷикистон оид ба имкониятҳои сайёҳии экологӣ ва кӯҳнавардӣ мебошад.
Ҳар сол шумораи зиёди сайёҳони хориҷӣ барои тамошои мавзеъҳои камназир ва табиати нотакрори вилоят меоянд.
Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шудани соли 2018 ба рушди ин соҳа дар вилоят такони ҷиддӣ бахшид.
Дар натиҷа шумораи ширкатҳои сайёҳӣ дар вилоят аз 6 ба 24 расида, ҳоло бунёди меҳмонхонаҳои замонавӣ ва фароҳам овардани шароити меҳмонхона дар хонаҳои истиқоматии шаҳрвандон ба ҳукми анъана даромадааст, ки барои дигар манотиқи кишвар намунаи беҳтарин мебошад.
Имрӯз шумораи чунин меҳмонхонаҳои хурд дар ҳудуди вилоят ба 150 расида, барои садҳо оила сарчашмаи даромади иловагӣ ва ҷойи кор муҳайё гардидааст.
Инчунин, дар ҳудуди вилоят мавҷуд будани даҳҳо чашмаҳои шифобахш барои рушди сайёҳии табобатӣ шароити беҳтарини табиӣ фароҳам овардааст ва зарур аст, ки бо истифода аз ин имкониятҳо ҷойҳои иловагии кор ташкил карда шаванд.
Вобаста ба ин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он якҷо бо Кумитаи рушди сайёҳӣ бояд ҷиҳати дар мавзеъҳои таърихиву сайёҳӣ ташкил кардани меҳмонхонаву тарабхонаҳои милливу замонавӣ, назорати ҳолати санитарии онҳо, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ва омода намудани кадрҳо дар ин самт тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Ҳозирини гиромӣ!
Ҳукумати Тоҷикистон бо мақсади тараққиёти ояндаи кишвар ва ташаккули ҷомеаи пешрафта ба соҳаи маориф ҳамчун самти муҳимми сиёсати иҷтимоӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, тавассути зиёд намудани маблағгузорӣ аз ҳисоби буҷети давлат ва татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ба рушди бомароми он ҳамаҷониба мусоидат менамояд.
Самараи чунин дастгириҳост, ки дар зарфи 27 соли охир дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо харҷи умумии 215 миллион сомонӣ 155 муассисаи нави таълимӣ ва синфхонаҳои иловагӣ барои қариб 35 ҳазор ҷойи нишаст сохта, ба истифода дода шудаанд.
Соли 2018 бинои раёсати маорифи вилоят ва шуъбаи маорифи шаҳри Хоруғ, шуъбаи маориф ва муассисаҳои нави таълимӣ дар деҳаҳои Паткуноб ва Рузвайи ноҳияи Дарвоз бо 960 ҷойи нишаст, мактаби замонавӣ барои 1280 нафар хонанда дар маркази ноҳияи Ванҷ ва толори варзиш дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами нуҳи ноҳияи Мурғоб бунёд гардида, ҳангоми сафари корӣ мавриди истифода қарор дода шуданд.
Бо дарназардошти он ки вазъи мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами ҳашти шаҳри Хоруғ ба талаботи таълиму тарбияи замонавӣ чандон мутобиқ нест, ду рӯз пеш ба вазири маориф ва дигар шахсони масъул супориш додам, ки лоиҳаи бунёди бинои нави онро ҳарчи зудтар омода карда, барои сохтмони он чораҷӯӣ намоянд.
Дар самти омода намудани мутахассисони дорои таҳсилоти олии касбӣ бо ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ дар ҳаҷми зиёда аз 580 миллион сомонӣ дар шаҳри Хоруғ Донишгоҳи Осиёи Марказӣ бунёд гардид, ки ҳоло дар он беш аз 150 нафар донишҷӯён аз дохил ва хориҷи кишвар ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Донишгоҳ имконият дорад, ки то 700 нафар ҷавононро аз Тоҷикистон ва кишварҳои дигар бо шароити беҳтарин таъмин карда, кадрҳои ҷавобгӯ ба тамоми меъёрҳои байналмилалиро тарбия намояд.
Ҳоло аз тарафи Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президент сохтмони театри замонавӣ ва бинои таълимии Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев ба маблағи умумии 91 миллион сомонӣ босуръат идома дорад.
Бо мақсади таъмин намудани рушди боз ҳам бештари соҳаи маориф роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои онро зарур аст, ки якҷо бо Вазорати маориф ва илм, роҳбарони ҷамоатҳо ва дигар сохтору мақомоти дахлдор то ҷашни 30-солагии истиқлолияти давлатӣ бо ҷалби соҳибкорону шахсони саховатпеша таъмиру азнавсозии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, томактабӣ ва бунёди синфхонаҳои иловагиро вусъат бахшанд.
