«ТОҶИКИСТОН-МИНТАҚАИ ҶОЛИБИ САЙЁҲӢ». Дар вилояти Суғд озмуни мақолаи беҳтарин эълон гардид
ДУШАНБЕ, 13.09.2018. /АМИТ «Ховар»/. «Тоҷикистон — минтақаи ҷолиби сайёҳӣ»-таҳти чунин унвон бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилояти Суғд озмуни мақолаи беҳтарин гузаронида мешавад.
Тавре аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, хоҳишмандон метавонанд мақолаҳои худро бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ эҷод ва пешниҳоди ҳайати ҳакамон намоянд. Ҳангоми таҳияи мақолаҳо меъёрҳои нигориши мақолоти илмӣ бояд риоя карда шуда, маводи пешниҳодшаванда дар ҷое нашр нагардида бошад.
Мақсад аз баргузории озмун тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои туристии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ мебошад.
Қабули мавод то 1 декабри соли равон сурат гирифта, ғолибони озмун бо диплом ва мукофотпулиҳо дар ҳаҷми 2500 сомонӣ (ҷойи якум), 1500 сомонӣ (ҷойи дуюм) ва 975 сомонӣ (ҷойи сеюм) сарфароз гардонида мешаванд.
Хоҳишмандон метавонанд барои дарёфти маълумоти иловагӣ бо рақамҳои (83422) 4-68 — 04 ва 4 — 68 — 05 тамос бигиранд.








РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд
Қатораи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» бо ҳайати сайёҳон ба Душанбе омад






