Дар Душанбе ҷаласаи ҳаштуми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Туркманистон оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 25.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Душанбе ҷаласаи ҳаштуми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Туркманистон оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию техникӣ ба кори худ шурӯъ кард.
Тавре аз маркази матбуоти Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода роҳбарӣ намуда, аз Туркманистон гурӯҳи калони коршиносон бо роҳбарии вазири молия ва иқтисоди Туркманистон Батир Базаров ташриф овардаанд.
Дар ҷаласа намояндагони салоҳиятдори соҳаҳои мухталифи ҳар ду давлат дар бораи вазъи иқтисодии кишварҳои худ ва ислоҳоти дар доираи Ҳадафҳои рушди устувор амалишаванда, иҷрои санадҳои дуҷониба, бандҳои дахлдори Барномаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон барои солҳои 2014-2016 маълумот манзур намуданд.
Ҳамчунин рафти иҷрои муқаррароти Протоколи ҷаласаи ҳафтуми Комиссия маълумоти муфассал пешниҳод намуда, тибқи рӯзномаи ҷаласа самтҳои мухталифи ҳамкории минбаъдаи мутақобилан судмандро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Тавсия дода шуд, ки тарафҳо корҳоро ҷиҳати тақвият бахшидани ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, фарҳангию гуманитарӣ, илму маориф, энергетика, нақлиёту коммуникатсия, мубодилаи иттилоот оид ба лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва тиҷоратии имконпазир ҷоннок намуда, вобаста ба сари вақт ва дар сатҳи зарурию пурра амалӣ намудани бандҳои Протоколи ҷаласаи ҳаштум тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Ҷаласаи мазкур ду рӯз идома карда, дар назар аст, ки пагоҳ аз натиҷаи кори он Протоколи ҷаласаи ҳаштуми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Туркманистон оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию техникӣ ба имзо расонида шавад.










Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд