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар ҳудуди вилоят аз ҳисоби буҷети давлат ва лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ 93 муассисаи табобатӣ ба маблағи умумии 60 миллион сомонӣ аз нав сохта, бо таҷҳизоти муосир таъмин ва ба истифода супорида шудааст.
Бо вуҷуди ин, барои беҳдошти вазъи инфрасохтори муассисаҳои тиббии вилоят ҳанӯз маблағҳои зиёд заруранд.
Дар доираи сафари кории мо ду рӯз пеш бинои беморхонаи вилоятии касалиҳои рӯҳӣ дар ноҳияи Роштқалъа барои 85 кат, ки аз ҳисоби Ҳукумати кишвар ба маблағи 14 миллион сомонӣ бунёд гардид, ба истифода дода шуд.
Соли 2018 барои сохтмони бинои коллеҷи тиббӣ барои 240 нафар донишҷӯ ва хобгоҳ бо 70 ҷой дар шаҳри Хоруғ, беморхонаи марказии шаҳраки Ваҳдати ноҳияи Шуғнон барои 70 кат, беморхонаи минтақавии деҳаи Вранги ноҳияи Ишкошим аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 4 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст.
Имсол дар ноҳияҳои Ишкошим ва Роштқалъа бунёди 3 маркази саломатӣ ба нақша гирифта шудааст.
Ҳарчанд ки ҳоло дар вилоят 7 беморхонаи ноҳиявӣ ва 18 беморхонаи минтақавӣ ба аҳолӣ хизмат мерасонад, вале аксари марказҳо ва бунгоҳҳои саломатии деҳот таъмирталаб буда, баъзеи онҳо дар ҳолати садамавӣ қарор доранд.
Вобаста ба ин, роҳбарони вилоят, шаҳру ноҳияҳои он, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ бояд ҷиҳати бунёду азнавсозии муассисаҳои тандурустӣ, таъмин кардани онҳо бо таҷҳизоти ташхису табобат, маводи доруворӣ ва нақлиёти ёрии таъҷилӣ лоиҳаҳои сармоягузориро таҳия ва то ҷашни 30-солагии истиқлолияти давлатӣ татбиқ намоянд.
Ҳар сол тибқи квотаи Президентӣ хатмкардагони болаёқати муассисаҳои таҳсилоти умумии вилоят ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дохил мешаванд, ки дар панҷ соли охир шумораи онҳо зиёда аз 900 нафар ва танҳо дар Донишгоҳи давлатии тиббӣ 246 нафарро ташкил медиҳад.
Аз ин шумора донишгоҳи мазкурро 146 нафар хатм намуда, бо ҷойи кор таъмин шудаанд ва ҳоло зиёда аз 100 нафар дар ин муассиса бо квотаи Президентӣ таҳсил мекунанд.
Бо вуҷуди ин, дар вилоят ба 10 ҳазор нафар аҳолӣ 22 нафар мутахассиси дорои маълумоти олии тиббӣ рост меояд, ки ин нишондиҳандаи хеле паст мебошад.
Ҳоло дар муассисаҳои тиббии вилоят 70 нафар мутахассисони соҳиби маълумоти олӣ намерасанд.
Дар иртибот ба ин, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бояд дар ҳамкорӣ бо роҳбарони ноҳияҳои вилоят ҷиҳати баланд бардоштани сифати омода намудани кормандони миёнаи соҳа, такмили барномаҳои таълимии коллеҷҳои тиббӣ ва таъминоти муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои вилоят бо мутахассисони баландихтисос барномаи махсус таҳия карда, ба баррасии Ҳукумати мамлакат пешниҳод намояд.
Ҳамчунин, якҷо бо сохтору мақомоти дахлдор ва бо ҷалби мутахассисон масъалаи афзоиши бемориҳои рӯҳиро, ки имрӯз дар вилоят шумораи шахсони гирифтори ин беморӣ зиёда аз ду ҳазор нафарро ташкил медиҳад, ҳаматарафа омӯхта барояд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳияҳои онро зарур аст, ки дар доираи амалӣ намудани нақшаи ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷиҳати бунёди таваллудхонаҳо, марказҳои саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд.
Тибқи қарори Ҳукумати кишвар дар ноҳияҳои Шуғнон ва Рӯшон ҳамчун ноҳияҳои таҷрибавӣ Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолӣ бо кумаки тиббиву санитарӣ барои солҳои 2017-2019 амалӣ шуда истодааст.
