Ҷамила Байдуллоева: «Сабаби чангу ғуборолуд шудани ҳаво- ин набудани боришоти тӯлонӣ дар бархе давлатҳои ҳамсоя мебошад»

Октябрь 29, 2018 12:08

ДУШАНБЕ, 29.10.2018. /АМИТ «Ховар»/.  Чангу ғуборе, ки дар  ҷумҳурӣ ба қайд гирифта шудааст, ин аз минтақаи шимоли  Афғонистон ва Туркманистону  Ӯзбекистон ворид шудааст. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар»   сардори Маркази обуҳавосанҷии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди  Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ҷамила  Байдуллоева  хабар дод.

Бо иттилои Ҷ.Байдуллоева, сабаби  чангу ғуборолуд шудани ҳаво- ин набудани боришоти тӯлонӣ  дар минтақаи шимолии  Афғонистон ва  бархе давлатҳои ҳамсоя мебошад. Ин ҳолат сабаби шиддат гирифтани шамол ва ҳаракат кардани чангу ғубор аз ин минтақаҳо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон гардидааст.

 «Чунин вазъи боду ҳаво  то охири рӯз  боқӣ мемонад. Эҳтимол  аст, ки пагоҳ бинобар дар минтақаҳои  кӯҳӣ боридани борон  чангу ғубор  қатъ ё  суст гарданд», — зикр намуд Ҷ. Байдуллоева.

Бинобар якбора чангу ғуборолуд шудани   ҳаво  Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ба шаҳрвандон   муроҷиат карда, хоҳиш менамояд, ки ҳангоми кор дар саҳро эҳтиёткор буда, аз ҷамъоварии ҳезум ва шикор  дар доманакӯҳҳо худдорӣ намоянд.

Инчунин  Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ронандаҳо, кӯҳнавардон ва  нафаронеро, ки бо дучарха ба саёҳат мебароянд, огоҳ мекунад, ки дар ҳолати ҳаракат дар минтақаҳои кӯҳӣ   дар ин рӯзҳо  эҳтиёткор бошанд, чунки дар ин рӯзҳо  имконияти сангрезӣ дар назар аст.

Бояд гуфт, ки чунин боду ҳаво дар кишвар ба саломатии одамон, бахусус нафароне, ки аз диққи нафас азият мекашанд, таъсири зиёд дорад. Табиби оилавии Маркази саломатии шаҳрӣ Шоимгул Сабурова дар мавриди он ки   аз  ин гуна боду ҳаво худро чӣ гуна бояд эмин  дошт,  чунин тавсия дод: «Нафароне, ки   бемории бодигармӣ (аллергия), диққи нафас ва диққи нафаси қалбӣ доранд, дар чунин вазъи ҳаво бештар азият мекашанд.   Аз ин рӯ чунин шахсонро мебояд, ки эҳтиёт кунанд ва дар чунин рӯзҳо аз ниқоб истифода баранд».

Ба гуфтаи мутахассис, он нафароне, ки аз ин гуна бемориҳо азият мекашанд, хубтар мешуд дар ин рӯзҳо  ба берун набароянд.

 

Ибодат ДАВЛТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

 

Октябрь 29, 2018 12:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад