БИГУЗОР ҲАЁТ ДАР САЙЁРА ИДОМА ЁБАД! Ҳалли мушкили норасоии об дар тасаввуроти рангини кӯдакон
ДУШАНБЕ, 04.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Гӯшаи кӯдакони Осорхонаи миллии Тоҷикистон маросими тақдими расмии «Парчами Конференсияи Об» баргузор гардид. Дар он расмҳои дар мавзӯи об тасвирнамудаи кӯдакону наврасони тоҷик ба намоиш гузошта шуданд.
Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» аз ҷараёни маросим иттилоъ дод, намоиши мазкур бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид доир гардид. Расмҳое, ки ба намоиш гузошта шуда буданд, тасаввуроти зебою рангини кӯдаконро инъикос менамуданд ва дар як вақт аз он гувоҳӣ медоданд, ки кӯдакон низ мушкилии обро ба таври худ дарк кардаанд.
Муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Латофат Назирӣ ба муҳимияти баргузории чунин намоишҳо ишора карда, иброз дошт, ки чорабинии мазкур идомаи мантиқии Анҷумани кӯдакон оид ба масоили об аст, ки 20-22 июни соли равон дар чаҳорчӯби Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» дар Душанбе баргузор гардида буд.
«Таъмини пурраи мактабҳои таҳсилоти миёна ва муассисаҳои томактабӣ бо оби тозаи ошомиданӣ, риояи вазъи санитарӣ ва беҳдошт бисёр муҳим аст. Вазорати маориф дар ин самт корҳои назаррас анҷом медиҳад ва бо шарикони рушд, аз ҷумла Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) ҳамкории зич ба роҳ мондааст. Имрӯз масъалаи норасоии оби тозаи ошомиданӣ тамоми ҷаҳонро ба ташвиш овардааст. Дар саросари ҷаҳон ҳар рӯз аз норасоии оби тозаи ошомиданӣ 700 нафар кӯдакон мефавтанд, ки ин бисёр риққатовар аст ва ҳеҷ касро бетараф гузошта наметавонад. Кӯдакон бо расмҳои тасвирнамудаи худ мехоҳанд изҳор намоянд, ки дар масъалаи ҳалли мушкили норасоии об саҳми худро метавонанд гузоранд ва бо калонсолон якҷо бошанд»,-зикр кард Латофат Назирӣ.
Намояндаи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон Лучиано Калестини аз ташаббусҳои Сарвари давлати тоҷикон дар самти ҳалли мушкили норасоии оби тоза ситоиш намуда, ҷалби таваҷҷуҳи кӯдакон ба мушкили норасоии обро муҳим номид. Ӯ гуфт: «Парчаме, ки имрӯз мехоҳем онро расман тақдим намоем, аз ҷониби кӯдаку навраси тоҷик омода гардидааст, ки ба ҳар яки онҳо миннатдорӣ баён менамоям. Мақсади асосии мо ошкор кардани тасаввурот ва андешаи кӯдакон оид ба мушкили об аст. Мехоҳам ин парчамро тамоми ҷаҳон бинанд ва донанд, ки ба он дар Тоҷикистон асос гузошта шудааст. Мо бояд тасаввуроти зебову беолоиши кӯдаконро амалӣ гардонем».
Зикр кардан ба маврид аст, ки Парчами рамзӣ, ки аз расмҳои тасвирнамудаи кӯдакон омода шудааст, бо иштироки ҳудуди якуним ҳазор кӯдаку навраси тоҷик аз 68 ноҳияи Тоҷикистон омода шудааст. Масъули соҳаи маорифи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон Парвиз Бобоев мегӯяд, ки ин расмҳо дар коғазҳои махсус кашида шудаанд.
«Ҳангоми омода намудани ин парчам мо кӯшиш намудем кӯдакони гирифтори бемории аутизм низ ҷалб шаванд. Бо кумаки ташкилоти «Ирода», ки кӯдакони гирифтори бемории аутизмро ба ҳам овардааст, ба ин мақсад расидем ва онҳо низ дар тасвири ин расмҳо саҳми худро гузоштанд»,-гуфт П.Бобоев.
Бояд гуфт, ки дар ин намоиш кӯдакону наврасоне, ки парчамро омода карда буданд, низ ҳузур доштанд. Яке аз онҳо Шабнам Турсунмадова, хонандаи синфи 10-и мактаби миёнаи рақами 1-и пойтахт мебошад. Ӯ расми наҳангеро тасвир намудааст, ки даруни чароғи пур аз об шино мекунад.
«Расме, ки ман бо дӯстам тасвир намудем, дар назари аввал сода менамояд, аммо он маънии амиқ дорад. Ба ҳамаи мо маълум аст, ки имрӯз наҳангҳо дар садади маҳвшавӣ қарор доранд. Об муҳимтарин омили ҳастии сайёра ба шумор меравад ва роҳи ягонаи наҷоти наҳангҳо ба ҳалли проблемаи об сахт вобастагӣ дорад. Мо бо ин расмамон мехоҳем гӯем, ки об – ин сарвати бебаҳои табииро покиза нигоҳ дорем, то ки ҳаёт дар сайёра идома ёбад»,-иброз намуд Шабнам Турсунмадова.
Ҳарчанд расмҳо маҳсули эҷоди кӯдакону наврасон аст, аммо ба андешаи рассомони моҳир, он дар сатҳи хеле баланд ва бо риояи бисёр нозукиҳои санъати рассомӣ тасвир ёфтаанд.
Сардори шуъбаи тармим ва консерватсияи Осорхонаи миллии Тоҷикистон Муҳиддин Абдуқодиров, ки парчами рамзӣ – расмҳои дар он тасвирёфтаро тамошо дошт, мегӯяд, ки кӯдакону наврасон тахайюлоти бою рангин доранд ва ба ҳар масъала, аз ҷумла мушкили норасоии оби тоза низ ба таври хос назар мекунанд. Ба андешаи ин рассом, дар ин расмҳо аз рангҳо хеле хуб истифода шудааст ва бисёр хушҳолкунанда аст, ки кӯдакони тоҷик ин гуна расмҳоро тасвир намудаанд.
«Проблемаи об воқеан такондиҳанда аст ва кӯдакон инро амиқ дарк кардаанд. Акнун, ин мавзӯъ ва проблемаи вобаста ба он як умр дар хотири кӯдакон мемонад. Муҳимтар аз ҳама, ҳар чизе, ки онҳо тасвир намудаанд, аз самими қалб ва табиӣ аст. Онҳо дунёи беолоишу рангини худро доранд, дар доираи он ҳар мушкилро мебинанду роҳи ҳаллашро муайян мекунанд ва онро дар расмҳои худ инъикос менамоянд».
Масъулони намоиш зикр намуданд, ки аксҳои тасвирнамудаи кӯдакону наврасони тоҷикро ният доранд ба тамоми ҷаҳон намоиш диҳанд. Дар ҳар чорабиние, ки бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» доир мегардад, ин расмҳо ба намоиш гузошта мешаванд.
Ҷасур АБДУЛЛО,
АМИТ «Ховар»