Итминон дорам, ки роҳбарону масъулони соҳаи тандурустии вилоят вазифаи касбии худро дар самти таъмин намудани дастрасии сокинон ба хизмати босифати тиббӣ бо масъулияти баланд иҷро менамоянд ва барои бартараф кардани камбудиву норасоиҳои соҳа тадбирҳои заруриро амалӣ месозанд.
Рӯзи 1-уми сентябр дар суханронии худ ба муносибати Рӯзи дониш мушкилоту масъалаҳои дар соҳаи маорифи мамлакат ҷойдоштаро муфассал таҳлил карда, дар назди роҳбарону масъулони соҳа вазифаҳои мушаххас гузоштам.
Таъкид месозам, ки ҳамаи дастуру супоришҳои додашуда ба роҳбарону кормандони соҳаи тандурустии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ дахл доранд.
Муҳтарам роҳбарон ва фаъолон!
Бо вуҷуди пешравиҳое, ки имрӯз дар ҳаёти сокинони вилоят ба даст омадаанд, баъзе камбудиҳое низ вуҷуд доранд, ки мо бояд онҳоро пинҳон накунем, балки ошкоро гӯем ва барои ислоҳу аз байн бурдани онҳо ҳама якҷо кӯшиш кунем. Зеро чунин камбудиҳо боиси халалдор шудани оромии мардум, суботи ҷомеа, амнияти давлат ва коҳиш ёфтани обрӯи миллат мегарданд.
Масалан, бо вуҷуди коҳиш ёфтани содиршавии баъзе ҷиноятҳо, аз ҷумла ҷиноятҳои махсусан вазнин, сатҳи умумии содиршавии ҷиноятҳо дар вилоят тамоюли болоравӣ дорад.
Аз ҷумла содир намудани ҷиноятҳои ғайриқонунӣ соҳиб шудан ба силоҳи оташфишон, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва бо истифодаи силоҳ содир намудани ҷиноятҳо, қаллобӣ ва худсарона ишғол намудани қитъаҳои замин афзудааст.
Вале мехоҳам таваҷҷуҳи шуморо ба баъзе ҷиноятҳое ҷалб намоям, ки бо ҳамдигар алоқаи бевосита дошта, ба амнияти ҷомеа хатари ҷиддӣ эҷод мекунанд.
Яке аз ин ҷиноятҳо убури ғайриқонунӣ аз сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Мувофиқи маълумот дар солҳои охир 136 ҳолати содиршавии чунин ҷиноят аз тарафи сокинони вилоят ва шаҳрвандони хориҷӣ ба қайд гирифта шудааст.
Албатта, мақсади убури ғайриқонунӣ шиносоӣ бо ҳаёти кишварҳои ҳамсоя нест.
Натиҷаи ин сафарҳо ба омори дигар намуди ҷиноятҳо таъсири худро мерасонад.
Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз рӯи ҷиноятҳои вобаста ба гардиши ғайриқонунии силоҳи оташфишон дар кишвар мавқеи аввалро ишғол мекунад.
Дар панҷ соли охир мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии кишвар аз аҳолии вилоят қариб якуним ҳазор мил силоҳи оташфишони ғайриқонуниро мусодира кардаанд.
Нисбат ба 235 нафар оид ба ғайриқонунӣ соҳиб шудан ба силоҳи оташфишон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.
Аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ, амнияти миллӣ ва дигар сохторҳои низомӣ аз аввали соли ҷорӣ то имрӯз 285 мил силоҳи оташфишон мусодира гардида, инчунин, 59 нафар сокинони вилоят вобаста ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дастгир карда шудаанд.
Шумораи аслиҳаи мусодирашуда дар бист соли охир аз панҷ ҳазор мил гузаштааст.
Танҳо дар панҷ соли охир бо истифодаи силоҳ қариб 100 ҷинояти вазнин содир шудааст, ки аксари онро одамкушӣ ва қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ ташкил медиҳад.
Ҷинояти дигари бо убури ғайриқонунии сарҳад алоқаманд қочоқ ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир мебошад.
Дар панҷ соли охир дар қаламрави вилоят аз муомилоти ғайриқонунӣ қариб се тонна маводи нашъаовар мусодира карда шудааст.
Аз таҳлилҳо бармеояд, ки ҳаҷми маводи мухаддири мусодирашуда сол ба сол зиёд шуда истодааст.
Агар соли 2013-ум 6,9 фоиз маводи нашъаовари дар кишвар мусодирашуда ба вилоят рост омада бошад, ин рақам дар соли 2017 ба 12,8 фоиз ва дар шаш моҳи соли 2018 ба 14 фоиз расидааст.
