БЕ КИТОБ, ЭЙ ДЎСТОН, БУНЁДИ МО НОРАВШАН АСТ… Ба Рӯзи байналмилалии китобхонаҳои мактабӣ бахшида мешавад
ДУШАНБЕ, 22.10.2018. /АМИТ «Ховар»/. Душанбеи чоруми моҳи октябр ҳамасола дар сар то сари дунё ҳамчун Рӯзи байналмилалии китобхонаҳои мактабӣ ҷашн гирифта мешавад. Рӯзи китобхонаҳоии мактабӣ аз аввали соли 1999 бо ташаббуси ЮНЕСКО дар мамлакатҳои зиёд таҷлил карда мешавад.
Таҷлили санаи мазкур аввалин бор аз ҷониби президенти Ассотсиатсияи байналмилалии китобхонаҳои мактабӣ Бланш Вуллз эълон карда шуд. Соли 2005 мақоми расмии ҷашн аз ҷониби президенти нави ин созмон Питер Джоко тасдиқ гардид. Дар баъзе аз кишварҳои ҷаҳон таҷлили Рӯзи байналмилалии китобхонаҳои мактабӣ давоми як моҳ сурат мегирад. Дар тамоми моҳ ба хотири ин ҷашн чорабиниҳои гуногун, аз қабили намоишҳо, семинар, маҳфилу ҷамъомадҳо, вохӯрӣ бо адибону нависандагон ва ғайраҳо баргузор карда мешаванд.
Китобхона хазинаи бузурги фарҳангу маънавиёт ва китоб ганҷинаи бебаҳо дар зиндагии инсонҳост. Китоб дўсти беғаразу раҳнамо дар ҳама лаҳзаҳову давраҳои ҳаёт, шиноснома ва муаррифи халқу миллатҳо дар арсаи олам аст. Мардуми дунё маҳз ба шарофати китоб ва осори гаронбаҳояшон дар байни дигар қавму миллатҳо шуҳрату маҳбубият пайдо мекунанд.
Бо вуҷуди он ки солҳои охир телевизион ва интернет пайдо гардид, китоб мақоми худро гум накард, зеро ҳама маълумот ва донишеро, ки китоб медиҳад, интернет дода наметавонад. Аз ин хотир таваҷҷуҳи мардум ба китоб нисбат ба солҳои қаблӣ бештар гардидааст.
Китобхона дар беҳтар шудани ахлоқ, рушди маънавиёт, ташаккули тафаккур ва васеъшавии ҷаҳонбинии ҷавонон нақши муҳим мебозад. Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар тамоми қаламрави мамлакат китобхонаҳои замонавӣ қомат афрохта, барои баланд бардоштани сатҳи дониш ва маънавиёти наврасону ҷавонон фаъолият мекунанд. Имрӯзҳо дар тамоми макотиби ҳамагонии мамлакат низ китобхонаҳо мавҷуд буда, хонандагонро бо китобҳои дарсию бадеӣ таъмин менамоянд.
Тавре зимни суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» сардори Раёсати муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Асомиддин Бобозода баён дошт, мақсади асосии ин ҷашн ҷалби диққати наврасону ҷавонон ба китобхонаҳои мактабӣ мебошад. Вазифаи асосии ҳамаи китобхонаҳои мактабӣ ин аст, ки ба хонандагон ва омӯзгорон дар раванди таълим кумак расонанд. Зеро бе китобхонаи хуб мактаб наметавонад вазифаи худро дар таълиму тарбия иҷро кунад. Имрӯз дар аксари китобхонаҳои муассисаҳои таълимии пойтахт шароити мусоид барои мутолиаи китоб муҳайё гардидааст. Солҳои охир шумораи хонандагоне, ки ба китобхонӣ майлу рағбат доранд, афзудааст.
«Сарраёсати маориф дар ҳамкорӣ бо шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои шаҳри Душанбе ҷиҳати барҳам додани зуҳуроти саркардаҳо, пешгирии омилҳои номатлуб миёни хонандагони саркардаву душвортарбияи муассисаҳои таълимӣ онҳоро дар таътили зимистонаи хонандагон ба маҳфилҳои илмиву мубоҳисавӣ, фарҳангиву варзишӣ ва хондани китобҳои бадеӣ пайваста ҷалб менамояд»,- иброз дошт Асомиддин Бобозода.
«Ҳамчунин аз ҷониби Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе бо мақсади ҳарчӣ бештар ҷалб намудани хонандагон ба китобхонӣ бори аввал аз моҳи январ то моҳи сентябри соли равон миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе озмуни китобхони беҳтарин таҳти унвони «Бозёфт» баргузор гардид. Он пеш аз таҷлили Рӯзи омӯзгор ҷамъбаст гардид. Дар ин озмун чор нафар дар зинаи аввал қарор гирифта, бо мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ гардиданд»,- зикр кард номбурда.
Ба иттилои Асомиддин Бобозода, чор нафар китобдори беҳтарини шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои шаҳри Душанбе дар арафаи таҷлили Рӯзи омӯзгор бо туҳфа ва сипоснома қадр карда шуданд.
Мавриди зикр аст, ки китобхонаи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №54-и шаҳри Душанбе, Литсейи № 1 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе, Гимназияи № 1 аз ҷиҳати доштани толори махсуси хониш, базаи муайяни китобҳои электронӣ ва чопӣ яке аз муассисаҳои беҳтарини шаҳри Душанбе ба ҳисоб мераванд.
Директори Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар Ҳусейн Сафарзода иброз дошт, ки бо мақсади ҷалби кӯдакону наврасон ба мутолиаи китоб, эҳёи суннатҳои китобдӯстиву китобдорӣ, бедор намудани майлу рағбат ба эҷодиёт, тарбияи насли наврас дар заминаи арзишҳои миллию умумибашарӣ, дар рӯҳияи худшиносиву ватандӯстӣ, нангу номуси миллӣ, зебоипарастиву меҳнатдӯстӣ, пешгирии ҳама гуна зуҳуроти номатлуб миёни онҳо аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии «Библиомарафон» таҳти унвони «Ҳамнишине беҳ аз китоб махоҳ» доир мегардад.
Соли равон озмуни мазкур миёни муҳассилини муассисаҳои таълимию хонандагони китобхонаҳои шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ сурат гирифта, тибқи баҳогузории ҳакамон Шоҳҷоиза насиби Мубина Маҳкамова аз шаҳри Конибодом, ҷойи якум насиби Мижгона Давлатова аз шаҳри Хоруғ гардида, се нафар — Фарзона Сафарова (Бохтар), Шукронаи Тоҳир (Душанбе), Манижа Каримзода (Ҳисор) бо ҷойи сеюм қадрдонӣ гардиданд.
Ҳамчунин ба як қатор хонандагони макотиби кишвар барои иштироки фаъолонаашон ифтихорномаҳо супорида шуданд.
Ба иттилои расмӣ, айни замон дар қаламрави мамлакат китобхонаҳо зиёда аз 1350 ададро ташкил намуда, аз инҳо 73-тоаш китобхонаи вилоятӣ ва 80 адад китобхонаи бачагона мебошанд, ки дар раванди таълиму тарбияи насли наврас саҳми босазо мегузоранд.
Бояд гуфт, ки ободию пойдории олам ва пешравию зиндагии осудаи насли одам аз файзи китоб ва фарҳангу маърифат аст.
Пас, волидайни муҳтарам нагузоред, ки фарзандонатон ягон лаҳзаи ҳаёти пурқимати худро бе мутолиаи китоб сипарӣ намоянд. Зеро китоб баҳрест, ки дар он дуру гуҳар мавҷуд аст.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»