Дар ин давра оид ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар 325 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.
Берун аз ҳудуди Тоҷикистон 40 нафар сокинони вилоят барои содир намудани ҷиноятҳои бо маводи мухаддир алоқаманд дастгир ва маҳкум гардида, дар маҳбасҳои дигар давлатҳо адои ҷазо менамоянд.
Ҳоло дар вилоят 714 нафар шахсони нашъаманд ба қайд гирифта шудаанд, ки ба 100 ҳазор аҳолӣ 302 нашъаманд рост меояд.
Ин рақам нисбат ба ҳисоби миёнаи мамлакат қариб чор баробар зиёд мебошад.
Дар шаҳри Хоруғ шумораи нашъамандон аз ҳисоби миёнаи кишвар 14 баробар, ноҳияи Шуғнон 6 баробар ва ноҳияи Рӯшон 5 баробар зиёд аст.
Шумораи нашъамандоне, ки ба қайд гирифта нашудаанд, аз рақами зикргардида ду баробар зиёд мебошад.
Танҳо дар даҳ соли охир 196 нафар гирифторони бемории нашъамандӣ фавтидаанд, ки аксари онҳо ҷавонон мебошанд.
Шумораи шахсони бар асари ин беморӣ вафоткарда фақат дар шаҳри Хоруғ 149 нафарро ташкил медиҳад.
Дар робита ба ин, таъкид месозам, ки пешгирӣ кардани ин вабои аср, яъне нашъамандӣ, қочоқи маводи мухаддир, дигар намудҳои ҷиноят ва тарбияи насли солиму солеҳ вазифаи танҳо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест, балки ҳар яки мову шумо, падару модарон, кумитаҳои кор бо ҷавонон, занон, ҷомеаи шаҳрвандӣ, фаъолону шахсони обрӯманд ва ходимони дин низ вазифадоранд, ки қарзи худро дар назди ҷомеа ва наслҳои фардои миллат бо масъулият иҷро намоянд.
Вобаста ба ин, мехоҳам диққати шуморо бори дигар ба оқибатҳои тиббӣ ва иҷтимоии ин вабои аср ҷалб намоям.
Қариб чоряки нашъамандон гирифтори бемории вируси норасоии масунияти одам, навъҳои гуногуни гепатит ва дигар бемориҳои сироятӣ мебошад.
Бахусус, вазъи паҳншавии бемории вируси норасоии масунияти одам, ки табобатнашаванда дониста мешавад, бисёр хатарнок аст.
Аз соли 1991 то якуми июли соли 2018 дар вилоят 619 нафар гирифторони ин беморӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки қариб нисфи онҳоро сокинони шаҳри Хоруғ ташкил медиҳанд.
Аз шумораи умумӣ 268 нафари онҳо бар асари ин беморӣ фавтидаанд.
Шумораи шахсони мубталои вируси норасоии масунияти одам дар вилоят ба сад ҳазор нафар 283 нафарро ташкил мекунад, ки аз ҳисоби миёнаи кишвар қариб дуюним баробар зиёд мебошад.
Ин нишондиҳанда дар шаҳри Хоруғ аз ҳисоби миёна 9 баробар ва дар ноҳияҳои Шуғнону Рӯшон беш аз дуюним баробар зиёд мебошад.
Мо танҳо дар бораи онҳое сухан меронем, ки аз ташхиси тиббӣ гузашта, дар муассисаҳои тандурустӣ ба қайд гирифта шудаанд.
Чанд нафар нашъамандону беморон ба қайд гирифта нашудаанд, ҳоло маълум нест.
Умуман, то имрӯз бар асари бемориҳои нашъамандӣ, норасоии масъунияти одам ва майзадагӣ 514 нафар сокинони вилоят вафот кардаанд.
Бо овардани ин рақамҳо ман диққати аҳли ҷомеа, бахусус, фаъолон, падару модарон ва наврасону ҷавононро ба он ҷалб кардан мехоҳам, ки ба ин масъала бетараф набошанд.
Мо бояд тамоми воситаҳоро истифода кунем, ки пеши роҳи ин раванди номатлуб, нанговар ва сабаби бадбахтии оилаҳои мардуми кишварамонро гирем.
Чунки ҳар як ҷинояти гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, нашъамандиву бемории вируси норасоии масунияти одам на танҳо ба солимии наслҳои имрӯза, балки барои наслҳои оянда, яъне ба генофонди миллат хатари ҷиддӣ эҷод мекунад.
Тасаввур кунед, ки аз шахсони гирифтори чунин бемориҳо чӣ гуна фарзанд ба дунё меояд. Ҳамаи ин ба амнияти давлат ва ҷомеа зарба мезанад.
Пас, зарур аст, ки аҳли ҷомеа якҷо бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ барои пешгирии ин зуҳурот қотеъона ва дастҷамъона мубориза баранд.
Таърихи башар бисёр мисолҳоеро дар ёд дорад, ки доираҳои манфиатдор барои зарба задан ба ин ё он миллат ва садди роҳи тараққиёти ин ё он давлат шудан аз маводи мухаддир васеъ истифода кардаанд.
То ҳолати аввали июни соли 2018 аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 49 нафар сокинони вилоят, ки ҷиноятҳои хусусияти террористиву экстремистидоштаро содир намудаанд, ошкор карда шуда, онҳо дар ҷустуҷӯ қарор доранд.
Махсус хотирнишон месозам, ки 48 нафари онҳо сокинони деҳоти Язғуломи ноҳияи Ванҷ мебошанд.
Ҳамчунин, аз 107 нафар сокинони вилоят, ки дар муассисаҳои ба ном таълими динии хориҷи кишвар ғайриқонунӣ таҳсил мекарданд, 80 нафарашон ба Ватан баргардонида шуда, 27 нафари онҳо то ҳол дар хориҷи кишвар қарор доранд.
Ҳамаи онҳо низ сокинони ноҳияи Ванҷ мебошанд.
Маълум мегардад, ки фаъолияти мақомоти дахлдори давлатӣ ва аҳли ҷомеа доир ба таъмин намудани волоияти қонун кофӣ нест ва барои бартараф намудани чунин амалҳои нангин, ки боиси дар арсаи байналмилалӣ коста шудани эътибори давлату миллат мегарданд, бояд корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ ва хусусан, миёни наврасону ҷавонон вусъат дода шаванд.
Амали бисёр нангини террористӣ, яъне ҳамла ба сайёҳони хориҷӣ, ки 29 июли соли ҷорӣ дар ҳудуди деҳоти Себистони ноҳияи Данғара содир шуд ва дар натиҷаи ин кирдори ноҷавонмардонаи хоинони миллат — аъзои собиқ ҳизби террористиву экстремистии наҳзат чор нафар ба ҳалокат расида, ду нафари дигар захмӣ шуд, барои ҳамаи мо боиси хиҷолати сахт ва дар айни замон ҳушдори ҷиддӣ гардид.
Дигар масъалаи ташвишовар ин аст, ки аз тарафи баъзе сокинони вилоят аз шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон миқдори зиёди силоҳи оташфишон харидорӣ карда мешавад.
Ҳатто ҳолатҳое низ ба қайд гирифта шудаанд, ки баъзан худи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ барои харидории силоҳ ба гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ мусоидат кардаанд.
Таъкид месозам, ки чунин шахсон худ ҷинояткоранд ва набояд дар мақомот кор кунанд.
Ҳоло мехоҳам таваҷҷуҳи шуморо ба якчанд масъалае, ки ҳалли онҳо, дар навбати аввал аз роҳбарону фаъолон, аҳли зиё ва падару модарон вобаста мебошад, ҷалб намоям.
Таҳаввулоту ҳодисоте, ки вақтҳои охир дар дунё ба амал омада истодаанд, моро ҳушдор медиҳанд, ки ба масъалаи пок сохтани ҷомеа аз унсурҳои ҷиноятпеша, муборизаи беамон бо ҷинояткории муташаккил, пешгирӣ кардани содиршавии ҷинояту бетартибиҳо аз ҳарвақта бештар аҳаммият диҳем.
Факту рақамҳо ва шумораи ҷиноятҳои ошкоршуда дар вилоят собит менамоянд, ки риояи тартиботи ҷамъиятӣ, ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳҳо, иҷрои талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва дар маҷмӯъ, таъмини волоияти қонун дар қаламрави вилоят, бахусус, дар шаҳри Хоруғ раванди манфӣ касб намудааст.
Дар вилоят 24 ҳазор нафар аҳли зиё (шаҳри Хоруғ 13 ҳазор), беш аз 100 нафар шоиру нависандагон (шаҳри Хоруғ 40), 14 нафар аъзои иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, 70 нафар аъзои иттифоқи рӯзноманигорони Тоҷикистон, 6 ҳазор нафар омӯзгорон, аз ҷумла дар Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ 365 нафар (номзадҳои илм–44 нафар, докторҳои илм–11 нафар), 5 ҳазор нафар кормандони ташкилоту идораҳои давлатӣ (шаҳри Хоруғ 1700 нафар) ва 28 ҳазор нафар собиқадорону нафақахӯрон зиндагӣ мекунанд.
Вале тавре ки мушоҳида мегардад, ин табақаи бонуфузи ҷомеа, ҳазорон нафар кормандони муассисаҳои таълимӣ, яъне аҳли зиё, падару модарон ва шахсиятҳои обрӯманд дар решакан кардани ҷинояткорӣ, тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи худшиносии миллӣ, хештаншиносӣ, дар ҳақиқат дӯст доштани Ватан, дастгирии падару модар, пешгирӣ кардани фарзандон, хешу табору пайвандон ва ҳамдеҳагони худ аз алоқамандӣ бо муомилоти ғайриқонуниву истеъмоли маводи мухаддир, қочоқи силоҳ, қонуншиканӣ, бетартибӣ ва ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ як навъ мавқеи бетарафиро ишғол намудаанд.
Аз ин рӯ, роҳбарону масъулони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои онро зарур аст, ки ба масъалаи сатҳу сифати корҳои тарбиявӣ, ҷобаҷогузории дурусти кадрҳо, дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ ва инсондӯстиву рафоқат тарбия кардани ҷавонон ва таъмини ҳатмии волоияти қонун диққати боз ҳам бештар диҳанд.
Ҷавонони имрӯза бояд аз гузаштаи пурифтихору ибратомӯзи миллати соҳибмаърифату тамаддунсоз ва ободгару созандаи тоҷик сабақи мардонагӣ гирифта, ба Ватани худ – Тоҷикистони соҳибистиқлол ва миллати тоҷик содиқона хизмат намоянд.
Бо мақсади ба низом даровардани идоракунии маҳаллӣ ва тақвият бахшидан ба раванди тарбияи ҷавонон соли 2013 бо Амри Президенти мамлакат дар шаҳри Хоруғ панҷ кумитаи маҳал таъсис дода шуд.
Айни замон дар шаҳри Хоруғ 2 ҷамоати шаҳрак бо 30 нафар корманд, 5 кумитаи маҳал ва 4 нафар кормандони шуъбаи кор бо маҳаллаҳо, дар маҷмӯъ 39 воҳиди корӣ фаъолият доранд ва маош мегиранд.
Шумораи умумии кормандони маъмурии идоракунии маҳаллӣ 133 нафар ва 11 нафар ходимони динро ташкил медиҳад.
Вазъи риояи қонуният, таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҷамъиятӣ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохтору мақомоти дахлдор, инчунин роҳбарони вилоят, шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот тақозо мекунад, ки бо истифода аз тамоми имкониятҳо, аз ҷумла тавассути вусъат бахшидани корҳои пешгирикунанда ва фаҳмондадиҳиву тарбиявӣ чораҳои ҷиддӣ андешанд.
Бори дигар хотирнишон менамоям, ки масъалаи саломатии мардум ҳамеша дар маркази диққати Ҳукумати мамлакат қарор дорад.
Дар вилоят шумораи зиёди шахсони гирифтори бемории майзадагӣ яке аз омилҳои ташвишовар мебошад.
Шумораи расмии майзадагони музмин ба 260 нафар баробар буда, аз ин шумора 142 нафар ба шаҳри Хоруғ рост меояд.
Дар нимсолаи якуми соли равон 12 нафар аз ин беморӣ фавтидааст.
Боз як масъалаи муҳимми дигарро мехоҳам таъкид намоям, ки адои хизмат дар сафҳои Артиши миллӣ на танҳо қарзи муқаддаси фарзандӣ, балки мояи ифтихор ва шарафи бузург буда, Қувваҳои Мусаллаҳ барои ҳар як ҷавонмард ҳамчун мактаби ҷасорату матонат, дӯстиву рафоқат ва худогоҳиву меҳанпарастӣ хизмат мекунанд.
Ҳар шахсе, ки худро фарзанди Тоҷикистони озоду соҳибихтиёр медонад, набояд лаҳзае ин қарзи муқаддаси хешро фаромӯш созад.
Вобаста ба ин, бояд гуфт, ки вазъи даъват ба сафи Артиши миллӣ дар вилоят ба беҳбудӣ ниёз дорад.
Дар давоми 5 соли охир аз ҳудуди вилоят ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 2288 нафар даъват гардида, 502 нафар аз хизмати ҳарбӣ саркашӣ кардаанд.
Маъракаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияҳои Дарвозу Ванҷ ва Мурғоб дар сатҳи баланд амалӣ мегардад, вале дар шаҳри Хоруғ ба талабот ҷавобгӯ нест.
Дар ҳудуди шаҳри Хоруғ анъана шудааст, ки нақшаи даъват асосан аз ҳисоби хатмкунандагони соли охири Донишгоҳи давлатии ба номи М.Назаршоев ва сокинони дигар ноҳияҳо иҷро карда мешавад.
Аз ин рӯ, ба вазоратҳои мудофиа, маориф ва илм, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳри Хоруғ зарур аст, ки ҷиҳати баланд бардоштани ҳувияти миллӣ, дарки масъулияти ватандӯстиву ватанпарастии ҷавонони шаҳри Хоруғ тадбирҳои муассир андешанд.
Қобили зикр аст, ки воситаҳои ахбори омма ба сифати дастгоҳи тавонои иттилоотӣ дар бобати сари вақт ба аҳолӣ расонидани ахбори зарурӣ оид ба фаъолияти шохаҳои ҳокимияти давлатӣ, бахши хусусӣ, тарбияи ахлоқии ҷомеа, тарғиби анъанаҳои таърихиву фарҳангии мардум ва дастовардҳои замони соҳибистиқлолии мамлакат, инчунин ахбору навигариҳо аз дохилу хориҷи кишвар мавқеи асосӣ дорад.
Телевизиони маҳаллии «Бадахшон» аз соли 1990 фаъолият дорад, ки дар як шабонарӯз 16 соат барнома пахш менамояд. Фарогирии мавҷи «Телевизиони Бадахшон» дар маҷмӯъ 20 фоиз буда, танҳо дар ҳудуди шаҳри Хоруғ 100 фоиз, ноҳияи Шуғнон 20 ва дар ноҳияи Роштқалъа 10 фоизро ташкил медиҳад.
Яъне то ҳанӯз пахши барномаҳои телевизиони маҳаллӣ дар дигар минтақаҳои вилоят таъмин нагардидааст.
Дар баъзе ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯхистони Бадахшон дар самти пахши барномаҳои телевизион ва радиои марказ низ як силсила мушкилот вуҷуд дорад.
Илова бар ин, сатҳи касбии кормандони эҷодӣ ва техникии муассисаи телевизион ва радиои вилоят беҳбудии ҷиддӣ металабад.
Вобаста ба ин, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро зарур аст, ки ҷиҳати ҳалли масъалаи зикршуда тадбирҳои мушаххас андешад.
Дар вилоят 10 рӯзномаи даврӣ ба нашр мерасад. Танҳо нашрияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят рӯзномаи «Бадахшон» дар як моҳ чор маротиба бо шумораи 2000 нусха чоп гардида, дигар рӯзномаҳо аз 500 то 800 нусха нашр мешаванд, ки бо ин миқдор талаботи ҷомеаро қонеъ кардан душвор аст.
Рузномаҳои мазкур асосан тариқи обуна паҳн карда шуда, дар фурӯши озод ба назар намерасанд.
Дар ҳудуди вилоят нуқтаҳои фурӯши рӯзномаҳои даврӣ расман ба қайд гирифта нашудаанд.
Аз ин рӯ, қисми зиёди мардуми вилоят ба рӯзномаҳои марказӣ ва маҳаллӣ дастрасӣ надоранд.
Вазорати фарҳангро зарур аст, ки ҷиҳати ҳалли ин масъала чораҳои фаврӣ андешад.
Аз таҳлилҳо бармеояд, ки ҳолати истифодабарии замин дар ҳудуди вилоят то ҳанӯз ташвишовар боқӣ монда, дар ин самт қонунвайронкуниҳои зиёд, ба монанди ҳолатҳои хариду фурӯш, ишғоли худсарона ё ғайриқонунӣ ҷудо намудани қитъаҳои замин, инчунин, истифодаи ғайримақсадноки он ба қайд гирифта шудаанд.
Дар панҷ соли охир бо эътирози прокурорҳо 170 қарори ғайриқонунии раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят вобаста ба замин бекор карда шуда, нисбат ба 109 нафар шаҳрвандон ва шахсони мансабдори мақомоти ваколатдори давлатии соҳа парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.
Аз ин рӯ, бори дигар ба сохтору мақомоти дахлдор, махсусан, мақомоти прокуратура, корҳои дохилӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, Кумитаи сохтмон ва меъморӣ, роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо хотирнишон менамоям, ки ба масъалаи мазкур таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд, пеш аз ҳама, худашон поквиҷдон бошанд ва риояи қонунро дар ин самт ҷиддӣ назорат кунанд.
Масъалаи дигаре, ки боиси коҳиш ёфтани эътимоди мардум ба фаъолияти мақомоти давлатӣ, рушди иқтисодиёти пинҳонӣ ва истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои давлатӣ мегардад, коррупсия мебошад.
Дар панҷ соли гузашта ба мақсади таъмини истифодаи самараноки маблағҳои буҷетӣ дар идораву муассисаҳои вилоят аз ҷониби Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия 728 тафтишу санҷишҳои молиявӣ гузаронида, зиёда аз 20 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор карда шудааст.
Дар рафти санҷишҳои молиявӣ 12,5 миллион сомонӣ барқарор карда шудааст, ки 62 фоизи зарари ошкоршударо ташкил медиҳад.
Инчунин, воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ 518 ҷинояти коррупсионӣ, ҷиноятҳои иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ва бо андоз алоқамандро ошкор намудаанд, ки 59 ҳолати он ба категорияи ҷиноятҳои вазнин мансуб мебошад.
Таҳлили вазъи риояи қонунгузорӣ дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим нишон медиҳад, ки дар ин самт низ қонунвайронкуниҳои зиёд ба қайд гирифта шуда, дар баробари шаҳрвандон баъзе кормандони комиссияҳои танзими анъана ва ҷашну маросим ба иҷрои вазифаҳои хизматӣ беэътиноӣ зоҳир мекунанд ва баъзан ҳатто қонунвайронкуниҳоро пинҳон менамоянд.
Қонунвайронкуниҳо дар ин самт асосан дар шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Роштқалъа, Дарвоз ва Ванҷ бештар ба назар мерасанд.
Вазъи иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» низ қонеъкунанда нест.
Бинобар ин, падару модарон, аҳли маориф ва фаъолони шаҳру ноҳияҳо вазифадоранд, ки ба риояи муқаррароти қонуни зикршуда бо тамоми масъулият муносибат кунанд, зеро ҳадаф аз қабули қонуни мазкур, пеш аз ҳама, тарбияи насли баодобу соҳибмаърифат ва бо ҳамин роҳ пешгирӣ кардани қонуншиканӣ дар байни наврасону ҷавонон ва таъмин намудани волоияти қонун дар ҷомеа мебошад.
Ҳамдиёрони азиз!
Бо истифода аз ҳузури роҳбарону фаъолони ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои низомӣ, намоядагони ҷавонону занон, падару модарон ва шахсони обрӯманду рӯзгордида мехоҳам бори дигар изҳор намоям, ки дастоварҳои то ба имрӯз ноилшудаамон аз худи мо мебошанд.
Вазифаи мову шумо аз он иборат аст, ки ба хотири расидан ба дастоварду пешравиҳои боз ҳам бештар кӯшиш кунем, Ватанамонро ободу давлатамонро пешрафта гардонем ва барои наслҳои оянда як мулки ободу осуда ва тараққикардаро ба мерос гузорем.
Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон яке аз гӯшаҳои воқеан зебои Тоҷикистони маҳбубамон ба ҳисоб меравад.
Ин сарзамини бостонӣ аз замонҳои қадим макони сайру саёҳат ва омӯзишу таҳқиқ буда, садҳо олимону сайёҳон ва ҷаҳонгардон аз кишварҳои мухталифи олам доир ба таъриху фарҳанг, анъанаҳои мардумӣ, табиати нодир ва мавзеъҳои ҷолиби он ҳазорҳо асару ёддоштҳои омӯзанда иншо кардаанд.
Мо ифтихор мекунем, ки имрӯз низ дар ин гӯшаи сарзамини аҷдодиамон мардуми ватандӯсту қавиирода, сарбаланду фарҳангпарвар ва давомдиҳандагони анъанаҳои неки гузаштагони шарафмандамон кору зиндагӣ мекунанд.
Итминон дорам, ки онҳо бо ҳисси баланди ватандорӣ, заҳмати аҳлона ва саъю талоши софдилона, хусусан, ба хотири истиқболи арзандаи ҷашни муқаддасу бузурги миллиамон — сисолагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои боз ҳам ободу пешрафта гардонидани ин гӯшаи биҳиштосои кишварамон ва мустаҳкам гардидани пояҳои давлатдории миллиамон саҳми арзандаи худро мегузоранд.
Ман ба ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси гарми ватандӯстиву ватандории сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон итминони комил дорам ва хуб медонам, ки онҳо барои ободиву пешрафти ояндаи Тоҷикистони маҳбубамон минбаъд низ саъю талоши худро дареғ намедоранд.
Ба тамоми сокинони вилоят барои расидан ба мақсадҳои некашон сулҳу оромӣ, ваҳдати ҷоидонаи миллӣ, хонаи обод, иқболи баланд ва барору комёбӣ орзумандам.
Ҳамеша сарбаланду муваффақ бошед, ҳамдиёрони азиз!